Дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо кӯшиши шахси шинохтаи ин кишвар Латифи Пидром романи нависандаи тоҷик Сайид Раҳмон зери унвони «Масъуди сипаҳсолор» рӯи чоп омад.
-Латифи Пидром сиёсатмадору марди фарҳангист. Ӯ бо қаҳрамони роман Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамдеҳа ва солҳои тӯлонӣ ҳамҷабҳа буд. Дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз дар ин кишвари дӯсту ҳамсоя ва ҳамзабону ҳамфарҳанг бо ибтикори ин марди шарифи рӯи чоп омадани роман боиси фараҳмандист,- гуфт дар суҳбат Сайид Раҳмон.
Т. Файзалӣ, «Садои мардум»