АБДУРАҲМОНИ ҶОМӣ. ( Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Баробари сохтмону таъмири мактабҳо, дар ноҳия ба бунёди муассисаҳои томактабӣ диққати зарурӣ дода мешавад. Яке аз чунин муассисаҳо бо кӯмаку дастгирии Масҷиди ҷомеи «Бадри Мунир» бунёд мегардад.
-Намозгузорони масҷиди мо,- мегӯяд сархатиби он Фатҳулло Юсуфов, — ҷавобан ба даъвати Сарвари давлат оид ба бунёди муассисаҳои томактабӣ ба ин иқдоми наҷиб даст задаанд. Онҳо мехоҳанд бо ин восита дар таълиму тарбияи кӯдакон, ки ояндаи ҷомеаи мо ҳастанд, саҳм гузоранд. Кӯдакистони нав рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегирад.