Пешравиҳо назаррасанд ва афзун мешаванд

№12 (3158) 05.02.2014

Барои кишоварзони ноҳияи мо соли 2013 соли дастовардҳо ва пешравиҳо буд. Дар маҷмӯъ ба маблағи беш аз 323 миллион сомонӣ  маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбати соли пешин  29 миллион сомонӣ зиёд аст.

Мардуми ҷумҳурӣ ба хубӣ аз ангуру  себ, картошкаи овозадори Муъминобод огоҳанд. Акнун зимни Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2014», «Барномаи рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2014» ин соҳаҳо аз нав эҳёву тараққӣ меёбанд. Шуҳрати пештараро дар боби афзоиши истеҳсоли меваю ангур ва картошка барқарор  карданием. Бесабаб набуд, ки фақат дар як соли охир 317 гектар боғу токзори нав бунёд ёфт. Ҳоло майдони боғҳо ба 2302 гектар ва токзор ба 602 гектар расидааст. Ниҳоли ҳамаи боғҳои нав дар ҳудуди ноҳия парвариш шудааст. Аз ниҳолхонаи ноҳия ҳатто аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ омада, ниҳоли мевадиҳанда, қаламча, арчаю сарв мебаранд. Деҳқонони мо майдони боғҳои содиротиро низ васеъ менамоянд. Дар заминаи боғу токзорҳо тӯли се соли охир чор корхонаи  хурди коркард ба фаъолият шурӯъ кард ва ин раванд идома меёбад.

Дар соҳаи картошкапарварӣ ҳам  натиҷаҳоямон  бад нестанд. Соли 2012 истеҳсоли картошка ба 22 ҳазор ва соли гузашта ба 28 ҳазор тонна расид. Қариб шаш номгӯйи картошкаҳои тухмӣ ва озуқаворӣ парвариш меёбад. Се сол пеш бо иқдому дастгирии олимони соҳа дар ноҳия тухми картошкаи навъи «Муъминобод» бароварда шуд. Ҳосилнокии он хеле хуб буда, хуштаъму бомазза аст. Зиёда аз 25 нафар фермерҳои ноҳия, аз қабили Раҷабалӣ Шарифов, Мирзо Зуҳуров, Раҳматшо Каримов, Ғоиб Зоиров ҳосилнокии картошкаро ба 260- 300 сентнерӣ расониданд.

Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ният ҳаст, ки 600 гектар замин дар мавзеъҳои Яхчашма ва 3000 гектар замин дар мавзеи Ҳанатарош аз нав обёрӣ шавад. Даҳсолаҳо боз хатҳои обии ин мавзеъҳо аз кор монда буд. Бо обёрӣ гаштани ин заминҳо мо метавонем истеҳсоли солонаи картошкаро ба 60- 70 ҳазор тонна расонем.

Бояд зикр намоям, ки меҳнаткашони ноҳияамон ба ривоҷу равнақи соҳаҳои занбӯриасалпарварӣ, гиёҳҳои доругӣ, асппарварӣ низ аҳамияти калон медиҳанд. Агар ҳоло 7531 оилаи занбӯри асал, 3249 сар асп мавҷуд бошад, солҳои оянда ин нишондодҳоро ду баробар зиёд карданием. Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки танҳо дар  бахши хусусӣ ҳоло саршумори моли майда ба 109 ҳазор сар, чорвои калон ба 33 ҳазор сар мерасад. Баҳри хушзоткунӣ ва тараққии бемайлони чорводорӣ ҳоло дар ноҳия ҳафт бунгоҳи байторӣ амал мекунад. Соли гузашта ба корхонаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 3700 кило хуч, 2900 кило гиёҳҳои дигари доругӣ фиристодем. Ҳоло дар 422 гектар плантатсияҳои нави ниҳолҳои хуч, чормағз, гиёҳҳои доругӣ бунёд гардидааст ва аз рушди бахшҳои нави сердаромад гувоҳӣ медиҳад.

Довуд ИДИЕВ, муовини раиси ноҳияи Муъминобод