Одамони сарбаланд

Пайроҳаи тақдир

№160 (3145) 25.12.2013

Вақте инсон тавлид меёбаду дар оғӯши гарму пурмеҳри модар ва шафқату ғамхориҳои падар ба воя мерасад ва  ҳаётро каме дарк менамояд, гумон мекунад, ки дунё ҳамин зодгоҳаш, яъне деҳа ё шаҳрест, ки ӯ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Тавлиди тифли навбатӣ дар хонадони амаки Абдулло ва холаи Моҳикалон, ки дар деҳаи Сангтӯда зиндагӣ мекарданд, ба хонадони сарду дилҳои дардманди онҳо гармию умед бахшид, зеро писари ягонаи онҳо дар синни кӯдакӣ ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардидаву онҳоро ғамзадаву бемор гардонида буд. Ин тифли навзод туҳфаи Илоҳӣ буд, ки ба ҳамсарони ноумедшуда умеду неруи нав бахшид. Номашро Қурбон ниҳоданд. Вақте Қурбон шашмоҳа шуд, падари аз зарбаҳои зиндагӣ бемору бистаришудааш вафот кард ва бори вазнини зиндагӣ ба дӯши  модар афтид.

Арафаи солҳои мудҳиши чилум буд ва холаи Моҳикалон ба тифлаш шир маконда, гавҳораи ӯро ба хонаи ҳамсоя бурда мемонду ба кор мерафт (ҳам кори хоҷагиро анҷом медоду ҳам дар мактаби деҳа фаррош буд). Бо вуҷуди мушкилоти рӯзгор ва танҳоияш зани ҷавон кӯшиш мекард, ки бачаашро хуб тарбия кунад, ба серӣ хӯронаду нағз пӯшонад. Қурбон калонакак ва роҳгардону кӯчадавак шуда, бо ҳамсолон ғарқи бозиҳои кӯдакона гумон намекард, ки рӯзе тақдир ӯро аз ин муҳит берун мекунаду ба шаҳрҳои калон мебарад ва худ бунёдкору созанда мегардад.

Амаки Қурбон- Шамсуллоро айёми бачагиаш ҳукумати нави Шӯроҳо чун дигар фарзандони батраку камбағалон ба тарбия худ гирифта буд ва баъдан хондаву одами калон гардид. Тобистони соли 1940 Шамсулло Юсуфов, ки он вақт раиси Комиҷроияи шаҳри Сталинобод буд, ба деҳаи Сангтӯда омад ва холаи Моҳикалонро розӣ кунонида, ҷиянаш Қурбонро ҳамроҳи худ ба пойтахт бурд. Дар шаҳри Сталинобод ӯ ва ҳамсараш Мария Павловна Юсуфова Қурбонро чун фарзанди худ тарбия карда, ба воя расониданд. Ин ду нафар инсони некният минбаъд дар тарбияву камол ёфтани Қурбон нақши бузург бозиданд. Дар баробари нигоҳубини доимиву тарбия ӯро ҳамроҳи бародархондаҳояш Киму Валиҷон ба боғча супориданд. Баъди азобу ранҷҳои ятимӣ ва одат кардан ба муҳити шаҳр ва оилаи бонуфузи шаҳрӣ зиндагии Қурбон ранги дигар гирифт. Аммо ёду фироқи Сангтӯда, модари мушфиқу меҳрубонаш ва дӯстони аввалини айёми бачагиаш ҳеҷ гоҳ аз ӯ дур намешуданд. Дар боғчаи бачагон бо Зафар Нозимов (баъдан сарояндаи машҳур, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон), Барот Ҷабборов (баъдан вазири сохтмони деҳоти ҷумҳурӣ) ва чанде дигарон дӯстӣ пайдо кард.

Наврасию айёми таҳсилаш дар мактаб бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад. Вай ва ҳамсолонаш дар чеҳраи калонсолон ҳамеша ғаму андӯҳро медиданд ва мушоҳида мекарданд, ки ҳама парешонхотиру серташвишанд. Бинобар ин, мураббиён, омӯзгорон ва волидайни хешро саволборон мекарданд. Бачаҳо гумон доштанд, ки немисҳо паси қаторкӯҳҳои Ҳисор маъво гирифта, пагоҳ ё пасфардо омада, шаҳру боғчаи зебои онҳоро харобу валангор ва ба хок яксон мекунанд, мураббияҳои мушфиқу ғамхорашонро асир гирифта, ба ким-куҷое мебаранд. Ана ҳамин тавр, ҷанг дар тасаввурот, хотиру андешаҳои хурду калон, таъсиру нақши шуми худро мегузошт…

Вақте Қурбон даҳсола шуд, Шамсулло Юсуфов ва Мария Павловна ӯро ба синфи якуми мактаби ҳафтсолаи рақами 11 супориданд. Вай бо шавқу завқ мехонд ва барои ҷисман обутоб ёфтан аъзои ҷамъияти варзишии «Спартак» шуда, машқ мекард. Ҳангоми дар синфи ҳафтум хонданаш дар чемпионати Тоҷикистон оид ба муштзанӣ (бокс) сазовори ҷойи аввал ва дар мусобиқаи умумииттифоқии дар шаҳри Рига баргузоршуда бо диплому мукофотҳо сарфароз гардид. Дар чунин муҳиту шароит ҳамчун ҷавони ҷасуру ростқавл, ҳақиқатпарасту адолатхоҳ ба воя мерасид ва сарпарастонаш аз ӯ фахр мекарданд.

Соли 1950 Шамсулло Юсуфовро ҷонишини вазири саноати сабуки ҷумҳурӣ таъин мекунанд. Он вақт Қурбон мактаби ҳафтсоларо хатм карда буд ва барои идомаи таҳсил ба техникуми бофандагии шаҳр дохил шуд. Баъди чор соли таҳсил соҳиби дипломи аъло ва ихтисоси техник-технологи саноати бофандагӣ гардида, ҳуҷҷатҳояшро боз ба факултети муҳандисию механикии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон супорид. Дар ин донишкадаи бонуфуз хуб таҳсил мекард ва ҳамзамон мураббии варзиш оид ба муштзанӣ(бокс) буд.

Баъди хатми бомуваффақияти донишкада ва хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ бо роҳхати Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Регар рафта, якчанд сол дар он ҷо ба сифати сармуҳандис кор кард. Фаъолияти минбаъдааш,  аввал ба сифати механик, баъд сармеханики СМУ-11, СУ-13-и трести «Гражданстрой» идома ёфт.

Қурбон Шамсуллоевич Юсуфов, ки ҷавони боғайрат ва мутахассиси хубу ташаббускор буд, давоми ду-се соли кор дар идораҳои мазкур байни роҳбарони тресту вазорат  чун  ташкилотчии моҳири истеҳсолот шинохта шуд. Аз ин сабаб ӯро сармуҳандиси Раёсати «Главтоҷикстрой» таъин карданд. Он вақт мутахассиси варзидаи дурандеш фикр мекунад, ки барои хизматрасонии техникии идораҳои сохтмонӣ таъсиси як корхонаи таъмиру тармими мошину механизмҳои сохтмонӣ чун обу ҳаво зарур аст. Баъди давутоз ва кашмакашиҳои зиёд 30 апрели соли 1963  қарори Ҳукумат дар бораи сохтмони заводи «Ремстройдормаш» қабул шуд. Инро Қ. Юсуфов дар ҳаёти хеш рӯйдоди фараҳбахшу фаромӯшношуданӣ медонад. Корхонаи мазкур соли 1966 дар маҳаллаи Политехникуми шаҳри Душанбе  ба истифода дода шуд.

Соли 1964, вақте дар заминаи «Главтоҷикстрой» Вазорати сохтмон ташкил ёфт, сардори Раёсат Қурбон Раҳмоновро вазири он ва Қурбон Шамсуллоевичро бошад, сардори трести «Тоҷикспетстроймеханизатсия» таъин мекунанд. Давоми сенздаҳ соли сарварии ӯ дар пойтахти кишвар хонаҳои зиёди баландошёна қомат афрохта ва симои шаҳри Душанбе ба куллӣ дигар гашт. Дар ин давра трести мазкур ду панҷсола ғолиби мусобиқаи сотсиалистии умумииттифоқӣ гардида, худи Қ. Юсуфов бо ду ордени «Нишони фахрӣ» , медали «Барои меҳнати шоён» ва чандин раҳматномаю ифтихорномаҳои ҳукуматҳои Иттифоқу ҷумҳурӣ сазовор гардид. Нақши роҳбарон, ҳайати кормандони муҳандисӣ ва сохтмончиёни трест дар бунёду тармими комбинати равған, корхонаҳои ба номи Орҷоникидзе, Текстилмаш, яхдонбарорӣ, «Тоҷикагрегат»-и шаҳри Душанбе, чандин маҳаллаҳои истиқоматию хатҳои гармидиҳӣ ва қубурҳои обгузар, заводи нуриҳои азотии Вахш, комбинати абрешиму қолинбофии Хуҷанд, корхонаи «Автозапчаст» дар Конибодом,  фабрикаи трикотаж дар Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан), комбинати хизмати маишӣ ва меҳмонхонаи «Хатлон» дар Кӯлоб, заводи кимиёии Ёвон ва ғайра калон аст.

Қурбон Шамсуллоевич бо ҳунару истеъдоди роҳбарӣ ва кордонию масъулиятшиносиаш дар ободии тамоми гӯшаҳои кишварамон саҳмгузорӣ намудааст. Дар ин бобат дар дафтари ҳаёту фаъолияти вай корнамоиҳои хеле зиёд сабт шудааст. Аз ҷумла, соли 1964 Ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи сохтмони хоҷагии шаҳри Хоруғро тасдиқ кард. Вале барои татбиқи амалии он ягон вазорат ё идора ҷуръат намекард. Сабаб: роҳ дур, барои сохтмони иншооту биноҳои бисёрошёна таҷҳизоти ҳаҷман калон бурдан лозим. Хусусан, дар шароити роҳи кӯҳистон кашонида бурдани крани манорадор имконнопазир буд.  Ин мушкилот роҳбаронро ба ташвишу андеша овард. Дар ин ҳолат Қурбон Шамсуллоевич иҷрои вазифаро бар уҳда гирифт. Крани манорадорро ба қисмҳо ҷудо намуда, тавассути ҳафт мошини ЗИЛ, ба воситаи роҳи Қирғизистон-ағбаи Ҳақбайтал-Ош ба Хоруғ кашонданд. Дигар механизму таҷҳизотро бо роҳи дохилиҷумҳурӣ бурда, ба сохтмон оғоз карданд.

Ин ҷо бамаврид аст порае аз суханони ҷонишини сардори трести «Спетсстрой» Г. К. Шишкинро биёрем: «Нест дар Тоҷикистон нуқтае, ки дасти созандаю бунёдкори Қурбон Шамсуллоевич нарасида бошад!..ҳамагон эътироф мекарданду мекунанд, ки таҳкурсии индустрияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро Юсуфов Қурбон Шамсуллоевич гузоштааст».

Чунин хизматҳои шоистаро Қ. Ш. Юсуфов дар ноҳияи Ёвон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ анҷом додааст. Вай то ба нафақа баромаданаш дар вазифаҳои масъул кор карда, корҳои ободонию созандагиро идома дод ва соли 1994 ба нафақа баромад. Пайроҳаи тақдир ин шахсро, ки зодаи як деҳаи хурди кӯҳистон буд, шуҳратманду номовар гардонид ва ӯ пастиву баландиҳои зиёдеро паси сар карда, ба қуллаҳои мурод расид. Имрӯз Қурбон Шамсуллоевич Юсуфов ба синни мубораки ҳаштод қадам ниҳодааст. Ба ин марди  созандаву заҳматкаш саломативу хушҳолӣ таманно мекунем.

Таҳияи Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»,

Аз китоби Карим Давлат «Фарзанди Душанбе», Душанбе «Шарқи озод», соли 2003