НОРАК. ( Ҳусейн МИРЗОЕВ) Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Норак сохтмони маркази бонувон оғоз гардид. Ин марказ бо ёрии молиявии Ҳукумати Ҷопон бунёд хоҳад шуд. Бино ба иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Норак Назришо Давлатов, барои ин иншоот 100 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо шудааст. Дар марказ ба бонувони бекору хонашин ҳунари гуногун омӯзонида мешавад. Ҳамзамон дар назар аст, ки дар маркази бонувон машваратгоҳи ҳуқуқию равоншиносӣ низ ташкил меёбад.
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон