МУЪМИНОБОД. ( Рустам САФАРОВ) Дар соҳили Сангобчаи назди бозори ноҳия як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз соли 1995 инҷониб бо номи «Хӯҷавалӣ» фаъолият дорад. Вазифаи ин корхона таъмини сӯзишворӣ ва равғанҳои молидании хушсифат мебошад. Бино ба гуфтаи сарвари он Қурбоналӣ Амзаев, хавфи сели баҳорӣ на танҳо корхонаи мазкур, балки боз чандин корхонаҳои оҳангарӣ, мағозаҳоро таҳдид мекард. Ғайр аз ин, дар тарафи дигари соҳил ҳаёти сокинони 35- 40 хоҷагӣ зери хатар буд. Бинобар ин, Қурбоналӣ Амзаев бо аҳли хонаводааш бо маблағи худӣ беш аз 150 метр соҳилро бо баландии 2,5 метр оҳану бетонпӯш карда, хатари шуста бурдани соҳилро бартараф намуд. Ҳамзамон зиёда аз як километр роҳро, ки аз замони шӯравӣ инҷониб рӯйи таъмирро надида буд, бо техникаи худӣ регу шағал кашонида, тахту ҳамвор гардонид.
Фаъолияти иттилоотии мо ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ бояд бамаротиб беҳтар карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон