Сокинони касбу кори гуногуни шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб оид ба Паёми Президенти мамлакат андешаҳояшонро ба мухбирамон чунин баён карданд:
Ғазалшоҳ САФАРОВ, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор: - Дар хулосаи Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) чунин омадааст: «Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем».
Амалӣ шудани ин даъват, дар навбати аввал ба мо-маорифчиён вобастагӣ дорад. Ватанпарастӣ ва меҳри он аслан дар вуҷуди кас ҳангоми тифлӣ аз аллаҳои модарон дар гаҳвора шурӯъ мешаваду баъдан ин сифати олии одамӣ тавассути мураббию омӯзгорони варзида дар кӯдакистону мактабҳо сайқал меёбад. Бидуни он бобати арзишҳои бузург, аз қабили ҳимояи содиқонаи манфиатҳои миллию давлатӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои давлат сухан гуфтан душвор аст.
Хушбахтона, дар ноҳияи Фархори бостонӣ оид ба расидан ба ин ормонҳои бузург пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Раиси ноҳия Раъно Раҳимзода, ки худ соҳиби тафаккури баланди миллист, аз ҷумлаи пешоҳангони ин тадбирандешӣ маҳсуб меёбад. Масалан, бо дастгирии ин зани оқила рӯзномаи «Минбари омӯзгор» таъсис ёфта, масъулони он баҳри баланд бардоштани нишондиҳандаҳои меҳнатии омӯзгорони ноҳия талош меварзанд. Як сол пеш бо ташаббуси бевоситаи раиси ноҳия барои ҳавасмандгардонии хонандагони фаъол бо номи «Соҳибватан» ҷоиза таъсис ёфта буд.
Давоми соли 2014 дар ҳудуди ноҳия тавассути маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорони баору номус, ашхоси саховатпеша ва истифода аз усули ҳашар даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ ва чор кӯдакистон сохта шуд.
Хуллас, Паёми навбатии Президенти кишвар ба маорифпарварони фархорӣ неру ва илҳоми тоза зам намуда, онҳо барои расидан ба зиндагии нек ва ормонҳои бузург ин ҳуҷҷати муҳимро раҳнамои хеш пазируфтаанд.
Рухшона ИБРОҲИМОВА, мутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб: — Вақте рафти ироаи Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона тамошо мекардем, мушоҳида намудам, ки бештари ҳозирин ҳангоми бобати издивоҷи хешутаборӣ ҳарф задани Сарвари давлат изҳори қаноатмандӣ мекарданд. Баъди анҷоми Паём, ки аксари нишастагони толорро занҳо ташкил мекарданд, баёни андешаҳои худро миёни ҳам маҳз аз ҳамин масъалаи доғ шурӯъ намуданд. Нигаронии Сарвари давлатро бамаврид шуморида, аз оқибатҳои нохуши издивоҷи хешутаборӣ ёдовар шуданд.
Президенти ҷумҳурӣ, аз ҷумла зикр намуданд, ки имрӯз қариб 13 ҳазор кӯдакони то синни 18-солаи маъюби аз никоҳи хешовандӣ таваллудшуда зери нигоҳубину парастиши давлат қарор доранд.Ин рақам воқеан ҳам боиси таассуфу андеша аст.
-Гулҷаҳон БОЛТАЕВА, мудири Шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: - Дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рақами аз ҳама таассуфангезу нигаронкунанда ин бекор шудани 9 ҳазор ақди никоҳ, аз 95500 ақди никоҳи дар соли 2014 ба қайд гирифташуда мебошад. Ин рақам нисбати соли 2013-ум 9,5 фоиз зиёд аст. Сарвари давлат дуруст зикр намуданд, ки сабаби ин ҳолати нигаронкунанда, дар навбати аввал, тайёр набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад. Боварӣ дорем, ки бо таъсиси ниҳоди нав ҷиҳати ба роҳ мондани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дар таъсиси институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ин масъала ранги дигар мегирад.
Сарвари давлат баҳри беҳбуд бахшидан ба ин вазъи нигаронкунанда зимни ироаи Паёми хеш пешниҳод намуданд, ки дар муассисаҳои таълимии кишвар омӯзиши масоили оиладорӣ ба роҳ монда шавад. Гуфтаниам, ки омӯзиши ин фан дар гузашта натиҷаҳои хуб ба бор оварда буд ва ҷорӣ намудани он саривақтист.
Таҳияи Т. ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»