КӮЛОБ. ( Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ ) Дар хоҷагиҳои деҳоти «Кӯлоб» кишти пунбадона оғоз гардид. Айни ҳол заҳматкашони деҳоти «Кӯлоб», ки нисбат ба минтақаҳои Зиракӣ ва Даҳана иқлими гармтар доранд, ба кишти ин ашёи стратегӣ оғоз карданд. Мутобиқи дурнамо дар деҳоти «Кӯлоб» дар майдони 4000 гектар замин пахта кишт карда мешавад. Мирзоалӣ Ҳакимов сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Кӯлоб чунин мегӯяд: -Имсол дар Кӯлоб навъҳои пунбадонаи «Ирам», «Бухоро-6», «Сомон», «65-30» — ро, ки ба иқлими маҳал мутобиқ мебошанд, кишт карданием. Рӯзҳои наздик кишоварзони деҳоти дигар низ ба кишти пунбадона шуруъ мекунанд.
Ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.
Эмомалӣ Раҳмон