Марди хирад

№59-60 (3360-3361) 24.04.2015

Раҳмат Розиқов соли 1942 дар синни 18-солагӣ ихтиёран ба ҳимояи Ватан рафт.

Пеш аз ӯ се бародараш баҳри ҳимояи Ватан рафта буданд. Бародари калониаш — Шокирҷон Розиқов, ки соли 1939 ба хизмати Модар — Ватан даъват шуда буд, рӯзҳои аввали оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муҳорибаи қалъаи Брест қаҳрамонона ҳалок шуд. Каримҷон бошад, моҳи августи соли 1941 ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуда буд ва дар самти Каменск-Подолск меҷангид. Муъминҷон дар фронти Воронеж хизматро адо мекард…

Раҳмат Розиқов муддати се моҳ дар полки тирандозӣ аз тайёрӣ гузашта, аввал дар Сталинград, сипас дар «Степной» таҳти фармондеҳии генерал-полковник Р. Я. Малиновский дар ҳайати полки 54-уми дивизияи 76 ба сифати командири отделенияи пулемётчиён меҷангид.

Баъд аз бомуваффақият анҷом ёфтани муҳорибаи Сталинград дивизияи 76-ум ба самти Луганск-Лисичанск пеш меравад.

Дар соҳили дарёи Днестр, наздикии стансияи Кармено, дар яке аз задухӯрдҳои шадид 19 майи соли 1943 командири отделения Раҳмат Розиқов сахт ярадор мешавад. Ӯро аввал дар госпитали саҳроии Камишево ва баъд дар госпиталҳои ҳарбии шаҳрҳои Куйбишев ва Қазон табобат мекунанд. Пас аз табобати қариб нуҳмоҳа ӯро ҳамчун маъюби дараҷаи сеюм, моҳи январи соли 1944, аз хизмати ҳарбӣ озод менамоянд.

Ҳамин тавр, аз чор нафар танҳо бародари хурдӣ Раҳматҷон ба зодгоҳаш — шаҳри Самарқанд бармегардад. Соли 1945 Раҳмат Розиқов ба Академияи байтории шаҳри Москва дохил мешавад. Солҳои ҷанг ин академия ба шаҳри Самарқанд кӯчонида шуда буд, ки баъдан Институти хоҷагии қишлоқи Самарқанд ном гирифт.

Раҳмат Розиқов ин боргоҳи илмро соли 1949 бо ихтисоси байтор хатм менамояд ва бо роҳхати Вазорати хоҷагии қишлоқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон ба кор фиристода мешавад.

Ӯ ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияташ дар ноҳияҳои Арал (ҳозира Восеъ), Кировобод (ҳозира Панҷ) худро ҳамчун мутахассиси варзида муаррифӣ мекунад. Ӯро соли 1953 Вазорати хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ ҳамчун мутахассис ба сарварии Техникуми зооветеринарии шаҳри Душанбе пешбарӣ менамояд. Баъдан, ба кори илмӣ машғул мешавад.

Раҳмат Розиқов соли 1958 ба аспирантураи Институти умумииттифоқии таҷрибавии ветеринарӣ (ВИЭВ) дохил шуда, соли 1962 дар Шӯрои илмии институт дар мавзӯи «Пайдоиши бемориҳои чорвои хурд ва пешгирии он дар шароити иқлими Тоҷикистон» рисолаи илмӣ ҳимоя карда, ба гирифтани унвони номзади илмҳои ветеринарӣ сазовор мегардад.

Сипас, чанд муддат дар Институти тадқиқоти илмии ветеринарии Вазорати хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ба сифати корманди калони илмӣ фаъолият намудааст.

Баъдан, Вазорати хоҷагии қишлоқ Раҳматҷон Розиқовро ба сифати сарбайтор ба ноҳияи Ёвон ба кор мефиристад. Дар ноҳияи Ёвон калонтарин дар ҷумҳурӣ Иттиҳодияи махсусгардонидашудаи гӯсфандпарварӣ ташкил шуда буд, ки саршумори он ба 70 ҳазор мерасид. Дар рушди ин соҳа саҳми мутахассиси варзида Раҳмат Розиқов хеле калон аст.

Раҳмат Розиқов дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъол буд. Ӯ солҳои 1968-1988 ҳамчун вакили Шӯрои депутатҳои халқи ноҳия ҳамеша миёни мардум буду ба онҳо кумак мерасонд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Раҳмат Розиқов дар қатори шахсони муътабар халқро ба оромӣ, сулҳу салоҳ, эҳтироми якдигар ҳидоят менамуд, ҳарчанд худи ӯ аз ин ҷанг талафоти ҷониву маънавӣ дида буд.

Силоҳбадастон ба хонааш ҳамла намуда, ба ҷони завҷаи меҳрубонаш — Холбибӣ, фарзанди азизаш-Саодат раҳм накарданд. Хонаашро валангор карда, тамоми дороияшро ба яғмо бурданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба вилояти Хатлон 30 сентябри соли 2005 барои аёдат ба хонаи Раҳмат Розиқов омада, аз аҳволи ӯ пурсон шуд.

Раҳмат Розиқов ҳангоми пазироӣ ва суҳбат андешаҳояшро оид ба ғамхориҳои Сарвари давлат нисбати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар иброз дошт ва ба Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои ҷаҳду талошҳояш дар роҳи пешрафти мамлакат муваффақиятҳо таманно намуд.

Раҳмат Розиқов аз соли 2001 то рӯзи вафоташ (7 марти соли 2014) вазифаи раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлонро ба дӯш дошт.

Хизмати мавсуф дар тарбияи ватанпарастии насли наврасу ҷавон хеле калон аст. Ҳамчун раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар абадӣ гардонидани хотираи неки иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва нашр намудани китобҳои хотира дар шаҳру ноҳияҳо саҳми арзанда дорад.

Ватан корнамоиҳои Раҳмат Розиқовро дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо ду ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаҳои 1 ва II, медали «Барои шуҷоат», медалҳои ҷашнии «30-солагии Армияи Советӣ ва Флоти ҳарбии баҳрӣ», «20-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «50-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР», «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «60-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» қадр кардааст.

Раҳмат Розиқов иштирокчии якчандкаратаи Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР буда, бо медал ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

Имрӯз ба ҷойи падар фарзандони баркамолу соҳибмаълумоти ӯ — Лола, Ваҳҳоб, Раъно, Мавлуда ва Рустам баҳри пешрафту шукуфоии кишварамон ҳиссагузорӣ карда истодаанд.

Орзумурод СОАТОВ, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон,

Сафармуҳаммад ЗАРИФӢ, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон