Хабарнигори рӯзнома бо мудири шуъбаи иттилоотӣ — таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Амиршоҳи Хатлонӣ ҳамсуҳбат шуда, аз ӯ дар хусуси вазъи кунуни нашрияҳои вилоят, мушкилоти кадрӣ, сатҳи касбии журналистон, шакли баргузории нишастҳои матбуотӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҳолати чопхонаҳои таҷдидгашта, инчунин дар бораи дигар паҳлуҳои ин соҳа пурсон шуд.
-Хоҳишмандам аз хусуси вазъи имрӯзаи воситаҳои ахбори оммаи вилоят таври мушаххас изҳори назар намоед.
- Алҳол дар ҳудуди вилоят 33 рӯзнома, се маҷалла, як радио ва чор шабакаи телевизионии сатҳи маҳаллӣ амал мекунад. Аз ин ҳисоб як рӯзнома бо номи «Пайк» дар шаҳри Кӯлоб ва ду шабакаи телевизионии дигар, ки яке дар ноҳияи Восеъ ва дигаре дар шаҳри Қӯрғонтеппа фаъол ҳастанд, маҳсуб ба воситаҳои ахбори хусусианд. Дар вилоят ноҳияҳое ҳастанд, ки ду-се рӯзномаву маҷаллаҳо ба нашр мерасанд ва ноҳияҳои Шӯроободу Фархор аз ин қабиланд. Алалхусус дар ноҳияи Фархор ба рушди матбуоти маҳаллӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии он муассиси рӯзномаи сиёсию иҷтимоии «Гулистон», «Минбари омӯзгор» ва маҷаллаи «Бонувони Фархор» аст.
Давоми як соли охир чопхонаҳои шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ бо кумаки молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
-Пас чаро ҳоло ҳам аксар рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳру навоҳии вилоят дар шаҳри Душанбе ба чоп мерасанд? Агар ин амал ба ҳамин шакл идома ёбад, яқин аст, ки ҳеҷ гоҳ вазъи молии чопхонаҳои таҷдидгардида беҳ намешавад.
- Ба эроди шумо розӣ ҳастам, чунки барои таҷдиди чопхонаҳоямон тайи ду миллион сомонӣ масраф намудем. Ин ғамхориро нодида гирифтани масъулони рӯзномаву маҷаллаҳои вилоят воқеан ҳам аз рӯйи инсоф нест. Ба ҳар ҳол имрӯз дар чопхонаҳои шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб як қисм рӯзномаҳо ба табъ мерасанд, вале ин нокифоя аст. Насби дастгоҳҳо бошад, дар чопхонаи ноҳияи Восеъ пурра ба анҷом нарасидааст. Ҳоло муҳаррирони он рӯзномаҳое, ки аз хизмати чопхонаҳои пойтахт истифода мекунанд, иддао доранд, ки дар сифату нарх тафовут ҳаст. Шояд дар сифати чопи матбааҳои тозатаҷдиди мо, бо иллати камтаҷрибагию набудани мутахассисони корозмуда, нуқсону камбудӣ ба чашм расад, вале дар масъалаи нарх ба андешаи онҳо розӣ шудан мумкин нест. Масалан, барои тафовути 1 дирам, ки барои 800 нусха рӯзномаи ноҳиявӣ ҳамагӣ 8 сомониро ташкил мекунад, аз Шӯрообод ё худ аз Панҷ моҳе чор маротиба ба Душанбе рафтан аз нигоҳи иқтисодӣ чӣ маънӣ дорад? Ин шаҳодати он аст, ки бар акси ҳол, нарх дучанд шуда, маблағҳои мо берун аз ҳудуди вилоят мераванд. Оид ба ин масъала супориши протоколии раиси вилоят мавҷуд аст ва мо дар рӯзҳои наздик роҳи ҳалли онро пайдо хоҳем кард.
- Ҳоло марказҳои ҳар ду минтақаи вилоят соҳиби дастгоҳҳои муосири чопӣ шудаанд. Оё аз ин пас имкон ҳаст, ки рӯзномаю маҷаллаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳам дар ин чопхонаҳо ба табъ расида, зуд дастраси муштариёни хеш гардад?
-Мақсади шуморо фаҳмидам. Яъне, гуфтаниед, ки дар асри рушду камоли технологияи иттилоотӣ зиндагӣ мекунему аммо амалу муносибатамон дар кори табъу нашр ва хизматрасонӣ ба обуначиён, ҳатто ба сатҳи солҳои 70-80-уми асри гузашта ҳам баробар шуда наметавонад. Ин ҳамин тавр аст. Масалан, сокинони вилояти Хатлон дар соли равон ба беш аз 70000 нусха рӯзномаву маҷалла обуна шудаанд. Ин теъдод обуна танҳо тавассути почта сурат гирифтааст. Ба бисёр номгӯйи маҷаллаву рӯзномаҳои соҳавӣ бошад, обуна ба шакли дигар гузаронида шудааст, ки мо теъдоди аниқи онро дар ихтиёр надорем. Дар сурати ба роҳ мондани чопи рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ дар чопхонаҳои ду маркази минтақа боварӣ дорам, ки соҳаи табъу нашр дар вилоят рушд карда, одамони зиёд соҳиби ҷойи кор мешаванд. Хизматрасонӣ ба обуначиён низ беҳтару хубтар мегардад. Бубинед, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳафтае панҷ маротиба рӯйи чоп меояду лек почтаро аз Душанбе ҳамагӣ аз ду то се маротиба меоранду халос.
-Хуллас, кайҳо замони рӯйи кор овардани ин амал расидааст. Танҳо дар ин роҳ ҳавсалаю шуҷоат ва посу гиромӣ доштани манфиатҳои Ватан басандаю кофист. Ин сифатҳо дар навбати аввал марбут ба фаъолияти кадрҳост. Вазъи кадрҳои соҳаи матбуоти вилоят бошад, он қадар ҷавобгӯйи набзи рӯз нест. Ҳоло собиқаи фаъолияти роҳбарии қисмати зиёди муҳаррирони рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявӣ аз 15 то 25 солро ташкил мекунад. Кори тарбияву ба камол расонидани ҷавонони соҳибқаламу баландистеъдод, на ин ки бо ҳар ду пой мелангад, балки он дар баъзе ноҳияҳо умуман дида намешавад. Акнун ин кор то ба ҷое расидааст, ки дар як қатор шаҳру ноҳияҳо, ба амсоли ҳамон ансамблҳои оилавӣ, ҳайати эҷодии рӯзномаҳоро ҳам оилавӣ кардаанд…
- Дар ҳақиқат, кадрҳои варзидаи соҳа хеле кам шудааст. Ду сол пеш, дар робита ба вазъи кадрию иқтисодӣ, ҳолати мавҷудаи ҳамаи рӯзномаҳои ҳудуди вилоятро омӯхта, натиҷаи онро дар ҳамон ноҳияи матбуотпарвари Фархор бо иштироки худи муҳаррирон мавриди таҳлилу муҳокима қарор дода будем. Роҳҳои ҳалли мушкилоти кадрию иқтисодӣ муайян шуда буд. Он вақт ба ғайр аз рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ва «Гулистон»-и ноҳияи Фархор, дигар рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявии вилоят он қадар шароити хуби иқтисодӣ надоштанд. Мушкилоти мазкур бартараф шуд, аммо мушкилоти кадрӣ то ба ҳол домангири мост. Дар ин самт қадре беҳбудӣ дида мешавад ва худ шоҳиди ҳол будед, ки дар минтақаи Кӯлоб то ба ҳамин наздикӣ, ба ғайр аз рӯзномаи «Садои мардум», боқӣ ҷойи ҳамаи мухбирони минтақавии рӯзномаҳои расмии кишвар холӣ буд. Акнун ба ҷуз рӯзномаи «Халқ овози» дигар ҷойи ҳамаи намояндагиҳо аз ҳисоби хабарнигорони ҷавону таҷрибадор пурра гардид.
Беш аз як сол рӯзномаи «Зафар»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳаррир надошт ва аз ноилоҷӣ боз муҳаррири собиқи ба нафақа баромадаи онро аз нав ба кор тавсия доданд. Албатта, ин роҳи ҳалли мушкилот нест. Тавре ишора кардед, қисмате аз муҳаррирони рӯзномаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят нафақагир ва ё дар синни нафақаанд. Бояд худи муҳаррирон дар пайи рафъи ин мушкилот бошанд. Дар баробари иҷрои вазифа, устоду мураббӣ будан ҳам лозим аст. Нуфузу эътибори кас на дар вазифа, балки маҳз дар ҳамин ду сифати олист. Мо, албатта, сабабҳои ин мушкилот ва роҳҳои рафъи онро бори дигар ҳамаҷониба омӯхтаю таҳлил карда, натиҷаҳои онро дар назди масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва худи муҳаррирон баррасӣ хоҳем намуд.
- Матбуотчиёни Душанбеву Хуҷанд кайҳо боз соҳиби маҷмааҳои муҳташами худианд.Оё дар вилояти бузурги кишвар- Хатлон мақсади бунёди чунин маҷмааҳо дар назар дошта шудааст ё на? Шахсан шоҳид будам, ки раиси шаҳри Кӯлоб Абдулғаффор Раҳмонов дар бобати ҷудо кардани биное барои хабарнигорони минтақа ваъда дода буд, аммо то ҳол ин ваъда амали худро наёфтааст. Мутаассифона, солҳо боз қисмати зиёди намояндагони нашрияҳои расмии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бидуни утоқи корӣ фаъолият мекунанд…
- Воқеан ин масъала доғи рӯз аст. Дар нишасти охирини матбуотии раиси вилоят ҳам ин масъала аз ҷониби хабарнигорони ҳар ду минтақа ба миён гузошта шуда буд. Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадов ваъда доданд, ки хоҳиши рӯзноманигорони вилоят дар маркази ҳар ду минтақа ҳам ҳалли худро пайдо мекунад. Дуруст аст, ки агар матбуотчиёни мо ҳам имрӯз ақаллан соҳиби бинои худӣ мебуданд, кори бисёр хуб мешуд. Хабарнигорӣ воқеан ҳам пешаи бузург маҳсуб меёбад ва ба амалу рафтори паёмбарон бисёр ҳамшабоҳат аст. Бубинед, онҳо на хонаю маҷмаа ва ба қавли шумо баъзеашон ҳатто утоқи корӣ низ надоранд, вале мебинем, ки ин мушкилоташонро нодида гирифта, бар акси ҳол мудом дар пайи беҳбудии зиндагии мардуму бартараф кардани мушкилоти онҳо шаб то рӯз ранҷ мекашанд.
-Устод, барои ин илтифоти самимиатон миннатпазирем, вале дар робита ба ин андешаатон як ҳолате ба хотирам расид, ки аз он ёд накардан номумкин аст. Ман дар назар дорам рафти баргузорӣ ва сифати нишастҳои матбуотиро дар шаҳру навоҳии вилоят, бахусус минтақаи Кӯлоб. Дар ин нишастҳо як гурӯҳ журналистоне иштирок мекунанд, ки ба ғайр аз саволу ҷавобҳои ба манфиати шахсию макони зисташон тааллуқдошта дигар сатреро дар рӯзномаҳо наменависанд.
- Рафти баргузорӣ ва сифати нишастҳои матбуотӣ, гумон мекунам, пеш аз ҳама, ба сатҳи касбияти худи журналистон вобастагӣ дорад. Мо ният дорем, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо фаъолияти масъулони кори соҳаи матбуотро, дар ҳар шакле набошад, фаъолтару қавитар намоем.
Бисёр вақт мушоҳида мекунем, ки дар нишастҳо аз як нашрия ва ё шабакаи телевизионӣ аз 3 то 4 нафар хабарнигорон иштирок мекунанд, ки ин амал аз рӯйи қоидаву одоби касбият нест. Шуъбаи мо ду сол пеш низоми хоса дошт, яъне мутахассисони он бо амру имзои раиси вилоят нақшаи нишастҳои матбуотиро якҷоя бо рӯйхати намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилояту ҷумҳурӣ, манзури масъулони шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо ва худи рӯзноманигороне мекард, ки дар нишастҳои матбуотӣ иштирок мекунанд. Мутаассифона, вақтҳои охир дар нақшаи нишастҳои матбуотӣ, ному насаби хабарнигорон сабти худро намеёбанд. Албатта, ин камбудиро ислоҳ мекунем ва мақсад дорем, ки то нишастҳои матбуотии навбатӣ, рӯйхати хабарнигоронро дар асоси пешниҳоди роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи вилояту кишвар аз нав тартиб диҳем. Ин тарзи коргузорӣ ба моддаи 30-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки «Аккредитатсияи журналистони воситаҳои ахбори омма» ном дорад, марбут аст.
-Назар ва мавқеи шумо, ҳамчун масъули соҳа оид ба мақолаҳои таҳлилию танқидӣ, ки пайваста доир ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии вилоят аз ҷониби нашрияҳо рӯйи чоп меоянд, чӣ гуна аст?
-Шахсан ҷонибдору пайрави гуногунандешии воқеӣ ҳастам. Мутаассифона, ин меъёри ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, баъзан аз ҷониби бархе аз масъулони рӯзномаҳо нодида гирифта мешавад. Дар бисёр ҳолатҳо таҳлилу танқид ба таҳқиру паст задани шаъну шарафи шахс, ки дахлнопазир аст, омехта мегардад. Дар ин бобат афроди зиёди гуногунсатҳ ба мо шикоят мекунанд, ки вокунишҳояшонро доир ба ин гуна мақолаҳо муассисони рӯзномаҳо чоп намекунанд. Магар гуногунандешӣ якҷониба мешавад? Матбуот оинаи рӯз ва зиндагӣ аст. Ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ замон нашудааст, ки касеву ҷомеае ҷонибдори оинаи каҷнамо бошад. Мо ҷонибдори мақолаҳои таҳлилию танқидии воқеъбинонаи бидуни ғаразу ҳасад будем, ҳастем ва мемонем.
-Ташаккур барои суҳбат.
Мусоҳиб Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»