ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Пиллапарварони вилояти Хатлон ба ҷойи 597,5 тоннаи нақша беш аз 600 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол намуда, аз иҷрои дурнамои солонаи истеҳсоли пилла сарбаландона мужда расониданд. Онҳо соли равон 14 ҳазору 103 қуттӣ кирмак парвариш карданд. Пиллапарварони ноҳияи Қубодиён дар вилоят аввалин шуда, аз иҷрои дурнамои солона баромада буданд. Баъзе пиллапарварони пешқадам аз ҳар як қуттӣ то 70 кило абрешими хом ба даст оварданд. Дар вилоят аз миқдори умумии кирмаки парваришнамуда 48 фоизашро навъи хитойӣ ташкил намуд. Парвариши ин навъ имкон дод, ки як қатор кирмакпарварони ноҳияҳои иқлимашон гарми вилоят баробари ҳосили хуб гирифтан, дар 29 рӯзи нигоҳубин ба нуқтаҳои пиллақабулкунӣ ҳосили дастранҷи худро пешкаш намоянд.
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон