Дар шаҳри Қӯрғонтеппа иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати чорум барпо гардид. Дар иҷлосия масъалаҳо вобаста ба вазъи варзиш ва тандурустӣ дар вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз рӯйи масъалаи якум раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва аз рӯйи масъалаи дуюм сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шералӣ Бузмаков ибрози андеша намуданд. Якчанд масъалаҳои дигари ҳаётан муҳими вилоят низ дар иҷлосияи навбатии вакилон мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифтанд. Аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Д. СУЛТОНОВ, «Садои мардум»