Пешниҳод

Ордени Восеъ таъсис шавад

№106 (3091) 24.08.2013

Аз рӯзномаи «Садои мардум» (№ 87, аз 12 июли соли равон) пешниҳоди бародари донишманду худшиносам Амир Сайиди Мункиро зери унвони «125 -солагии Шӯриши Восеъ ҷашн гирифта шавад» хондам, ки бароям бисёр хуш омад. Иловае ба гуфтаҳои донишманди фарзона Амир Сайиди Мункӣ надорам, танҳо ин нуктаро мехоҳам таъкид намоям, ки воқеан аз Восеи диловар ва ғазои ӯ, аз муборизаи озодихоҳона ва ҷанги боадолатонаи ин ҷавонмарди ғаюри оқибат сар ба дори золимону ғосибони замонаш супурда, аз муқовимати сарсахтонаи тоҷикони куҳистони Ховалинг алайҳи ҷабру истибдоди манғит ҳамеша бояд ёд кард ва руҳи поку шикастнопазири он мардони додхоҳу адолатҷӯро бояд таври шоиста гиромӣ дошт. Мубориза ва муқовимати мардона, ҳақталабона ва ватанхоҳонаи Восеи Дараимухториро касе мисли шоири бузурги тоҷик, тасвиргари беназир устод Бозор Собир баён накарда, ки овардани чанд мисрае аз онро ин ҷо зарур медонам:

 Восеъ дар он ҷанги васеъ

Дар кундаи тоҷик бибаст

Урдуи манғитро ҷувоз.

Ӯро ҷувози вопасин, на аз зағир,

На тухми кунҷид будааст

Ӯро ҷувози вопасин

Аз тухми манғит будааст.

Тарғибу таблиғи аҳамияти  мубориза ва фидокориҳои Восеи қаҳрамон ва ёрони шуҷои ӯ дар замони имрӯза, ки ҳама барои боло бурдани андешаи худшиносӣ, эҳсоси худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ роҳ меҷӯем, беҳтарин усул ва муассиртарин ҷодаи расидан бар пояи ин тадбирҳост.

Ҳамчунин аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки ба поси хотири шарифи муборизаи ҷоннисоронаи тоҷикони кӯҳистон бар алайҳи зулму бедодиҳои ҳокимони манғит дар он замони тираву тори амирӣ Ордени Восеъ таъсис дода шавад. Мо нишони Спитамен дорем, ин хуб аст, вале нишоне- ордене надорем, ки ба шарафи мубориза ва қаҳрамонии як тоҷики воқеӣ таъсис шуда бошад. Дар тоҷик будани Восеи ховалингӣ ва ҳатто дар тоҷик будани ҳамсари ҷонфидои ӯ бибии Аноргул, ки ҳамду сано бод бар ӯ, ки то охирин лаҳза хидмати шавҳари диловарашро кард, касе шубҳа надорад. Ман бар ин андешаам, ки агар Ордени Восеъ таъсис дода шавад, ба ифтихороти тоҷикии мо зам мешавад ва моро таконе дигар мебахшад. Фикр мекунам, агар ба фарзонафарзандони миллати мо амсоли Абдуқодир Муҳиддинов, Чанор Имомов, Нисор Муҳаммад, Аббос Алиев, ки дар масири ташкил ва пойдории Ҷумҳурии  мустақили Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ бо душманону бадхоҳони миллат ва пантуркистон дар солҳои 20 ва 30 – юми қарни XX хастанопазир мубориза кардаанд, ба ходими бузурги сиёсӣ ва давлатӣ Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳои беҳамто дар роҳи таҳкими пояҳои давлати миллӣ, эҷоди сулҳу ваҳдат, ба академикҳо Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Раҳим Масов, ба хотири эҷоди асарҳои арзишманди илмӣ ва ҳимоят аз муборизаҳои миллӣ ба устодон Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ, Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир ва Гулрухсор барои осори гаронмояи адабӣ, ки дар худшиносӣ ва худогоҳии миллат, ҳифзи асолати миллӣ ва забону фарҳанги мо пурарзиш мебошанд ва ба Тоҳири Абдуҷаббор, ки дар роҳи расидан ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бунёди давлати миллӣ андеша кард ва талошҳо намуд, ин мукофоти олии Ватан эҳдо шавад, ба таҳкими давлатдорӣ ва ваҳдати миллии мо меафзояд. Заҳмату хизматҳои арзишманди ин нухбагони сиёсӣ ва фарҳангии миллат дар ҷодаи бедории миллӣ, боло бурдани эҳсоси худшиносӣ ва ватандӯстӣ ва дар роҳи расидан ба Истиқлолияти воқеии тоҷик боиси ифтихор ва ҷойи қадр аст.  Агар ин кор анҷом шавад, ваҳдати миллӣ дар кишвари мо зери роҳбарии Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақвият ёфта, мустаҳкамтар мегардад. Онҳое ҳам, ки пешниҳод доштанд ба ин ё он шахсиятҳои миллии дар боло номбурда унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад, бо ба мухотабонашон эҳдо гардидани мукофоти олии Ватан -Ордени Восеъ, ки тимсоли ҷасорат, қаҳрамонӣ ва ватанпарастиву хидматгузорӣ дар роҳи ободӣ ва озодии кишвар дониста мешавад, қаноат ҳосил мекунанд, зеро Восеъ воқеан Қаҳрамони миллии мост ва доштани ордене ба исми ин қаҳрамон маънии қаҳрамон буданро хоҳад дошт.

Пешниҳоди дигари банда ин аст, ки дар тамоми макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ, олӣ ва ҳатто шуруъ аз муассисаҳои томактабии кишвар рӯзгор ва пайкори шоистаи Восеи қаҳрамон ба насли наврас омӯзонида шавад, то ҳамагон аз тифлӣ дар руҳияи нотарсӣ ва далерӣ тарбия бинанд ва ҳамеша дар зеҳнамон ин андеша ва зиракии сиёсӣ ҷо бошад, ки ба муқобили ҳама гуна ҳамалот, ҷабру бедоди бегонагон бояд яктану якҷон ба мубориза бархоста, зарбаи ҳалокатборе бар муҳраи гардани онҳое, ки ваҳдат, истиқлол ва якпорчагии Тоҷикистонро нияти аз байн бурдан мекунанд, бизанем. Ва ҳам муҷассамаи бузурги Восеи қаҳрамонро дар пойтахти кишвар, масалан дар гулгашти назди Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бунёд намуда, он мавзеъро хиёбони Восеъ номгузорӣ кунем ва бад- ин тартиб Қаҳрамони миллии то ҷое фаромӯшшудаи хешро аз қарияи дурдасти кишвар ба қалби давлат биёрем ва меҳмонони зиёде, ки ба Душанбе меоянд, дар бораи ин ҷадди сарбаланди мо маълумоте дошта бошанд. Айб аст, ки Қаҳрамони миллӣ дар маркази кишвар муҷассама ва ё боғу хиёбон надошта бошад. Дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Панҷакент, Ваҳдату Ҳисор ба номи Восеъ кӯчаҳо номгузорӣ шаванд. Он гоҳ мо метавонем бо сарфарозӣ бигӯем, ки Қаҳрамони миллиамонро шоиста арҷгузорӣ кардаем. Чаро дигар миллатҳо ҳамқавмони роҳзан ва хуношоми гузаштаи хешро ҳайкалҳои бузург гузоштаву қаҳрамони миллӣ донистаанду мо бо Восеи ливои адолату озодӣ ва раҳоӣ аз бардагии бегонагон боло барафрошта наметавонем ва ё намехоҳем ифтихор кунем?!

 Толибшо САИДОВ,

 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,  директори мактаби

таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 11- уми шаҳри Душанбе