Ба озмуни «Милитсия -ҳомии ҷомеа»

Масъулияти таъмини амният ва ҳаёти осоиштаи мардумро бар дӯш дорад

№140-141 (3125-3126) 04.11.2013

123Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад, ки ба зиммааш доираи васеи вазифаҳо, аз қабили таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст.

Таҳти сарварии генерал-майори милитсия  Анвар Ҳайдарович Тағоймуродов ҳайати шахсии РВКД дар вилояти Хатлон дар набарди пеши мубориза бо ҷинояткорӣ қарор гирифта, аз ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва волоияти қонун ҳифз намуда истодаанд.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, аз ҷумла терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон барои ҳар давлату ҳукумат вазифаи муҳим ба ҳисоб рафта, маҳз тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус милитсия, бар зидди чунин зуҳуроти нангин муборизаи беамон бурда, барои таъмини амнияти мардум ва ҳаёти осоиштаи онҳо комилии қонунро кафолат медиҳад.

Тавассути амалиётҳои густурда, ҷиҳати ноил гардидан ба мақсадҳои муҳим, дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ зиёда аз даҳ нафар ҷинояткори як гурӯҳи муташаккил, ки ба гурӯҳҳои террористии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва дигар шохаҳои «Ал-қоида» шомил буданд ва дар ҳудуди вилояти Хатлон пинҳонӣ амал намуда, мехостанд вазъи сиёсии вилоятро ноором созанд, муайян ва дасгир карда шуданд.

Дар давоми нуҳ моҳи сипаригардидаи соли равон зиёда аз 1700ҷиноят ошкор карда шудааст, ки қариб 400-тои онро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд.

Бо мақсади таъмини натиҷаи ҳар чӣ беҳтари фаъолият дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир моҳи феврали соли ҷорӣ бо Фармони Президенти мамлакат «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» тасдиқ гардида буд. Дар ин робита аз тарафи мақомоти қудратии вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли равон як тонаю 412 кг маводи мухаддир мусодира шудааст, ки аз ин 844 килою 057 граммаш, яъне аз нисф зиёдаш аз тарафи кормандони милитсия ошкор ва мусодира гардидааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кормандони милитсия 84 кг зиёд маводи мухаддир мусодира кардаанд.

Бо мақсади аз аҳолӣ гирифтани яроқ ва лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ ҳанӯз соли 1994 фармони махсуси Сарвари давлат содир шуда буд, ки дар асоси он дар муддати нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз аҳолӣ зиёда аз 344 мил яроқ ва дигар намудҳои аслиҳаи ғайриқонунӣ гирифта шудааст.

Масъалаи дигари мубрами рӯз, ки мақсад аз он сарфаи оқилонаи буҷети оилавӣ мебошад, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст.

Ҳарчанд ки то имрӯз як қатор маъракаҳои нолозим аз миён бардошта шуда бошанд ҳам, дар муддати нуҳ моҳи соли 2013 аз тарафи мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон беш аз 120 маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба мақомоти судӣ ирсол карда, дар ин асос 142 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима рӯёнида шудааст.

Таҳти сарварии генерал-майори милитсия Анвар Тағоймуродов дар  РВКД дар вилояти Хатлон интизоми хизматӣ, риояи бе чуну чарои қонуну қонуният, озодагию ободкорӣ, муносибати хуби инсонӣ байни ҳайати шахсӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи милитсия бо ҷомеа хуб ба роҳ монда шудааст.

Аз рӯзи аввали кор таваҷҷуҳи сардори Раёсат ба самти асосӣ ва муҳим — тартиби пешбурди баҳисобгирӣ ва қайди ягонаи ҷиноятҳо, қабули арзу шикояти шаҳрвандон равона гардида буд. Ҳамин буд, ки дар ин самт кор ба куллӣ тағйир ва такмил ёфт.

Имрӯз ҳама қишрҳои ҷомеа баҳри дар фазои орому осоишта умр ба сар бурдан, тарбияи хуби фарзандон, амалӣ намудани қарзу фарзҳои инсонӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ мекунанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки оромӣ ва ободии ҳар хонадон ё оила аз аъзои он, аз маданияту фарҳанги рафтору амалашон вобаста аст.

Солҳои охир дар ҷаҳон баробари тараққиёти техника хатарҳои нав, ҷиноятҳои ифрогаройӣ ва террористӣ афзуда истодааст. Ин хатарҳо моро водор мекунад, ки дасти якдигар гирифта, ҳушёрию зиракиро аз даст надода, сипари хонаю Ватани худ гашта, муносибатро бо милитсия мустаҳкамтар намуда, барои пеши роҳи ҷинояткориро гирифтан камари ҳиммат бандем. Пеши роҳи ҷиноятро гирифтан, як дуздро доштан моли худ ё ҳамсояро аз тороҷ ё нобуд шудан эмин доштан ё ҳақиқатро гуфтан ин худ савоби олӣ аст.

Шукри ин рӯзи пурбор, рӯзи озод, зиндагии осоишта карда, Тоҷикистони шукуфтаистодаро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, бо дасту дили пок ба халқу Ватан, ба хоки ин диёри муқаддас хизмату меҳнат намуда, зиндагиамонро боз ҳам ободтару гуворотар намоем.              

Мехоҳам зикр кунам, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсияи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» мувофиқи мақсад буда дар мустаҳкамии ҳамкории аҳолӣ имрӯз нақши басо назаррас дорад.

Аз оғози сол дар асоси супориши вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Ҳамроевич Раҳимов ва сардори РВКД дар вилояти Хатлон, генерал-майори милитсия А.Ҳ. Тағоймуродов нақша-чорабиниҳои мушаххас оиди суҳбату вохӯриҳо бо ҷомеа, аз ҷумла бо омӯзгорону хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, устодону донишҷӯёни макотиби олӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таври якҷоя бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, уламои дин ва мутахассисони соҳавӣ аз тарафи Раёсат ва ШВКД-ҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тартиб дода шуда, иҷрои он таҳти назорати роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон қарор дорад.

Дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят аз рӯйи нақша  зиёда аз 800 вохӯрию суҳбатҳои судманд бо аҳли ҷамоатчигӣ гузаронида шудааст.

Аз тарафи роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон мунтазам вохӯриҳо бо устодон ва донишҷӯён дар мавзуъҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои тундгарою ифротгаро, гурӯҳҳои террористӣ, пешгирии нашъамандӣ, даст назадан ба ҷинояткорӣ, гуфтугӯҳои ҷолибу пурмазмун гузаронида, баҳри ҳамкориро бо милитсия мустаҳкам намудан даъват ба амал оварда шуд, ки  аз тарафи иштирокдорон хуб пазируфта шудааст.

Оиди дружинаҳои ихтиёрӣ гуфтаниам, ки дар вилояти Хатлон 25 ситод амал карда, он дар ҳайати худ 5418 нафарро дар бар мегирад. Ҳамарӯза соати 1900 дар ШВКД-ҳо бо дружиначиён дастурдиҳӣ гузаронида шуда, бо ҳамроҳии кормандони милитсия ба хатсайрҳо тақсим карда мешаванд. Дар муддати сипаригашта дар якҷоягӣ ва иштироки дружиначиёни ихтиёрӣ 1279 маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, зиёда аз 50 ҷиноят ошкор карда шудааст.

Ҳамчунин дар вилоят 1925 нафар кормандони ғайриштатии милитсия фаъолият мекунанд ва аз тарафи онҳо таври якҷоя бо кормандони милитсия зиёда аз 44 ҷинояту 1565 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ пешгирӣ ва ошкор карда шудааст.

Ҳамзамон аз тарафи сардори Раёсат ҳамарӯза шаҳрвандон қабул карда мешаванд ва масъалаҳои пайдошуда таҳти назорат гирифта шуда, баррасӣ мегарданд. Аз рӯйи таҳлилҳо дар тӯли ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз тарафи сардори Раёсат зиёда аз 300 нафар шаҳрвандон қабул карда, мушкилоташон мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Маҳз бо ташаббусу дастгирии сардори Раёсат баҳри баланд бардоштани мақоми милитсия дар ҷомеа, ҷалби аҳолӣ ба масоили марбут ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва ошкори ҷинояткориҳо аз нуҳ сентябр то якуми ноябр миёни кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва рӯзноманигорону адибони ҷумҳурӣ зери унвони «Милитсия — ҳомии ҷомеа»  озмун эълон шуд.

Бо дастгириву дастурҳои судманди сардори Раёсат рӯз то рӯз муносибат ва ҳамкории аҳли ҷомеа бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қавитару мустаҳкамтар гашта истодааст ва сокинони вилоят дар симои кормандони милитсия ҳомиёни содиқи Ватану миллатро дида истодаанд.

Айни замон бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо сарварии генерал-майори-милитсия Анвар Тағоймуродов аз иҷрои вазифаҳои хизматии худ дар назди халқу Ватан сарбаландона баромада истодаанд.

Комили ҚОДИРБЕРДӢ