Қабули шаҳрвандон

Масъулин ба ҳалли мушкилоти мардум кӯмак мерасонанд

№88 (3073) 17.07.2013

Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов дар деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ сокинони арзу  ниёз ва мушкилотдоштаро ба ҳузур пазируфт.

Қабули сокинони деҳот дар толори маҷлисгоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 баргузор гардид. Ғайбулло Авзалов дар ибтидои қабул ба ҳозирин ёдрас шуд, ки ӯ мактаби миёнаро замоне дар  ҳудуди ҳамин деҳот хатм карда, аз мактаби машҳури таҷрибаи кори бобои Миралӣ бархӯрдор гаштааст.

Дилшод Зардонови ҷавон, ки маъюби модарзод аст, аз раиси вилоят дархости кӯмаки молӣ намуд. Дилшод бо таассуф арз кард, ки онҳо дар оила бо чунин шакли беморӣ панҷ нафаранд ва ҳар кадом ба андозаи 100 сомонӣ аз ҳисоби давлат кӯмакпулӣ мегиранд, вале ин маблағ барои зиндагии онҳо басанда нест.

Раиси вилоят ба масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастур дод, ки барои расонидани кӯмаки молӣ санади лозимӣ омода намоянд.

Модар Ҷавҳарбӣ Гулова аз мушкилоти худ арз намуда, гуфт, ки дар оилаи онҳо ду нафар маъюб зиндагӣ мекунад. Оилаи онҳо барои сохтани хона дар мавзеи Шурқишлоқ имкони молӣ надоранд. Ӯ ба ин хотир аз раиси вилоят хостори кӯмак шуд.

Омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34 Исмонқул Файзов ба ин тариқ аз раиси вилоят дастгирӣ хост: — Гурдаҳои писари калониамро, ки дар Душанбе кору зиндагӣ мекунад, таъҷилан иваз кардан лозим аст. Хостам то як гурдаи худро тавассути ҷарроҳӣ ба  ӯ бахшам, аммо духтурон бо сабаби куҳансолиам розӣ нашуданд. Ҳоло писари хурдиам омода аст, ки ин амалро ба анҷом расонад. Дар чунин сурат ду писарам бистарӣ мешаванд ва барои анҷоми ин амали тиббӣ ва табобати ин ҳар ду маблағи калон лозим аст. Ҳамин мушкилоти пешомадаи зиндагӣ маҷбурам намуд, ки  аз шумо дархости кӯмак намоям.

- Мо, албатта, дар ин мушкилоти шумо расидагӣ мекунем,- гуфт раиси вилоят.

-Хати оби полезие, ки аз мавзеи деҳаи Тосқалъа, яъне аз  канори рости дарёи Сурхоб, шуруъ мешуду то ба деҳаи Қурбоншаҳид омада мерасид, дар ҳоли ногувор ва садамавӣ қарор дорад.Сокинони деҳаҳои аз он истифода мебурдагӣ аз шумо хоҳиши кӯмаку дастгирӣ доранд,- арз намуд сардори хоҷагии деҳқонӣ Қурбон Азимов.

-Ин мушкилот бо масрафи маблағҳои хурд ҳалли худро пайдо карда наметавонад. Мутахассисонро вобаста мекунем, то масъаларо омӯхта, тарҳи барқароркунии онро ба мо пешкаш намоянд,- дар ҷавоб ба хоҳиши хоҷагидор гуфт Ғ.Авзалов.

- 35 сол дар хоҷагӣ коргузор будам, аммо тақдир муносиби модариам надонист. Имрӯз муҳтоҷи сарпаноҳам,- ба раиси вилоят арз намуда, гуфт сокини деҳоти мазкур Фотима Шарифова.

- Агар манзури шумо бунёди манзил бошад, мо бо  замини наздиҳавлигӣ таъмин мекунем,- посух гуфт раиси вилоят.

Ҳамин тариқ, сокини деҳаи Оқҷар Тоҷинисо Шарифова аз дурии роҳи мактаб, сокини деҳаи Чуқурак Зуҳро Кабутова дар бораи пурра вайрон шудани манзили зисташ аз офати табиӣ, Зебогул Назарова аз ваъдабозиҳои масъулон зимни тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ, муаллим Раҷабалӣ Шокиров аз хусуси кӯпруки вайроншудаи деҳаи Тугай,  Давлатхуҷа Ҳусейнов дар бораи тармиму таҷдиди клуби деҳаи Зардолубоғ, Салим Менгибоев оид ба ҷудо намудани замин барои манзилгоҳ, вакили  маҳалла А.Каримов дар хусуси иваз намудани симчӯбҳои фарсуда ва роҳбари хоҷагии деҳқонӣ Исмоналӣ Маҳсиддинов дар бораи баҳси тӯлкашидаи замин ба Ғайбулло Авзалов арз намуда, хоҳиш карданд, ки дар ҳалли мушкилоти мазкур мусоидат намоянд.

Гурӯҳи дигар, ба амсоли Абдулмаҷид Саломов, Файзиддин Ибодуллоев, Ойқизлар Гулмирзоева дар бобати дохил намудани фарзандонашон ба донишгоҳҳо, минҷумла ба коллеҷҳои тиббӣ, хостори кӯмаку дастгирӣ аз ҷониби раиси вилоят шуданд.

Раиси вилоят Ғайбулло Авзалов ба ҳама арзу дархости бақабуломадагон ҷавобҳои саҳеҳу қаноатбахш дод.

 Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»