Хисороти ҷонию молии офати табиӣ

№37 (3183) 15.04.2014

Нисфирӯзии 12 апрел бо ҳамкасби худ Ш.Абдулҳамидов аз ҳафтаномаи  «Омӯзгор» шоҳиди воқеии авзои он рӯзи даҳшатбору марговар будем. Дидем, ки  абрҳои ғафсу сиёҳи боронӣ аз қисмати шарқӣ-ҷанубии кӯҳи Хоҷамуъмин, дурусттараш мавзеи Чӯбеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, наъразанон боло шуда, дар як замон рӯйи мавзеъҳои Қарағоч, Чордара ва самти  деҳоти «Саричашма»-и ноҳияи Шӯроободро батамом пӯшониданд ва бо шиддати ғайримуқаррарӣ борони сахту рехтани жола шурӯъ гардид. Баъди андаке паст шудани шиддати борону жола дидем, ки дашту теппаҳои ин мавзеъҳо мисли барф ҳама дар муддати кӯтоҳ яклухт жолапӯш шудаанд.

Ин дам, чун шоҳиди ҳол ба қудрати табиат, ангушти ҳайрат газида, то нисфирӯзии рӯзи дигар ба он дашту теппаҳои жолапӯш такрор ба такрор назари тааҷҷуб андӯхта, аз хисороти он андеша мекардам.

Субҳи барвақт маълум шуд, ки ин ҳодисаи даҳшатбори табиӣ ба сари сокинони ин мавзеъҳо зарари калони ҷонию молӣ овардааст. Бар асари он дар деҳаи Одинабойи деҳоти «Саричашма»-и ноҳияи Шӯрообод, бо иллати  фаромадани ярч, аз ду хонавода 13 нафар ва деҳоти «Тугарак»-и ноҳияи Восеъ як нафар ҷони худро бохтаанд. Аз ин офати табиӣ бештар сокинони деҳаҳои Тугарак, Камолободи деҳоти «Тугарак»-и ноҳияи Восеъ, киштзорҳову моли сокинони деҳоти «Зарбдор»-и шаҳри Кӯлоб, деҳаҳои дар мавзеи офатқарордоштаи ноҳияи Муъминобод ва деҳоти «Чӯбек»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зарари калони ҷиддӣ дидаанд.

Сел кӯпруки дар қисмати рости шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб қарордоштаро аз сангу шағал ва ҷисмҳои кӯҳӣ пур карда, тағйири маҷро кардааст. Аз тағйири самти сел муассисаҳои таълимии рақамҳои 60 ва 11, 250 хона дар деҳаи Тугарак ва Камолободи деҳоти дар боло зикрёфтаи ноҳияи Восеъ ва 30 хона дар деҳаи Панҷосиёби деҳоти «Зарбдор»-и шаҳри Кӯлоб аз лойқа пур шуда, қисмати зиёди онҳо вайрону корношоям гардидаанд. Дар деҳоти «Зарбдор» 160 сар моли калону майдаи сокинон талаф ёфта, боғу киштзор зери лойқа мондаанд. Сел як қисмати роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлобро дар ин мавзеъ шустааст ва ба қавли сардори Иттиҳодияи нақлиёти автомобилӣ ва роҳҳои минтақаи Кӯлоб Сафаралӣ Абдуллоев, аз ин ҳодиса беш аз 100 километр роҳҳои маҳаллӣ зарари ҷиддӣ дидаанд.

Дар лаҳзаҳои нахусти офат, баҳри бартараф кардани оқибатҳои нохуши он, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои зарардида ва вилояти Хатлон вобаста ба имконот тадбиру чораҳои фаврӣ андешида шуданд.

Баҳри кумаку дастгирии зарардидагон низомиёну ҳамсоядеҳаҳо низ сафарбар гардиданд. Бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон аз мавзеъҳои зарардида дидан намуд. Баҳри бартараф кардан ва муайян сохтани ҳаҷми зарари молии ин офати марговари табиӣ комиссия ва ситоди корӣ таъсис ёфта, фаъолият мебарад.

Т.ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»