Водии Бешкент аз ҷумлаи минтақаҳои гарму шӯразамини ҷануби Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Соли 1996 дар як қисмати он, ки ба ҳудуди ноҳияи Шаҳритуз дохил мегардид, ноҳияи Носири Хусрав таъсис ёфт. Аҳолии ин ноҳияи навтаъсис аз 33 ҳазор нафар иборат аст. Имрӯз симои ин минтақа дигаргун гардида, ба водии сабзу хуррам табдил ёфтааст. Чанде пеш, зимни сафар ба ин ноҳия, бо ободкориҳои мардуми ин диёр аз наздик шинос шудем.
Маркази ноҳия ба шаҳраки зебое тадбил ёфтааст. Вақте аз талу теппаҳо гузашта, ба он ворид мегардед, манзараи дилрабое пеши назар намудор мешавад. Ду паҳлуи кӯчаи марказӣ бо гулу дарахтони сарсабз ороиш ёфта, дар охири он қасри боҳашамати фарҳанг намоён аст. Бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар паҳлуи ин қаср ҷойгир мебошад. Дар ин ҷо моро раиси ноҳия Валӣ Ашуров самимона пазиройӣ кард. Ӯро мо як марди хушсуҳбату кордон дарёфтем.
-Воқеан мардуми мо заҳматкашу ободкор аст. Агар мо- роҳбарон ҳамеша бо онҳо бошему аз ҳолу аҳволашон бохабар, мушкилоташонро сари вақт баррасиву ҳал намоем, онҳо аз уҳдаи ҳама кор мебароянд,- гуфт дар оғози суҳбат Валӣ Ашуров ва гуфтаҳояшро бо мисолҳои мушаххас тасдиқ намуд:
-«Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад, агар хоре бувад, гулдаста гардад». Вақте ки роҳбарии ин ноҳияро ба дӯши ман вогузоштанд, адади хоҷагиҳои деҳқонӣ 520-то буд. Имрӯз теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 2250 расидааст. Мо вақте заминҳоро ба деҳқонон тақсим карда додем ва барои фаъолияти самарабахшашон кӯмаку дастгирӣ намудем, онҳо ҷавобан ба ин дар қитъаҳои хеш бошавқу завқ меҳнат карданд ва аз заминҳои шӯрахоке, ки ҳосили баланд гирифтанро чашмдор набудем, маҳсулоти зиёду босифат гирифтанд. Маҳсули дастранҷи деҳқонони моро имрӯз на танҳо дар ноҳия ва гирду атрофи он, балки пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ҳам дидан мумкин аст. Имсол помидору харбузаҳои ноҳияи мо то ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия ҳам расид.
Майдони умумии замини корами обӣ дар ноҳия 6327 гектарро ташкил менамояд. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 1520 хоҷагии деҳқонӣ, 12 адад хоҷагии ёрирасон ва 5 корхонаи хурд ташкил гардида, ба фаъолияти пурсамар пардохтанд.
Ҳаҷми умумии маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ дар нуҳ моҳи соли 2013-ум 122692,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9527,7 ҳазор сомонӣ зиёд ё ин ки баробари 108,4 фоиз мебошад. Ғаллакорони ноҳия имсол дар майдони 1402 гектар ғалла кишт карда, аз ҳар гектар 45 сентнерӣ ҳосил бардоштанд. Инчунин дар 150 гектар ҷуворимакка, 300 гектар ҷав, 10 гектар лӯбиёгӣ, 10 гектар шолӣ, 3050 гектар пахта, 8 гектар офтобпараст, 17 гектар кунҷит, 199 гектар пиёз, 24 гектар сабзӣ, 30 гектар помидор, 10 гектар каду ва дигар намуди сабзавот кишт намуданд.
Меҳнаткашони ноҳия аз номусоидии боду ҳавои зимистонҳои солҳои гузашта хулосаи даркорӣ бароварда, 3250 тонна хӯроки чорво захира карданд. Чорводорону паррандапарварони ноҳия мунтазам саршумори моли майдаю калон ва мурғро афзоиш медиҳанд. Бо кӯшиши онҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 59,5 тонна гӯшт, 99 тонна шир, 53 ҳазор дона тухм ва 7 тонна пашм тайёр карда шудааст.
Дар ноҳия 205 оилаи занбӯри асал низ мавҷуд аст. Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014 дар ноҳия батадриҷ амалӣ шуда, тӯли семоҳаи якуми соли 2013 дар майдони 166 гектар боғҳои нав бунёд гардида, 10 гектар боғҳои куҳна барқарор шудаанд. Майдони умумии боғоти ноҳия 674 гектарро ташкил медиҳад. Дар онҳо асосан навъҳои беҳтарини ниҳолҳои зардолуи «Мирсанҷалӣ», «Бобоӣ» ва ниҳолҳои бодому анор парвариш меёбанд.
Дар рафти суҳбат раиси ноҳия масъалаи таъмини иҷрои қисми даромади буҷети маҳаллиро аз ҷумлаи масоили аввалиндараҷа ва муҳим арзёбӣ кард ва дар ин робита иброз дошт, ки дар нуҳ моҳи соли 2013 нақшаи андоз 100,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷети маҳаллӣ ба ҷойи 3580853 сомонии пешбинигардида 3597692 сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 639376 сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи андози иҷтимоӣ ба қадри 92,63 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷойи 2366837 сомонии пешбинигардида, 2192358 сомонӣ маблағ ворид шуд.
Ба 1 октябри соли 2013 бақияи қарзи андоз ва андози иҷтимоӣ дар ноҳия 3154353 сомониро ташкил дод, ки нисбати 1 октябри соли 2012 ба маблағи 499254 сомонӣ зиёд гардидааст. Маблағи бақияи қарзи андоз аз ҳисоби Идораи давлатии хоҷагии об 1678682 сомонӣ ба вуҷуд омадааст.
Барои гузаронидани зимистони солҳои 2013-2014 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои хариди ангишт ва ҳезум 172 ҳазору 554 сомонӣ ҷудо ва то ин давра 118 ҳазору 878 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Аҳолии ноҳия аз ҳисоби муҳоҷирони дохилӣ зиёд мешавад. Аз соли 2002 то моҳи июни соли 2013-ум 2451 оила аз ноҳияҳои камзамин кӯчонида шуданд ва аз инҳо 1908 оилаашон ҳоло дар ноҳияи мо зиндагонӣ доранд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 50 оила аз ноҳияҳои Ҷилликӯл, Қубодиён, Шӯрообод, Тоҷикобод ва Шаҳритуз муҳоҷир шуда омаданд. Кумитаи заминсозии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2013 якҷоя бо муҳандис-заминсозони ҷамоатҳои деҳот якчанд маротиба ченаки назоратии кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ ва кишти такрорӣ, боғҳои солҳои пешин ва нав бунёдшуда ва заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаро гузаронида, сабабҳои холӣ мондани заминҳоро муайян карда, ба сохторҳои болоӣ пешниҳод карданд. Аз ҷумла муайян гардид, ки соли ҷорӣ дар ноҳия 763,6 гектар замини корами обӣ: дар деҳоти «Фирӯза» -652 гектар, деҳоти «Наврӯз» -11 гектар, деҳоти «Истиқлол» -73,6 гектар замин холӣ монд. Сабабҳои холӣ мондани заминҳо дар майдони 415,6 гектар баландшавии обҳои зеризаминӣ, ки ба ботлоқшавӣ ва шӯршавӣ оварда расондааст ва дар майдони 321 гектар нарасидани об ва қувваи корӣ мебошад. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони кумита ҳамчунин 120 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор, нисбати қонунвайронкунандаҳо 66 дастур дода, 54 протокол ва 54 қарори ҷаримабандӣ қабул карда шуд.
Аз суҳбат маълум гардид, ки дар ноҳия пешравиҳо дар дигар соҳаҳо низ назаррас аст. Аз ҷумла, тавре дар оғоз ишора кардем, ноҳияи навтаъсис мунтазам ободу зебо мешавад. Сохтмончиёни ноҳия давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 5069,3 ҳазор сомонӣ корҳоро иҷро карданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2012-ум 1804,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз тарафи аҳолӣ дар ин давра 4744 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 837 метри мураббаъ зиёд мебошад.
-Мо дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ, пеш аз ҳама ба бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ ва маориф диққати бештар медиҳем. Имсол дар деҳаи Мискинобод аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ як мактабро барои 120 нафар хонанда ба истифода додем. Барои оғози сохтмони хонаи 12 -ҳуҷрадор 50 ҳазор сомонӣ, барои оғози сохтмони майдони варзишӣ барои 3000 ҳазор ҷойи нишаст 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст ва кор дар ин самт идома дорад. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон, аҳолии ноҳия соли ҷорӣ ҳафт бунгоҳи тиббӣ ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ бунёд гардид, ки ҳоло дар хизмати мардум қарор доранд. Ҳамзамон як китобхона ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ, як синфхона барои донишҷӯёни филиали Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа ба маблағӣ 30 ҳазор сомонӣ, як дорухонаи замонавӣ ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ, чор синфхонаи иловагӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20 сохта, ба истифода дода шуд ва дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №9 сохтмони се синфхонаи иловагӣ идома дорад. Ногуфта намонад, ки мо самти фаъолиятро дар бахши тарбияи наврасону ҷавонон, ки ояндаи моянд, пурзӯр кардаем. Худо хоҳад, соли оянда барои онҳо як варзишгоҳи замонавӣ пешкаш менамоем. Хурсандибахш аст, ки дар таърихи ноҳияи навташкили мо порсол хонандаи синфи шаши мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №10 Фотима Раҳмонова дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис сазовори медали тилло гардид,- гуфт раиси ноҳия Валӣ Ашуров.
Дар ҷараёни суҳбат роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Баҳодур Азизов якчанд маротиба ёдрас шуд, ки раисро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 интизоранд. Баъдан, вай ба мо иттилоъ дод, ки чунин вохӯриҳои раис ҳар рӯз дар як мактаб бо омӯзгорон, хонандагон ва падару модарон баргузор мегардад.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»