Дар партави Паёми Президент

Ҳосили фаровон туфайли меҳнати ҳалол ба даст меояд

№96 (3242) 15.08.2014

350х350Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани афзалиятҳо бобати устувор гардонидани имкониятҳои мақомоти идоракунии маҳаллӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардуми деҳот хеле бамаврид сухан рафтааст.

Атрофи ин масъала суҳбате доштем бо раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Юсуфзода Бароталӣ.

-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба соҳаи  кишоварзӣ, бахши коркарди маҳсулоти он ва ҳавасманд гардондани кишоварзон барои истифодаи самараноки обу замин диққати доимӣ медиҳад. Дар ин самт мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия чӣ тадбирҳо  андешидааст?

-Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 апрели соли 2014 низ зикр шудааст.

Тавре Сарвари давлат таъкид доштанд,  амалисозии маҷмӯи тадбирҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт имкон медиҳад, ки  талаботи аҳолиро ба молҳои асосии озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсолоти дохилии кишвар ҳар чӣ бештар таъмин созем ва ба ин васила ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегиамон- ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ноил гардем.

Ин супориши Сарвари давлат аз вазифаҳои асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳисоб меравад.

Вахш асосан  ноҳияи кишоварзӣ мебошад. Кишоварзони ноҳия ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои обу замин таҷрибаи бой доранд. Бо истифода аз дастгирии давлатӣ ба ин соҳа кишоварзон барои  истеҳсоли ҳар чӣ бештари маҳсулот аз шароиту имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода мебаранд.

Имсол заминҳои корами кишоварзӣ пурра истифода бурда шуда, кишти маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 15766 гектарро ташкил дод. Аз ҷумла дар майдони 9672 гектар пахта, 3698 гектар ғалла,  693 гектар сабзавот, 1030 гектар полезӣ ва дигар намуди маҳсулот кишт гузаронида шуд.

Кишоварзон туфайли меҳнати ҳалол ва истифодаи таҷрибаи деҳқонӣ аз ин заминҳо ҳосили фаровон гирифтанд. Ҳосилнокии ғалладона аз ҳар гектар заминҳои обӣ 51 сентнерӣ ва лалмӣ 23 сентнериро ташкил дод.

Дар ин давра истеҳсоли полезӣ аз ҳар як гектар ба 270, сабзавот 213, картошка 216 сентнерӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 20- 21 сентнерӣ зиёд мебошад.

Айни замон деҳқонон ба кишти такрории зироатҳо машғуланд. Мақсад доранд зироатҳоеро кишт кунанд, ки ба шароит ва иқлими маҳал мутобиқ бошанд ва ҳосили хуб диҳанд.

Алҳол нашъунамои пахта хуб аст. Хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста ба таҷрибаи  андӯхтаашон ва имконоти мавҷуда бо хоҳиши худ аз тухмиҳои хушсифат ва серҳосил истифода мебаранд. Мақсад доранд, ки дурнамои истеҳсоли пахтаро пурра ба иҷро расонанд.

Дар ноҳия 13 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки дар 6-тои он пахтаи хоҷагиҳои деҳқонӣ коркард мешавад.

-Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тадриҷан аз мамлакати аграрӣ- саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил додани кишварамон андешаҳои ҷолиб иброз доштанд. Вобаста ба ин пешниҳод намуданд, ки солҳои 2014- 2020 давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти  коркарди ашёи хоми  ватанӣ эълон шавад. Вобаста ба ин масъала чӣ чорабиниҳо амалӣ мегарданд, то ки ашёи хоми маҳаллӣ коркард шавад?

-Қабл аз ҳама, ҷиҳати ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва тақвият бахшидани нишондиҳандаҳои истеҳсолии онҳо, муассир ба роҳ мондани фаъолияти мунтазаму самараноки  иқтидорҳои саноатӣ ва ба ин восита таъсис додани ҷойҳои нави корӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Рушди соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолиро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Бо дастгирии мо аз ҷониби соҳибкор Ҷӯрахон Сафаров корхонаи коркарди маҳсулоти ангур ба роҳ монда шуд. Ҳоло дар ин корхона ба иқтидори 30 ҳазор қуттии шартӣ меваю сабзавот коркард мешавад. Дар деҳоти «Тоҷикобод» бошад, аз тарафи соҳибкор Илҳом Хушов сохтмони корхонаи меваю сабзавот дар арафаи анҷомёбист. Иқтидори солонаи он коркарди 150 тонна мева мебошад. Барои бо ашёи хом таъмин намудани он боғи дарахтони мевадиҳанда, аз қабили  гелосу олуболу ва ғайра бунёд шудааст, ки  ба ин восита чандин нафар бо ҷойи нави корӣ таъмин гардидаанд.

Боиси хурсандист, ки занон ҳам ба соҳибкорӣ ҷалб гардида истодаанд. Соҳибкор Ҳидоят Шарипова дар шаҳраки Вахш сехи қолинбофиро ба роҳ мондааст. Бо истифода аз ашёи хом, ки дар маҳал зиёд аст, дар ин корхона бештар аз 20 нафар занону духтарон ба кори доимӣ ҷалб карда мешаванд.

Сохтмони чандин корхона ва сехҳои истеҳсолии дигар низ дар назар аст, зеро ба фаъолияти доимии онҳо имконият ва захираи ашёи хом мусоидат мекунад.

-Дар робита ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2014» дар ноҳия чӣ чораҳо андешида истодаед?

-Ба ин масъала, яъне васеъ намудани майдони боғу токзор, рушди минбаъдаи он диққати ҷиддӣ медиҳем.

Оид ба иҷрои барномаи давлатӣ дар ин соҳа соли ҷорӣ дар майдони 166 гектар боғҳои  мевадиҳандаи содиротӣ бунёд шуд, ки иҷрои нақша ва дурнамо пурра таъмин гардид. Аз ҷумла, дар майдони 16,7 гектар себ, 35,4 гектар зардолу, 33,4 гектар шафтолу, 19,5 гектар  бодом ва дигар намуди меваю ангур шинонида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ хотиррасон намуданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои ташкили боғу токзори нав имкониятҳои мусоид ҳанӯз зиёданд. Аз ин рӯ, ба рушди минбаъдаи он дастур доданд.

Чунин имконият дар ноҳияи мо низ мавҷуд мебошад. Дар бунёди боғҳои нав аз заминҳои обӣ ва лалмӣ истифода мебарем. Ба ин восита истеҳсоли маҳсулот афзуда, сатҳи зиндагии мардуми деҳот беҳтар мегардад.

-Тавре мушоҳида мешавад, ба масъалаи сохтмон ва ободонӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  солҳои охир аҳамияти калон медиҳад. Иншооти таълимиву тандурустӣ, истеҳсолӣ ва истиқоматӣ сохта шудаанд, ки сабаби фароҳам  овардани шароити хуб барои зиндагии мардум мегарданд. Дар оянда боз чӣ нақшаҳо доред?

-Пешрафти босуботи иқтисоди кишвар дар асоси санадҳои барномавӣ, пеш аз ҳама, «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015», «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2015» ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ таъмин мегарданд. Татбиқи ин барномаҳо, ки дар Паёми Сарвари  давлат зикр гардидаанд, вазифаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад. Иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои муайянгардида аз роҳбарони мақомоти дахлдор  масъулияти зиёдеро талаб менамояд.

Тавре зикр кардед, доир ба ободонӣ ва сохтмон дар ноҳия корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Айни замон аз ҳисоби маблағҳои Раёсати сохтмони асосии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфарш ва таъмир намудани кӯчаҳои маркази ноҳия -шаҳраки Вахш ба масофаи 6,1 километр дар арафаи анҷомёбист. Таъмири биноҳои таълимӣ, хобгоҳ ва иншооти ёрирасонии мактаб- интернати ноҳия давом дорад ва то саршавии соли нави хониш анҷом меёбад. Ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони шаш синфхона дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии  №29-и деҳоти «Рӯдакӣ» ва аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сохтмони 16  синфхонаи иловагӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №21-и деҳаи «Пахтакор» оғоз гардидааст.

Дар корҳои сохтмону ободонӣ соҳибкорон низ иштироки фаъолона доранд. Соҳибкор Раҳматулло Муқимов дар сохтмони маркази савдо ва коргоҳи тайёр намудани дару тирезаҳои пластикӣ дар шаҳраки Вахш саҳмгузорӣ намуда истодааст, ки ба наздикӣ анҷом хоҳад ёфт.

Сохтмони бинои сеошёна дар кӯчаи Х. Давлатов, воқеъ дар шаҳраки Вахш, бо маблағгузории соҳибкор Эркинҷон Мирзоев идома дорад. Бо анҷоми ин бино  чандин оила соҳиби манзили зист мегарданд.

Дар деҳаи Саъдии Шерозии деҳоти «Рӯдакӣ» аз ҷониби ҶДММ «Беҳрӯзи Мурод» корхонаи ресандагӣ сохта мешавад, ки бо ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият хоҳад кард.

Ин ва дигар сохтмонҳо аз ҷумлаи  иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб мераванд. Ба истиқболи 20- умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде аз ин иншооти истеҳсолӣ, таълимӣ ва дигар таъйиноти иҷтимоӣ- фарҳангидошта мавриди истифода қарор мегиранд.

Ҷиҳати иҷрои  дастуру ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум нигаронида шудаанд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад намуд.

А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»