Корҳои хайри ҳоҷӣ Қутбиддин беҳамтост

№47 (3032) 16.04.2013

МУЪМИНОБОД. ( Юсуф МИРАКОВ) Бо ибтикори марди хайрхоҳ, бобои ҳоҷӣ Қутбиддин дар деҳаи Синҷии деҳоти «Чилдухтарон» — и ноҳияи Муъминобод сохтмони пули дарозиаш 136- метра анҷом ёфт. Дар ин кори хайр бародарони ҳоҷибобо Асомиддин, Салоҳиддин, Шарофиддин ва дигар ҳамдеҳагон саҳм гузоштанд.

Бо ҳиммати ҳоҷибобо ҳамчунин аз масофаи се километр ба деҳаи Синҷӣ ду хати қубури обгузар оварда шуда, масҷиди деҳа бино ёфтааст. Аз мадди назари ин марди саховатпеша мактабу маориф низ дур нест.