Бо мақсади дастгирӣ ва рушди ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ, машварати кории иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон Амирбек Маҳмадалиев бо соҳибкорон доир гардид.
А. Маҳмадалиев зимни суханронияш, аз ҷумла иброз дошт, ки рушду инкишофи иқтисоди кишвар ва таъмини некуаҳволии мардум аз фаъолияти босамари соҳибкорону тоҷирон вобастагии калон дорад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, алалхусус тӯли чанд соли охир аз ҷониби Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар гардонидани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва аз байн бурдани монеаҳои барзиёди маъмурӣ тадбирҳои зиёд амалӣ шуд.
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, № 469 «Дар бораи Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015» ва аз 29 декабри соли 2012, № 755 «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи муҳимтарин санадҳои соҳаи соҳибкорӣ мебошанд.
Имрӯз дар ноҳия зиёда аз се ҳазор нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ шуғл меварзанд. Давоми соли сипаригашта аз тарафи соҳибкорон 67 иншооти фарҳангӣ, хизматрасонӣ, нуқтаҳои савдо ва тиббӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ бо зиёда аз 1700 ҷойи кор ба истифода дода шуд.
Фаъолияти соҳибкорони ноҳияро муфассал таҳлил карда, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия А.Маҳмадалиев ҳамзамон таъкид намуд, ки соҳибкоронро лозим аст риояи қонунҳои амалкунанда, иҷрои талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро хубтару беҳтар ба роҳ монда, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва донишҳои ҳуқуқии худро боз ҳам баланд бардоранд.
Прокурори ноҳия Р.Раҷабов, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон П.Юсупов, сардори Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумита С.Абдуллоев, сардори Раёсати андози вилояти Хатлон С.Амиров оид ба паҳлуҳои гуногуни Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.
Бо пешниҳоди соҳибкорон Илҳом Қурбонов раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳия ва Икром Қурбонназаров раиси Кумитаи иттифоқи касабаи соҳибкорони ноҳия интихоб гардиданд.
Миралӣ ОДИНАЕВ, рӯзноманигор