Рӯ ба рушди ҷомеа

№89-90 (3074-3075) 23.07.2013

Мулоқоти  Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар дар рушди маънавиёти ҷомеа нақши муассир мегузорад, зеро  Президенти мамлакат  дар ин вохӯрӣ оид ба паҳлуҳои гуногуни  ҳаёти  иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дигар масъалаҳое, ки имрӯз ҳалли онҳо дар мадди аввал меистанд, суханронӣ кард. Сарвари давлат муҳимтарин масоили доғи рӯзро  ба миён гузошт, ки ҳалли онҳо ба донишу истеъдоди тарғиботии  аҳли ҷамоатчигии мамлакат нигаронида шудааст.

Дар ноҳияи Восеъ низ ҷараёни амалисозии сиёсати  давлатӣ дар ҳама самтҳои  иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи дин-фаъолияти  масҷидҳо, таҳия ва ба низом даровардани  ҳуҷҷатҳои расмии онҳо, ҷиҳати ба ҷо овардани рукнҳои тоату  ибодат во-баста  ба шароити  маҳалли зист   бомаром ва дар чорчӯбаи талаботи  қонунҳои  ҷорӣ  сурат мегирад.

Айни замон дар ноҳия 58       масҷид, аз ҷумла  12 масҷиди ҷомеъ  ва  46  масҷиди панҷвақта тибқи (Оиннома) низомномаҳои бақайдгирифтаашон фаъолият карда, ҳуҷҷатгузории  36 масҷиди дигар дар ноҳия дар истеҳсолоти сохтори ваколатдор қарор дорад, ки ин талаботи ибодати беш аз 21 ҳазору 500 нафар намозгузоронро дар як вақт метавонад қонеъ гардонад. Ба масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта аксари имомхатибон бо маълумотҳои  олии динӣ  имоматӣ доранд.

Мавқеи ҷойгиршавии мас-ҷидҳо  бо талаботи муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»  пурра мувофиқ буда, он аз ҷониби  мақомоти ваколатдор оид ба корҳои дин, бо назардошти дурии роҳ ва сомонбахшии эҳтиёҷу ниёзи ибодатии сокинони маҳаллаҳои дурдаст танзим шудааст.

Дар маркази  ноҳия — шаҳраки Восеъ айни замон ду масҷиди ҷомеъ ва чор масҷиди  панҷвақта фаъолият карда, зиёда аз  5,5 ҳазор нафар  намозгузоронро дар як вақт фаро мегирад. Ин рақам, бо назардошти иштироки намозгузорон дар рӯзҳои намози ҷумъа ва  намози идҳои динӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Дар  рӯзҳои муқаррарӣ теъдоди намозгузорон дар ҳамаи шаш масҷид  аз 1,5 ҳазор нафар беш нест.

Дар мулоқоти Сарвари давлат аз номи имомхатиб Ҳасанов У. пешниҳод гардид, ки аз сабаби набудани масҷиди ҷомеи марказӣ, қитъаи замин барои сохтмони масҷид ҷудо карда шавад. Воқеият бошад, тамоман дигар буда, шароит барои намозгузорон, аз ҷумла дар маркази ноҳия, ба талабот ҷавобгӯ  аст. Аз ин рӯ, пешниҳоди бемаврид ва бе таҳлили амиқ садо дод.

Бинобар ин,  бунёди боз як масҷиди  ҷомеъ дар маркази ноҳия зарурат надошта, аз 12 масҷиди ҷомеъ якеашро метавон масҷиди ҷомеи марказии ноҳия интихоб кард.

Дар маркази ноҳия — шаҳраки Восеъ масҷиди ҷомеи ба номи Ҳазрати Муҳаммад (с) амал мекунад, ки он бо тарзу услуби меъмории замонавӣ сохта шудааст. Масҷиди мазкур ҳудуди як гектарро дар бар мегирад ва он бо  шароити барои тоату ибодат зарурӣ таъмин мебошад. Мавҷудияти шароиту имкониятҳо дар дигар масҷидҳои панҷвақтаи  ҳудуди шаҳрак низ ҷавобгӯйи талаботи қонун ва  ниёзҳои намозгузоронанд.

Бинобар ин,  хуб мешуд, агар аҳли дини ноҳия ба баланд бардоштани  дараҷаи тахассусии имомхатибон, васеъ кардани ҷаҳонбинии мардум бо роҳи таблиғи  беҳтарин  амалҳои  шоиста-даъвати ҷавонон  ба ҳифзи арзиш-ҳои миллӣ, ваҳдату якпорчагии ватан, бунёдкориву созандагӣ ва касбомӯзии ҷавонон тавассути  фармудаҳои Худову Расул ва пири мазҳабамон Имоми Аъзам ва ба дини мубини ислом диққати бештар диҳанд.

Дар баробари ин, як қатор мушкилоте мавҷуд аст, ки мақомот ва аҳли ҷомеаи ноҳия ба он диққати бештар бояд диҳад. Масалан, дар маркази ноҳия мавҷудияти чор мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як гимназияи давлатӣ бо фарогирии беш аз ҳафт ҳазор хонанда ва таҳсилоти онҳо дар ду баст воқеан боиси чораандешист. Ҳамасола  теъдоди 1,5 ҳазор толибилмони синфҳои якум дар ҳудуди шаҳрак меафзояд ва табиист, ки зарурати сохтмони мактаб ё синфхонаҳои нав ба миён меояд.  Ҳамчунин  васеъ гардидани ҳудуди шаҳрак ва пайдо шудани маҳаллаҳои нави аҳолинишин  сохтани нуқтаҳои тиббӣ, фарҳангӣ ва дигар иншооти хизматрасониро тақозо мекунад.

Боиси хушнудист, ки бунёди мактаби нави замонавӣ дар майдони ду гектар шуруъ шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар ноҳия сохтмон ва тармиму таҷдиди даҳ мактаби дигар ҷараён дорад.

Таъкидҳои пайваставу судманди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷамоатчигии кишвар барномаи амиқи амалии ҳар яки мо дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан ҳам шаҳрвандӣ мебошад.

Сокинони  ноҳияи Восеъ низ тамоми нуктаҳои  дар мулоқоти Сарвари давлат баёнгардидаро комилан ҷонибдорӣ намуда, дар роҳи амалӣ кардани онҳо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва масъулиятшиносӣ нишон медиҳанд.

 

Муртазо Ҳафизов,

Ҳикматулло Ҳамидов,

Абдурауф Каримов,

Давлат Шоимардонов,

Шамсиддин Камолов,

ҷамъ 17 нафар, сокинони 

шаҳраки Восеъ, ноҳияи

Восеъ