Ба истиқболи 80- солагии рӯзномаи «Хатлон»

Инъикосгари воқеии ҳаёти ҷомеа

№106 (3091) 24.08.2013

Вилояти собиқи Қӯрғонтеппа соли 1977 ташкил ёфт, аммо таъсиси рӯзномаи вилоятӣ ба таъхир афтод. Тамоми чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ дар рӯзномаи дузабонаи шаҳрии «Коммунисти Қӯрғонтеппа» ба  нашр  мерасид. Танҳо охири соли 1978 масъалаи ташкили рӯзномаи вилоятӣ ба миён омад. Қарор шуд, ки рӯзномаи шаҳрии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа»-ро  мебанданд ва ҳайати эҷодии он пурра ба рӯзномаи вилоятии навтаъсис ба кор мегузаранд.

Ҳамин тавр, роҳбарият, ҳайати эҷодии ду рӯзномаи вилоятӣ- «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ва «Курган-тюбинская правда» ташкил ёфт. Мутобиқи талаботи ҳамон давр, аввалан дар бюро ва баъдан дар пленуми Кумитаи ҳизби коммунисти вилоят муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» (Муқим Абдураҳмонов), муовини муҳаррир (Солеҳ Қаҳҳоров), котиби масъул (Аъзам Мӯсоев) ва мудирони шуъбаҳо тасдиқ шуданд.

Рӯзномаи вилоятӣ дар ҳаҷми рӯзномаи «Правда» (Ф-А2) чор саҳифагӣ (як саҳифаи он бо забони ӯзбекӣ) бояд  чоп гардад. Ин ҳаҷм низ расман тасдиқ шуд. Рӯзномаи вилоятиро дар матбааи шаҳри Қӯрғонтеппа имкони чоп намудан набуд.  Дастгоҳҳои  чопии он танҳо барои рӯзномаҳои шаҳриву ноҳиявӣ мутобиқ буданд.

Шумораи нахустин ва идонаи рӯзномаро давоми моҳи декабр таҳия намудем. Қарор шуд, ки тамоми маводи рӯзнома дар матбааи шаҳрӣ омода гашта, баъдан дар Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе чоп шавад. Шумораи аввалини рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа»-ро дар матбааи вилоятӣ матритса (қолаб) намудем. Баъдан  муҳаррири рӯзнома Муқим Абдураҳмонов, муаллифи ин сатрҳо ва ронандаи идораи рӯзнома Зуҳриддин (рӯҳаш шод бод) ба шаҳри Душанбе роҳсипор гаштем.   Ними шаб ба Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе (воқеъ дар  километри 7-ум) расидем.

Матритсаҳо, ки хеле вазнин буд, кормандон ба дастгоҳи  чопкунӣ насб карданд. Барои озмоиши шумораи аввал чандин метр коғаз сарф шуд, зеро  гоҳ ранг аз ҳад зиёд буду гоҳ кам мегашт ва сифати рӯзнома коҳиш меёфт. Ҳамаи ин корҳо вақтро  мегирифт. Ниҳоят, наздики субҳ нахустин рӯзномаи  «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа»- органи комитети вилоятии ПК Тоҷикистон ва Совети депутатҳои халқи вилояти Қӯрғонтеппа чоп шуд.

Давоми шаб мо дар назди дастгоҳи чопӣ будем ва якҷоя бо  кормандон назорат мебурдем, ки рӯзнома босифат чоп шавад. Рӯзномаи нави «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» дар муҳлати муқарраршуда ва дигар  нашрияҳои марказӣ бо мошини Вазорати алоқа ба  муштариён  фиристода шуд. Дар саҳифаи  чоруми рӯзнома тарзи чопро мо чунин нишон додем: «Газета аз  матритсаи матбааи вилоятии Қӯрғонтеппа дар ҳаҷми 4 саҳифаи Ф-А2 бо тиражи 27.765 нусха дар Комбинати  полиграфии шаҳри Душанбе чоп шуд».

Ҳамин тавр, бештар аз ду моҳ рӯзнома дар шаҳри Душанбе чоп мешуд ва кормандони эҷодии рӯзнома бо навбат дар ҳар нашри он иштирок  мекарданд.

Муҳтавои шумораи аввали рӯзномаро барои хонанда каме шарҳ додан мехоҳам. Дар саҳифаи якуми рӯзнома чунин ёддошт шудааст: «№1 (254) душанбе, 1 январи соли 1979» Чаро дар қавсайн рақами 254 омадааст? Ба ин ҳайати таҳририяи рӯзнома дар муроҷиати худ ба хонандагонаш рушанӣ  андохтаанд. Дар вилоят ҳанӯз якуми майи соли 1944 газета бо номи «Пахтакори сурх» ташкил шуда, то 10 феврали соли 1947- ум 253 шумора нашр гардида буд.

Дар ин саҳифа баромади котиби якуми  комитети партиявии вилояти Қӯрғонтеппа Ғоибназар Паллаев доир ба ҷамъбасти соли 1978 ва вазифаҳо барои соли 1979 бо номи «Дар самти асосӣ» чоп шудааст. Кормандони рӯзномаро ҳайати  таҳририяи газетаи «Тоҷикистони советӣ», Лауреати мукофоти давлатии СССР, Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар низ дар шумораи идона табрик намудаанд. Дар табрикоташ Мирсаид Миршакар аз ҷумла нигоштааст, ки азхудкунии заминҳои водии Вахш ба корнамоиҳои панҷсолаҳои аввал тааллуқ дорад.

Ман яке аз  иштирокчиёни он будам. Газета оинаи ҳаёт, оинаи қаҳрамониҳои халқ аст.

Мирсаид Миршакар аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» буд, ки минбаъд чандин рӯзномаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ дар заминаи он ташкил ёфта буданд. Соли 1982 дар рӯзномаи ноҳиявии «Вахш», ки 50- солагии таъсисёбии он ҷашн гирифта шуд, устод Мирсаид Миршакар аз хотироти он солҳо чунин менависад: «Маро соли 1932 ба Комитети Марказӣ даъват намуда  гуфтанд:

-Ба Вахш меравед. Он ҷо ба газетаи «Сохтмони  зарбдори Вахш» муҳаррир мешавед.

-Ҳоло ман ҷавон,- гуфтам.

-Республика ҷавон аст. Сохтмон ҳам. Баробари онҳо қадам мезанед ва камол меёбед,- гуфтанд ба ман. Одамони фидокор ва диловар дар сохтмон бисёр буданд.

Муҳаррири аввалини газетаи «Сохтмони  зарбдори Вахш» Насрулло Абдуллоев ба хондан рафту ман ба ҷойи вай гузаштам.

Кор дар идораи газета чандон осон набуд. Махсусан чоп намудани шумораи тоҷикии «Зарбдори сохтмони «Вахш» меҳнати зиёдро талаб мекард. Мо се нафар ҳама кори тайёр ва чоп намудани газетаро иҷро  мекардем. Бригада ба бригада гашта, барои газета мақола ҷамъ  меовардем. Гоҳо газетаро ба воситаи радио хонда медодем.

Воқеан ҳам тавре устод Мирсаид Миршакар ёдовар шуданд, кор дар рӯзнома чунин  мушкилиҳо дорад ва онро танҳо  онҳое медонанд, ки ба ин соҳа шинос ҳастанд. Рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», ки эҳёи дубораи он ба уҳдаи мо гузошта шуда буд, дар ибтидо чандон осон ба дасти хонандаи худ намерасид. Дар аввал қувваи зиёд ҳам надоштем, бар замми ин рӯзнома дар шаҳри Душанбе чоп мешуд. Баъзан лозим меомад, ки  шаби дароз дар Душанбе рӯзномаро чоп намуда,  субҳгоҳон дар идора шуда, шумораи навбатиро омода мекардем. Ҳамчун котиби масъул тамоми душвории кори идораро  ба хубӣ дарк мекардам. Аммо боре нашунидам, ки нафаре аз мушкилӣ шикоят ё аз иҷрои  супориш сарпечӣ карда бошад. Ҳама бо дили гарм, дӯстона кор мекардем.

Ҳамин тариқ, сафи ҳайати эҷодии рӯзнома аз ҳисоби рӯзноманигорони собиқадору ҷавон пурра  мегашт.

Муҳаррири рӯзнома Муқим Абдураҳмонов, ки худ на танҳо рӯзноманигор, балки нависандаи бомаҳорат  низ дониста мешавад, тавонист беҳтарин қаламкашонро гирди ҳам орад. Ӯ дар кор хеле ҷиддӣ ва сахтгир буд. Аз ин сабаб на ҳар гуна маводи сусту сатҳӣ омодашуда рӯйи чопро медид. Бо вуҷуди сахтгир будан, қадри рӯзноманигорони боистеъдодро медонист, эҳтиром мегузошт. Ҳар касро мувофиқи қобилият ва завқи эҷодиаш ба вазифа пешбарӣ менамуд. Бо кӯмаки роҳбарияти вилоят бисёр кормандони  эҳтиёҷманд бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин шуданд. Дар ин кор  даст-гирии муҳаррири рӯзнома Муқим Абдураҳмоновро хуб эҳсос менамудем.

Рӯзнома аз аввалин  шуморааш ва минбаъд низ масъалаҳои муҳими рӯзро ба муҳокимаи хонандагон  пешниҳод менамуд. Ёд дорам, ки масъалаҳои бардоштаи рӯзнома борҳо дар маҷлисҳои бюрои комитети ҳизбӣ ва  комиҷроияи  вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд.

Рӯзнома берун аз вилоят низ хонанда дошт. Хабарнигори боистеъдоди рӯзнома Давлатҷон Султонов мақолае бо номи «Чор тифли зебо» чоп намуд. Дар он хабар дода мешуд, ки сокини совхози ба номи Куйбишев (ҳоло хоҷагии ба номи Ф.Саидов)-и ноҳияи Бохтар дар беморхонаи вилоятӣ чор тифл таваллуд менамояд. Ин ҳолат воқеан ҳам нодир аст, ки якбора чор тифл  сиҳату саломат ба дунё оянд. Хабарнигори рӯзномаи «Правда» дар Тоҷикистон Отахони Латифӣ, ки ҳамон солҳо аллакай машҳуру маъруф буд, ба Давлатҷон Султонов занг мезанад. Баъди тасдиқи таваллуди тифлон Отахон Латифӣ аз Давлатҷон Султонов иҷозат мепурсад, ки ин маводро дар рӯзномаи «Правда» чоп кунад. Мо аҳли эҷоди рӯзнома ифтихор  доштем, ки ба маводи хабарнигорамон дар чунин сатҳ баҳо медиҳанд. Мо кӯшиш менамудем, ки бештар чунин мақолаҳои ҷолибу  хонданӣ омода  намоем.

Тавре устод Мирсаид Миршакар солҳои сиюм дар назди рӯзнома маҳфили адибони ҷавонро ташкил намуд, дар доираи адабии рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» низ эҷодкорони зиёде аз шаҳру ноҳияҳои вилоят гирд омада буданд. Маҳфили адабӣ  моҳе як маротиба доир мегашт ва эҷодиёти навқаламон муҳокима мешуданд. Шоири шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Пиримқул Сатторӣ (рӯҳаш шод бод) ба маҳфили адабӣ роҳбарӣ мекард. Эҷоди аъзои маҳфил дар саҳифаи адабии «Гулбарг»-и рӯзнома чоп мешуданд. Дар маҳфил  Зуҳуриддин Суярӣ, Саидҷамол  Зиёӣ, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Зайниддини Ҷомӣ, Сиёвуш, Убайдуллои Ширин, Саидаҳмади Зардон, Саидҷаъфар Баёзӣ, Зариф Ибод, Гулҷаҳон, Исроил Иброҳимов, Мирзо Восеъ, Алимаҳмад Муродӣ ва дигарон иштироки фаъолона доштанд. Минбаъд аксари онҳо ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул шуда, соҳиби чандин маҷмуаю китобҳо гардиданд.

Дар рӯзнома як идда журналистон буданд, ки ҷасорат ва матонату таҷрибаи бой доштанд. Худ хуб ҳам  менавиштанд ва хабарнигорони ҷавонро ба меҳнатдӯстӣ, ростқавлӣ ҳидоят мекарданд. Муовини муҳаррир Тӯра Қобилов, собиқадори  ҷангу меҳнат Аскаралӣ Набиев, мудирони шуъбаҳо Олимҷон Ёрасенов, Файзалӣ Чориев, Шарифамоҳ Кишварова, хабарнигорон  Шарофиддин Қосимов, Зикрулло Валиев, Ҳомидҷон Ҳакимов, Тоҳирҷон Асомиддинов, Сайҷамол Фахриддинов дар қайди ҳаёт нес-танд. Аммо одобу рафтор, муносибати неку хоксорона ва маҳорати касбии онҳоро ҳамкорон, наздиконашон  фаромӯш  намекунанд.

Рӯзнома ба мактаби эҷодӣ, сайқали маҳорати касбӣ табдил ёфта буд. Баъдан собиқ кормандони рӯзнома ба вазифаҳои масъули давлатӣ, нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ба кор  гузаштанд. Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Бобоҷон Абдулвоҳидов (рӯҳаш шод бод), сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми андоз» нависанда Исматулло Ибодов, хабарнигори ин рӯзнома дар вилояти Хатлон Саидҷаъфар Баёзӣ, хабарнигори махсуси рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» дар собиқ вилояти Қӯрғонтеппа Саломиддин Мирзораҳматов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон Сайдалӣ Бобохонов, кормандони ҳамин кумита Ҳусейн Маликов, Шамсиддин Муҳаммадиев, Абдусаттор Қарахонов, корманди масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдувалӣ Абдулвоҳидов, директори матбааи вилоятӣ, муҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Набзи Қӯрғонтеппа» Ғулом Соҳибов, мухбири махсуси рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Хатлон Давлатҷон Султонов, муҳаррири рӯзномаи «Ҳаёти нав»-и ноҳияи  Панҷ Мирзо  Гадоев, шоири шинохта Сафармуҳаммад Аюбзодаи Маҳзун, муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Грез Қосимов, номзади илмҳои иқтисодӣ Ғафурҷон Расулов ва бисёр дигарон дар ин рӯзнома фаъолият доштанд. Нависанда ва  рӯзноманигори маъруф Бахтиёр Муртазоев муддате ин ҷо кор кардааст.

Баъди якҷоя шудани вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа рӯзнома аввал номи «Ҳақиқати Хатлон», сипас «Хатлон»-ро гирифт.

Рӯзнома тӯли солҳои зиёд тағйири ном карда бошад ҳам, рисолати худро ҳамоно  ба ҷо меоварад. Он инъикосгари  воқеии  ҳаёти ҷомеа, ҳидоятгари ахлоқи нек, рафтору пиндори нек,  ҳомӣ ва баёнгари  дастовардҳои давлати соҳибистиқлоламон буду хоҳад монд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»