Ба наздикӣ дар идораи рӯзномаи ҷумҳуриявии «Садои мардум» будам. Дар равиши суҳбат сармуҳаррир, устод Ҷумъахон Наботов, аз ҷумла гуфт:
- Ҳотам Шарифовро, ки дар деҳаи Сангдараи ноҳияи Ховалинг зиндагӣ мекунад, медониву мешиносӣ?..
- Бале, чӣ шудааст, — гуфтам.
- Дар чанд ҷо номашро ба некӣ гирифта, таърифаш карданд, дар борааш навиштан лозим, менависӣ?.. — Албатта, ӯро мебинаму суҳбат мекунему менависам, — гуфтам…
Дар мактаби деҳаи Сангдараи ноҳияи Ховалинг ҷамъомад ва суҳбат бо мардум баргузор гардид. Баъди анҷоми чорабинӣ аз пирони солор ва шахсони донишманд ба якчанд саволи хеш ҷавоб гирифтан хостам. Дар ҷараёни суҳбат маълум гардид, ки дар ин деҳа чанд нафар пирони арҷманди донову дар меҳнат обутобёфта, ки аз сирру асрори зодгоҳу ҳар ваҷаб замини диёри хеш бохабаранд, зиндагӣ мекунанд.
Яке аз чунин мардони фурӯтани меҳнатсолор, нексиришту ҷамоатчии фаъол, пири садҳо шогирдон, муаллим Ҳотам Шарифов мебошад.
Ӯро солҳои зиёд аст, ки ҳамчун омӯзгори мушфиқу сахтгир, роҳбари соҳибмаърифату соҳибтаҷриба медонаму мешиносам. Ҳамакнун аён шуд, ки «Шунидан кай бувад монанди дидан» барҳақ дурусту таҷрибаи ҳаётист. Дидам, ки ҳар лаҳзаву ҳар сари қадам номи ин марди бузург аз тарафи хурду калон бо некиву ифтихору эҳтиром ба забон гирифта мешавад. Ӯ ҳамеша бо шогирдону бо мардум аст ва ибратбахшиву ибратмандӣ зоҳир мекунад. Гули сари сабади халқ мебошад.
Шариф Ҳотам 45 соли ҳаёти худро сарфи касби заҳматталаб, вале пуршарафи омӯзгорӣ карда, шогирдони зиёдеро ба шоҳроҳи ҳаёт ва касбу кори гуногун ҳидоят кардааст, ки имрӯз ҳар кадоме аз онҳо дар хизмати Ватан мебошанд. Зиёда аз 25 сол, баробари муаллимӣ, ӯ директори мактаб низ буд.
Шариф Ҳотам 5 январи соли 1943 дар деҳаи Себи Қопа, имрӯза Ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Чун вобаста ба талаби замон даврони муҳоҷиркунии мардуми кӯҳистон ба водиҳои пахтакор пеш омад, аҳли оилаи онҳоро соли 1950 ба хоҷагии имрӯзаи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб муҳоҷир карданд. Шариф Ҳотам баъди хатми мактаб мехост дар донишгоҳ ва ё донишкадаи олӣ таҳсил намояд, вале шароити рӯзгор даст надод. Ихтиёран барои хизмати Модар-Ватан рафта, дар шаҳри Костромаи Федератсияи Россия хизмати аскариро ба ҷо овард. Чун ба хизмат аз сидқ камар баст, фаъолияти ӯро ба эътибор гирифта, дар курси шашмоҳаи командирони хурд оид ба қисми ракета хононданд. Акнун Ҳотами ҷавон асрори ракетаро хуб аз бар карда, ҳамчун командири хурд обутоб ёфт. Фарзанди асили халқи тоҷик будани худро дар байни фарзандони миллатҳои дигар нишон дод. Ин буд, ки ба номи модари Шариф Ҳотам -бибии Одинагул Содиқова солҳои 1963-1964 пайи ҳам мактубҳои миннатдориву раҳматномаҳо фиристода шуданд. Хизмати шоиста, одобу ахлоқи намунавӣ ва обутоби ҷисмониву сиёсии ӯро ба назар гирифта, 9 майи соли 1965 бо медали 20-солагии Ғалаба дар ҶБВ (солҳои 1941-1945) мукофотонида, ба унвони Аълочии Армияи Советӣ мушарраф гардид.
Ин ҷавони ғайратманд баъди намунавор ба ҷо овардани хизмати Модар-Ватан муддате ба кори омӯзгорӣ пардохта, соли 1969 ба факултети филологияи руси Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб дохил шуда, баъди хатми он ба кори муаллимӣ сидқан камар баст ва то имрӯз фаъолияти ибратбахш дорад.
Ӯ аз соли 1974 инҷониб дар мактаби миёнаи рақами 24-уми деҳаи Сангдара омӯзгор аст. Тавре ишора шуд, зиёда аз 25 соли фаъолияти ӯро роҳбарӣ –директори мактаб ташкил мекунад. Вай аз соли 1981 то моҳи сентябри соли 2007 директори мактаби миёнаи ҳамин деҳа буд ва хизмати арзанда кард. Тавонист, ба ибтикори хеш тариқи ҳашар синфхонаҳои иловагӣ сохта, мактаби ибтидоиро ба ҳаштсола табдил диҳад. Коллективи дӯсту тифоқро сарҷамъ намуд, шогирдони зиёдеро тарбия кард. Мутахассисони хубро ба кор гирифт. Баъд ба нафақа баромад.
Ба пирӣ нигоҳ накарда, ҳоло низ ба таълиму тарбияи мактабиён машғул аст.
- Барои ба даст овардани комёбиҳо дастгирӣ лозим аст, — иброз дошт ҳангоми суҳбат Шариф Ҳотам. — Вақте ки ман барои бунёди синфхонаҳо, бо симтӯр маҳкам кардани атрофи мактаб, сохтани дарвоза ва дигар корҳои ободонӣ ба роҳбарияти ноҳия муроҷиат мекардам, ҳамеша пуштибонӣ меёфтам.
15 октябри соли 2011 Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг сафари корӣ дошт. Дар вохӯрии Президенти кишвар бо мардуми ҷамоати деҳоту саноатчиёни ин гӯшаи боғановат Шариф Ҳотам бо суханони гарму самимӣ аз фаъолияти кори худ ва бурдбориҳои таълимгоҳе, ки ӯ солҳои дароз то ба нафақа рафтанаш роҳбар буд, иброз дошта, хоҳиш намуд, ки дар Сангдара мактаби замонавӣ бунёд карда шавад. Таклифу пешниҳоди ӯро Сардори давлат пазируфта, дастгирӣ кард. Имрӯз бунёди бинои мактаби нав дар деҳа идома дорад.
Шариф Ҳотам ҷамоатчии фаъол аст. Ӯ баробари корҳои касбӣ, дар корҳои ҷамъиятиву чорабиниҳои сиёсӣ фаъолона иштирок карда, намунаи ибрат мебошад. Дар тӯю сури мардум чун пешкору роҳбару пири хирад ширкат варзида, ба насли наврас ва мардум дар ҳар бобат дуои нек дода, намуна нишон медиҳад.
Сифатҳои неку ибратбахши ин пири нексиришт хеле зиёданд. Меҳнати ҳалолу чандинсолаи ӯ бо ордени «Шараф», даҳҳо ифтихорномаҳои Вазорати маориф қадр карда шудааст. Ӯ Аълочии маорифи Тоҷикистон мебошад.
Шариф Ҳотам имрӯзҳо сарбаландона ҳаёт ба сар мебарад…
Амир Сайиди МУНКӢ, ноҳияи Ховалинг