Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо ҷавонон (23 майи соли 2013) чунин иброз доштанд: «Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд, итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем».
Ин суханони Сарвари давлат барои мо- ҷавонон ҳукми қонун дорад ва мо онро ҳамчун шиори зиндагӣ барои омода гардидан ба дӯст доштани Ватану ҳифзи он, ба қадри сулҳу озодӣ, осудагиву тинҷиву амонӣ расидан, донистани он ки шаъну шарафи ватандориву давлатдорӣ азизу муқаддас асту ба ҷон баробар ва ҳатто аз ҷон ҳам боарзиштар ва соҳибмаърифат гардидан истифода мекунем. Мо бояд маърифати ҳуқуқӣ дошта бошем. Маънои маърифат, илму дониш, шинохтан, донистан, биниш, тамиз, фаҳм, шиносоӣ, ошноӣ ва ҷаҳоншиносӣ аст. Маърифати ҳуқуқӣ бошад, соҳиби донишу фаҳм будан маҳсуб меёбад. Яъне, мо бояд аз қонун ва ҳуқуқ бохабар бошем. Ба ин восита аз ҳуқуқҳои худ, умуман аз ҳуқуқҳои инсон, қадри имкон огоҳӣ ҳосил кунем. Боз ҳам беҳтар мешуд, агар аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир то ба охирин санадҳои меъёрии ҳуқуқии башарию ватанӣ ошноӣ медоштем, зеро давлати мо мувофиқи моддаи 1-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд номида шудааст.
Хушбахтона, имрӯз дар мамлакати мо қонунҳо пурра амал мекунанд ва ҳуқуқи инсон риоя мешавад. Осоиштагии мардум ба воситаи ин қонунҳо ва мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ таъмин мегардад.
Дар аввалин солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар натиҷаи ҳодисаҳои ба ҳама маълум сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ҷомеаи мо паст гардид, низому тартиб муддате вайрон гардид. Мардуми зиёде гурезаву бехонаву дар монда, наврасони синни мактабӣ аз мактаб берун монданд, ки ҳамаи ин ба паст шудани фаҳму дониши шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ оварда расонид. Надоштани фаҳмишҳои аввалин дар бораи ҳуқуқ бошад, оқибат ба ҷинояту ҷинояткорӣ оварда мерасонад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои аввали баъди он ин гуна қонунвайронкуниҳо тез-тез рӯй медод. Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ, ки натиҷааш паҳну парешонии миллати тоҷик гардид, маърифати ҳуқуқии мардумро хеле поин фуровард. Мо- ҷавонон аз навиштаҳо, аз таърихнигораҳо мехонему аз насли калон мешунавем, ки одамон якдигарро роҳ ба роҳ таҳқир мекарданду озор медоданд. Аз даҳони баъзеҳо ҳақорату дашном мерехт. Он солҳо мо ду- се сола будем, вале аз гуфтаву шунидаҳоямон даҳшати онро ҳис мекунем.
Сарвари мамлакатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки адолат дар ӯ азалӣ будааст, баробари ба сари давлат омаданаш бо талошу бедорхобиҳо, бо намунаи баланди ҷавонмардиву қаҳрамонӣ барои ба ҳам овардани сарзамини пора-пора ва тоҷики паҳну парешон тамоми неруи худ, балки умри ҷавонии худро сарф намуд. Мӯйи сарашро сафед кард. Баъд аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ аввалин қадаме, ки барои сарҷамъ кардани тоҷикон асос ва таҳпояи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакатамон гардид, ин қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдати халқ ва тартибу низомро дар давлат таъмин намуд ва ин низому тартиб имконият дод, ки роҳи Тоҷикистон сӯйи пешравӣ муайян гардад. Давлати Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти кишвар кафили тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон гардиданд, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути санад-ҳои эътирофшудаи ҳуқуқӣ қабул карда шуданд.
Тоҷикон ба адолату адолатхоҳӣ ва додварзиву инсофи таърихии худ баргашта расиданд. Дар Тоҷикистон дӯстӣ байни ҳама халқиятҳо таъмин гардида, ризоияти гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ ба миён омад. Тоҷикистони мо имрӯз рӯ ба тараққӣ ниҳодааст ва чашми некбин инро дида метавонад.
Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон, ҳадафи дуюми мо маҳсуб мешавад. (Аз Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – соли 2013).
Оре, дар сафи пешқадамон ҷо гирифтани Тоҷикистони азизамон ба сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, вобастагии калон дорад. Барои пурра ба камол расидани насли ҷавон ҳукуматамон бо шарофати Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ шароити муносиб муҳайё сохтааст. Мо -ҷавонон бояд аз ин шароит истифода карданро ёд гирем, ба қадри ин шароитҳо бирасем.
Одамро, инсонро эҳтиром кардан маърифат аст. Ба ҳаёту номуси одам дахл накардан маърифати ҳуқуқӣ аст. Ба ҳифзу ҳимояи ҳар пораи хоки Ватан омода будан аз маърифати ҳуқуқӣ доштани мо гувоҳӣ медиҳад. Ҳар инсон шаъну шараф дорад. Муносибати дуруст кардан бо атрофиён, эътироф кардани нақши онҳо ин маърифати ҳуқуқӣ, донишу фаҳмиши ҳуқуқӣ мебошад, ки сарчашмаи ин ҳама Сарқонун аст.
Гуногунандешӣ дар ҷомеаи мо камол меёбад ва ҳар шахси соҳибмаърифат инро дарк мекунад. Озодии виҷдон дар мамлакат эҳтиром карда мешавад. Мо борҳо дидем, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама мулоқоту вохӯриҳояш фикри ҷолибу пешқадамро, сарфи назар аз он, ки ин фикрро хонандаи мактаб пешниҳод кардааст ё олиму нависанда, зан ё мард, пир ё ҷавон, мулло ё муаллим қабул кардаанд ва барои таъмини иҷрои он ба мутасаддиён дастуру супоришҳо дода, дар амал татбиқ кардани онро қотеъона талаб кардаанд.
Аз ин рӯ, мо -ҷавонон, ки ояндаи мамлакату давлатамон ҳастем, бояд қонунҳои кишвари худро донему эҳтиром намоем. Донистани қонун ва ҳуқуқ касро ба ҳадаф боз ҳам наздик мегардонад, зеро қонун ҳуқуқу озодиҳои инсон ва худи ӯро арзиши олӣ эътироф кардааст. Донистани қонун барои беҳтару хубтар зиндагӣ кардан мусоидат намуда, раванди зиндагиро муайян месозад ва онро ба танзим меоварад. Бояд донем ва ба ҳамасрони худ фаҳмонида тавонем, ки давлат манфиатҳои ҳуқуқии шаҳрвандонро оид ба манзил, меҳнат, истироҳат, таҳсил, моликият ҳифз менамояд. Албатта, аксарияти ҷавонон инро медонанд. Бо вуҷуди ин маърифати ҳуқуқии мо ҳоло ҳам тақвияту такмил мехоҳад. Ҷавонон аз надонистани қонунҳо, ки ин муҳлати ҷазоро кам намекунад, ҷиноят содир мекунанд. Ба интиқолу истифодаи маводи мухаддир сарукор гирифта, ҳаёти худ, оила ва ҷомеаро доғдор мегардонанд. Инро мо аз воситаҳои ахбори омма мехонем, аз садову симо мешунавем ва мебинем. Чеҳраҳои ғамолуди ни-шастагони мурофиаи толорҳои судӣ ва сари хами мурофиашаванда, ашкҳои бари рӯйи хоҳарону модарон, шонаҳои аз бори меҳнат хамзадаи падарон бояд барои мо -ҷавонон сабақ гардад.
Бояд донист, ки озодӣ беҳтарин неъмат аст. Ҷавонмард кор кунад, меҳнат кунад, ба воситаи меҳнати ҳалол рӯзии фарзандонашро муҳайё гардонад. Меҳнати ҳалол ҳеҷ гоҳ барбод намеравад. Бибиям мегӯяд, ки ҳалолӣ куҳ барин, ҳаромӣ мӯй барин. Яъне, чизи аз меҳнати ҳалол бадастоварда, пойдору бардавом ҳасту чизи аз ҳаром бадастомада мӯй барин борик буда, оқибат надорад.
Аз тарафи ҷавонон қонунвайронкунӣ ба мушоҳида мерасад. Дар бисёр ҳолатҳо талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» вайрон карда мешаванд. Ноболиғон ба шавҳар мебароянд, баъд аз таваллуд аз сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ фарзандонашонро намегузаронанд, дар маъракаҳои чилу сари сол ду хӯрок медиҳанд. Ин гуфтаҳоро суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бори дигар тасдиқ мекунад. Ноболиғон ба масҷид мераванд, бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба таълими динӣ машғул мешаванд, худкушӣ мекунанд, 17 нафар ҷавонони хуҷандӣ дар хориҷи кишвар ба таълими динӣ машғуланд,- зикр намуд Сарвари давлат. Дар идомаи суханрониаш таъкид намуд, ки мо бояд тамошобин набошем, наврасон бояд мактаб хонанд, омӯзанд, соҳиби кор шаванд, оилаашонро хӯронанд. Таъкид-ҳои Сарвари давлат ба ҳар фарди ҷомеа дахл дорад. Дар Паёми соли ҷории Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст: «Озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки рукнҳои асосии давлати демократӣ мебошанд, бояд дар доираи қонун сурат гиранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ суботи ҷомеаро халалдор насозанд». Ҷавонони мо баъзан бехабар аз худ ба равияҳои ғайриқонунии ифротгароӣ ҳамроҳ мешаванд. Ифрот ин зиёдаравӣ кардан, аз ҳад гузаштан, аз андоза берун баромадан аст. Баъзе равияҳое ҳастанд, ки амалҳояшон аз ҳадди эътидолу доираи қонун мегузарад ва ба фитнакориву тафриқаандозӣ даст мезананд. Аз ин рӯ, ифротро ифрод (яъне бо «д») ҳам гӯем, хато намекунем. Ифрод маънои луғавиаш ҷудо кардани касе ё чизе аз касон ё чизҳои дигар, ба фардҳо ҷудо кардан, танҳо кардани чизе мебошад. Яъне, ифроту ифрод ҳамон бахилӣ ва ҳасудӣ, ки мегӯему медонем, ҳамон аст. Бахил пешравии ҳеҷ касро, пешравии ҷамъиятро, пешравии коллективро дар корхона ё дар ҳама ҷойи дигар дида наметавонад. Ҳасад бошад, фасодро пайдо мекунад. Бахил, ҳасадхӯр наметавонад бароҳат бихобад. Ширинии ҳаёти худро намебинад. Ҳасуд аз иттиҳоду дӯстию рафоқат рӯй метобад, сулҳу оромиро намехоҳад. Аз ҳама, ҳатто аз замину осмон, камбудӣ меҷӯяд. Нотавонбин аст ҳасуд. Ҳама медонад, ки одам бе камбудӣ намешавад. Ҳама чиз муқобили худро дорад: пасту баланд, некиву бадӣ, шабу рӯз. Вале чашми бадбини ҳасуд ҳамаи инро дида барои худ дастор мекунад. Як донишманд гуфтааст: «Дунёро тавре бояд дид, ки ҳаст». Моро лозим аст, ки воқеъбин бошем. Сиёҳро аз сафед фарқ намоем. Барои инро дарк кардан маърифат мебояд, маърифати ҳуқуқӣ.
Мо -ҷавонон маърифати ҳуқуқии хешро тақвият бахшида, дар ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизамон даст ба даст медиҳем, намегузорем, ки ваҳдати саросарии кишварамон халалпазир гардад. Ҳифзи соҳибихтиёрии Ватанамон вазифаи ҳар яки мост.
Дилшод ҚОДИРОВ, мутахассиси Прокуратураи
ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон