Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон ба муносибати ифтитоҳи фонди хайрияи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» таҳти унвони «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам» ҷаласаи фарҳангӣ доир гардид. Дар кори ҷаласаи фарҳангӣ раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, сафири Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сиен Ҷун, директори генералии ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» Лю Юн Сия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия ва фаъолон ширкат доштанд. Раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ, ки дар толори Кохи фарҳанг ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.
Раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур мақсади баргузории ҷаласаи фарҳангиро ба ҳозирин шарҳ дода, зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлолият бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои дӯстона, ҳамкориҳои густурдаи илмию фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодиро ба роҳ мондааст, ки дар миёни ин давлатҳо Ҷумҳурии Халқии Хитой мавқеи хоссаро соҳиб аст. Хушбахтона, робитаҳои дӯстонаи кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя натиҷаҳои хуб оварда истодааст. Тазаккур бояд дод, ки айни замон дар мамлакати мо корхонаҳои зиёди муштарак фаъолият доранд, ки натиҷаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Хитой мебошад. ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент», ки соли 2013 дар ноҳияи Ёвон ба фаъолият оғоз намудааст, аз ҷумлаи чунин корхонаҳо маҳсуб меёбад.
Сафири Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фан Сиен Ҷун зимни суханрониаш оид ба муносибатҳои дӯстонаи байни Тоҷикистону Хитой изҳори назар намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар доираи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд тавонистанд, ба як қатор дастоварду муваффақиятҳо ноил гарданд. Бахусус бахши кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ба дастоварди хуб ноил гардидааст. Мисоли хуби ин ҳамкориро дар ноҳияи Ёвон, бахусус дар истеҳсоли пахта, ҷуворимаккаи дон ва шолӣ дида метавонем. Мо омодаем, ки минбаъд низ ҳамкориро ба манфиати ҳар ду ҷониб идома бахшем. Сипас, директори генералии ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» хонум Лю Юн Сия оид ба кушодашавии фонди хайрия таҳти унвони «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам» андешаронӣ намуда, зикр кард, ки мақсад аз кушодашавии ин фонд дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа мебошад. Хонум Лю Юн Сия ҳамчунин зикр кард, ки фаъолияти ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» на танҳо ба истеҳсоли сементи аълосифат, балки ба дастгирии мардуми ниёзманд нигаронида шудааст.
Раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ба роҳбарияти ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» ҷиҳати ифтитоҳи фонди фавқуззикр арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки таъсиси корхонаҳои саноатӣ боиси беҳдошти сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мегардад. Мавсуф аз Паёми имсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас шуда, зикр кард, ки Тоҷикистон бояд ба як давлати индустриалӣ, яъне давлати дорои корхонаҳои муосир табдил дода шавад. Раиси вилоят зимни суханронӣ бори дигар таъкид дошт, ки ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» давоми фаъолияташ исбот намуд, ки бо пешниҳоди маҳсулоти хушсифати худ дар рушди босуботи иқтисодии кишвар нақши босазо гузошта метавонад.
Дар нимсолаи аввали соли равон корхона 362 ҳазору 873 тонна маҳсулот истеҳсол намуда, ба буҷети мамлакат зиёда аз 45 миллион сомонӣ маблағ ворид намудааст. Роҳбарияти ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» тасмим гирифтааст, ки вобаста ба ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда аз ҳар як тонна бо арзиши се сомонӣ ба фонди зикршуда маблағгузорӣ намояд.
Сипас, парда аз рӯи лавҳаи фонд бардошта шуд. Таъкид гашт, ки то имрӯз бо маблағгузории фонди хайрияи ҶДММ«Хуаксин Ғаюр семент» ду хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Ваҳдат бо харҷи 366 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, як адад автобус бо харҷи 200 ҳазор сомонӣ барои шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон харидорӣ гардидааст. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейни ин ноҳия сохтмони муассисаи таълимии дуошёна бомуваффақият идома дорад. Зикр гардид, ки чунин иқдомҳои хайрхоҳона минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»