Кумак ба собиқадорон

№46 (3192) 08.05.2014

Ба муносибати ҷашни 69- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кумаки яквақта ба маблағи ҳазор сомонӣ ба сокинони деҳоти «50-солагии Тоҷикистон»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Ғаффор Хоҷаев ва Мумин Ҳомидов расонида шуд.

Ҳоло дар ноҳия 11 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаётанд. Ба онҳо ҳамчунин аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия низ ба шарафи Рӯзи Ғалаба кумаки яквақта расид.

Чорабиниҳои гуногуни тарбиявию ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ки ба истиқболи Рӯзи Ғалаба дар ташкилоту муассисаҳо ва байни ҷавонон  гузаронида шуданд, самараи дилхоҳ медиҳанд. Яке аз чунин чорабиниҳои хотирмон, ки дар қисми ҳарбии ҳудуди ноҳия гузаронида шуд, вохӯрии се насл-иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ,  ветеранҳои ҷанги Афғонистон ва толибилмони мактабҳо буд.

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»