ВОСЕЪ.(Темуршоҳи ФАЙЗАЛӣ, «Садои мардум») Дар ширкати хусусии «Самар», дар ҳамкорӣ бо мутахассисони чинӣ, корхонаи истеҳсоли коғаз ба фаъолият шуруъ намуд. Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал зимни ифтитоҳи корхона дар назди ҳозирин ба сухан баромада, гуфт, ки шодравон Самариддин Фазлиддинов шахси бунёдкору созанда буд. Дар давоми ҳаёти на чандон тӯлониаш ӯ дар дохили ширкат корхонаҳои зиёде бунёд намуд, ки корхонаи истеҳсоли коғаз аз ҷумлаи онҳост. Корхона имкони истеҳсоли коғазҳои мансуби типографию саноатӣ дорад. Маҳсулоти хоми корхонаро коғазпораҳо, ғӯзапоя, хасу хошок, қамиш, коҳи гандуму ҷав ва шолӣ ташкил менамояд, ки барои дастрасӣ ба он имкони хуб фароҳам аст. Корхона дар се баст фаъолият намуда, аз 50 то 60 нафар коргарон кор мекунанд.
Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон