Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо мақсади баррасии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тараққиёти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014, тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сарварии муовини якуми раиси вилоят Қурбонбой Каримов бо аҳли маорифи шаҳру ноҳия баргузор гардид.
Қурбонбой Каримов зимни суханронии хеш аз он ёдовар шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат шуморида, баҳри беҳбудии таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ворисони сазовори халқу давлат пайваста талош менамояд: — Нақшаву барномаҳои нави таълимӣ, интишори китобҳои дарсӣ, бунёди мактабҳо ва литсею гимназияҳои нави замонавӣ, таъмиру азнавсозӣ ва бо лавозимоти заруриву воситаҳои муосир таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ ва амалӣ гардонидани тадбирҳои дигар ба рушди маориф бештар мусоидат мекунад. Аммо, бо вуҷуди тадбирҳои амалигашта имрӯз ҳам сифати таълиму тарбия, ҳатто дар муассисаҳои таълимии бонуфузи вилоят, ба талаби рӯз ҷавобгӯ нест, — таъкид намуд Қ.Каримов.
Муовини сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят Т.Назаров аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ҷавонону ноболиғон изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки соли 2013 аз тарафи ноболиғон 185 ҷиноят ва 610 ҳолати ҷиноят содирнамоии ҷавонон дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят ба қайд гирифта шудааст. Бинобар иҷро накардани уҳдадории базиммадошта нисбати 1072 нафар падару модар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ирсол гардид. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ 1023 нафари шаҳрвандони вилоят, ки ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, ба ватан баргардонида шуданд.
Шариф АБДУЛҲАМИДОВ, сармутахассиси шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб