Парвоз аз фурудгоҳи Қӯрғонтеппа

№58-59 (3043-3044) 17.05.2013

ҚӮРҒОНТЕППА.(Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Баъди таваққуфи тӯлонӣ аз фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа  парвози тайёраҳои мусофиркаш ба шаҳрҳои Федератсияи Россия аз нав ба роҳ монда шуд. Акнун аз фурудгоҳи маркази вилояти Хатлон парвози тайёраҳо ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва ғайра ба ҷо оварда мешаванд. Дар ин хатсайрҳо тайёраи тамғаи «Аэробус — А-320» — и дорои ғунҷоиши 180 мусофир ва Боинг-737, ки 136 ҷойи нишаст дорад, парвоз мекунанд.