КӮЛОБ. ( Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон тадбиру чорабиниҳои идона ба муносибати таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз идома дорад. Намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо ба наврӯзгоҳҳо ташриф оварда, даъват ба амалҳои бунёдкорию созандагӣ намуданд. Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Данғара, Фархор ва шаҳри Кӯлоб хеле пуршукӯҳу хотирмон баргузор гардид.
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон