«Қиссаҳои ҷангӣ»-и ҷиликӯлиҳо

№68 (3369) 15.05.2015

Бахшида ба 70-солагии Ғалаба бар Германияи фашистӣ тавассути нашриёти «Ирфон» китоби «Қиссаҳои ҷангӣ» рӯи чоп омад. Он аз қаҳрамонӣ, фидокорӣ, далериву шуҷоати фарзандони ноҳияи Ҷиликӯл, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945 барои ҳимояи хоку марзи муқаддаси Ватан сина сипар кардаанд, ҳикоят мекунад.

Китоби мазкур аз силсилаи очеркҳо иборат буда, қаҳрамонони асосии он фарзандони барӯманди ин ноҳия-иштирокчиёни муҳорибаҳои хунини солҳои 1941-1945 Бегинҷ Муродов, Халил Латифов, Мурод Эгамбердиев, Ҳурматулло Неъматов, Саид Муқимов, Абдураҳмон Тошматов, Ҳайдар Алимардонов ва Сафарбек Юсуфов мебошанд. Мутаассифона, ду тан аз ҷавонмардони ғаюр-Бегинҷ Муродов ва Халил Латифов дар арафаи таҷлили ҷашни 70-солагии Ғалаба бар Германияи фашистӣ аз ҳаёт даргузаштанд. Нафарони боқимонда дар чорабиниҳои таҷлили ин иди бузург ба қадри зӯру тавон иштирок намуданд. Муаллифони китоби «Қиссаҳои ҷангӣ» нависандаи хушсалиқа, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Ҷиликӯл» Сайдаҳмади Ҳасан ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Бобо Нуралӣ мебошанд. Китоб бо дастгирӣ ва пешгуфтори раиси ноҳияи Ҷиликӯл Хӯҷамурод Фазлиддин рӯи чоп омадааст.

Бояд зикр кард, ки қаблан низ аз корнамоиҳои меҳтарони ҷангу меҳнат, фарзандони далеру шуҷои ин ноҳия китобҳо ба нашр расида буданд. Аз ҷумла соли 2005 китоби Сайдаҳмади Ҳасан — «Ҷиликӯли бостонӣ», соли 2010 китоби «60 баҳори Зафар» (муаллифон Мирзо Фирӯз ва Бобо Нуралӣ), ҳамчунин ҳамон сол китоби «Ҷанговарони ҷасур» (муаллифон Сайдаҳмади Ҳасан ва Давлати Халил) пешкаши хонандагон гардидаанд.

 Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»