Навиштам номае...

Омӯзгорони ташаббускори деҳот

№102 (3087) 12.08.2013

Дар Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод сарварони  мактабҳо  ва омӯзгорон дар баробари таълиму тарбия баҳри рушду ободонии мактабҳо  низ ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Аз ҷумла ба мактаби рақами 16-уми деҳаи Дашти Калон Барот Нуров сарварӣ мекунад. Ӯ ҷавони ташаббускору боғайрат буда, ҳамзамон раиси маҳалла низ ҳаст. Бо ташаббуси Барот  Нуров дар деҳа боз ду синфхонаи нав сохта, ба истифода дода шуд. Вай азм дорад дар оянда як бунгоҳи тиббӣ ва як китобхона ба тариқи ҳашар созад. Устоҳои  сохтмончӣ, сокинони маҳаллӣ Хаймурод Шарифов ва Бозоралӣ Рабиев, яке омӯзгор ва дигаре китобдори деҳаанд.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-ро бошад,  Раҳмон Саидов роҳбарӣ мекунад. Вақте ки вай ҳамроҳи омӯзгорон барои сохтани як синфхона оғоз карданд, мушкили норасойии об ба миён омад. Вале онҳо аз  нияташон барнагашта, тавассути оби борон сохтмони синфхонаро анҷом доданд. Нақша  доранд, ки китобхонаи замонавӣ низ бунёд кунанд. Сохтмончиён низ омӯзгорони мактаби деҳаи Кундошаҳр Файзалӣ Тоҷов, Шарифхӯҷа Гулаҳмадов, Назар Саъдуллоев, Ҷумъахон Маҷидов ва Раҷабалӣ Саидов  мебошанд.

Дар таълимгоҳи  рақами 15-уми деҳаи Шаҳрак (директораш Зуҳуриддин Муҳиддинов) бо маслиҳату иқдоми раиси хоҷагии деҳқонии «Шаҳрак» С. Муҳиддинов як хоҷагии ёрирасони мактабӣ таъсис дода, дар он мурғпарварӣ ва занбӯриасалпарвариро ба роҳ мондаанд.

Аҳли мактаби  таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46, деҳаи навбунёди Таи Туто (директораш Қурбоналӣ Сафаров) бо маблағи худашон  дар масофаи 500 метр тавассути қубур оби софу  зулоли  чашмаро ба саҳни мактаб оварданд. Ғайр аз ин, Қ.Сафаров ба бунёд кардани боғ низ таваҷҷуҳи зиёд дорад. Ӯ аллакай дар майдони ним гектар навъҳои гуногуни себро парвариш мекунад.

Рустам САФАРОВ,

мухбири ҷамоатии рӯзномаи «Субҳи меҳнат»-и ноҳияи Муъминобод