КӮЛОБ. ( Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов, бо мақсади рушди ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии сокинони шаҳру ноҳия бо роҳбарони ҳизбҳои сиёсии шаҳр вохӯрӣ баргузор намуд. Роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ ин иқдоми раиси шаҳрро хуш пазиройӣ карда, изҳор намуданд, ки онҳо дар сурати ҳамкории фаъол, метавонанд дар рушду нумуи ҳаёти ҷомеаи шаҳр нақши муассир гузоранд. Дар вохӯрӣ роҳбарони ҳизбҳо-Шариф Сафаров- Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Абдусамад Ғайратов- Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Фирӯз Ғоибов-Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон суханронӣ намуда, оид ба ҳалли мушкилоти мавҷуда таклифу пешниҳодҳо намуданд. Вохӯрии мазкур дар фазои хуби ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Воситаҳои ахбори оммаи имрӯза ба минбари таҳлилу баррасии фарогири мушкилоти рӯз табдил ёфтаанд. Онҳо ба масъалаву мавзӯъҳое даст мезананд, ки бояд аз ҷониби сохтору мақомоти гуногуни давлатӣ дар доираи ваколатҳояшон ҳал карда шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон