Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти милитсияи тоҷик баҳои баланд дода, мақомоти корҳои дохилиро ҳамчун сипари боэътимоди кишвар арзёбӣ намуда буд. Вобаста ба фаъолияти имрӯзаи кормандони ин мақомот доир ба таъмини вазъи суботи ҷомеа, ҳифзи қонуният хабарнигорамон бо сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Анвар Тағоймуродов ҳамсуҳбат гардид.
- Ҷиҳати татбиқи фармону супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тадбирҳои зиёдро амалӣ карда истодаанд. Пешгирӣ ва ошкор намудани амалҳои ҷиноятӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомот маҳсуб меёбад, — гуфт дар суҳбат Анвар Ҳайдарович.
Чунончӣ, вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 1994 № 2 «Дар бораи ихтиёран супурдан ва мусодира намудани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои зиёде андешида шуд. Содири ин фармон ва таъмини иҷрои он аз омилҳои суботу оромии ҷомеа ва амнияти шаҳрвандон дониста мешавад. Аз ҷониби кормандони мақомот дар шаш моҳи соли равон 294 адад яроқҳои оташфишон, тирҳои гуногунқутр дарёфт ва мусодира карда шуд. Дар ин самт бо кӯмаку дастгирии аҳолӣ корро идома медиҳем. Зеро маълум аст, ки нигоҳ доштани яроқ дар дасти шахсони ҷиноятпеша хавфу хатари зиёд дорад.
Дар бораи пешгирӣ ва сари вақт кушодани амалҳои ҷиноятӣ кормандони мо аз худ маҳорати хуби касбӣ ва кордонӣ нишон медиҳанд. Имсол 11 ҳолати одамкушӣ (аз порсола ду ҳолат кам) пурра ошкор карда шуд, ки исботи ин гуфтаҳост.
Дигар амалҳои ҷиноятӣ, аз қабили роҳзанӣ (шаш ҳолат), амалҳо ҷиноятии вобаста бо яроқ (чор ҳолат), таҷовуз ба номус пурра кушода шуданд. Нисбати ҳамаи ин амалҳо парвандаҳои ҷиноятӣ кушода, баъди таҳлили ҳаматарафа ба мақомоти дахлдор ирсол гардиданд.
Дар шаш моҳи соли равон дар маҷмуъ дар ҳудуди вилояти Хатлон 2141 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки 1732 адади он ё 93,2 фоиз кушода шудааст.
Бо вуҷуди ин, ҳолатҳои ҷиноие ба амал меоянд, ки мо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро лозим меояд, ҷиҳати пешгирии онҳо чораҳои бештаре андешем.
Ҳарчанд ҳодисаҳои худкушӣ нисбат ба соли гузашта 17 адад кам ба қайд гирифта шуда бошанд ҳам, вазъ ҳанӯз нигаронкунанда маҳсуб меёбад. Аз 62 ҳолати худкушӣ шумораи зиёди онро занон ва ноболиғон ташкил медиҳанд. Ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯйиқасд ба он бештар дар ноҳияҳои Шаҳритус, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷилликӯл ва Қумсангир ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин муддат ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиршуда 136 ададро ташкил доданд, ки нисбати порсола 94 адад зиёд мебошад.
Дар натиҷаи садамаи нақлиёт (152 ҳодиса) 72 нафар фавтида, 155 кас ҷароҳати вазнин бардоштанд.
Ҷой доштани чунин ҳолатҳо дар назди мақомоти мо вазифа мегузорад, ки пеш аз ҳама кори худро бо дарки масъулият, дараҷаи баланди касбӣ ба ҷо орем. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 30 июни соли 2012 № 1291 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» ба беҳтар гаштани фаъолияти мақомот мусоидат карда истодааст.
Дар ин замина шароити хизматии нозирони минтақавии милитсия беҳтар гашта истодааст. Бо кӯмаку дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ онҳо бо утоқҳои корӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ таъмин гашта истодаанд. Давоми соли ҷорӣ ба 59 нафар нозирони минтақавии милитсия қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дода шуд. Ба ин масъала мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Бохтар, Данғара, Фархор, Ҷалолиддини Румӣ, Хуросон, Фархор, Кӯлоб бештар зоҳир карданд.
Ин аст, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалҳои ҷиноятӣ нозирони минтақавии милитсия саҳми назаррас доранд. Ҳоло дар мақомоти корҳои дохилии вилоят 292 нафар нозирони минтақавии милитсия фаъолият доранд. Давоми соли ҷорӣ аз ҷониби онҳо 453 ҷиноят ошкор ва даҳ нафар ҷинояткороне, ки дар кофтуков қарор доштанд, дастгир шуданд. Ҳамчунин 56 адад яроқ ошкор ва мусодира гардид. Нозирони минтақавии милитсия 10 472 протокол оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба мақомоти дахлдор ирсол намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 апрели соли 2013) зарурати риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро таъкид намуд.
-Ҷиҳати татбиқи он, — гуфт дар хотимаи суҳбат Анвар Ҳайдарович, — кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон чорабиниҳои зиёдеро амалӣ карда истодаанд.
Вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 722 протокол оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Нисбати 599 нафар ба маблағи 26.760 сомонӣ ҷарима муқаррар карда,113 нафар огоҳонида шуданд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»