Рӯйи олам гаштан одам дидан аст…

№5 (3151) 11.01.2014

DSCF0962

Суҳбати сарироҳии хабарнигорамон бо сокини деҳоти ба номи Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Абдулазиз Раҷабов, маъруф ба Ҳоҷӣ Пиёда 

ӯзу моҳу сол ва дар маҷмӯъ худи ҳамин меъёрҳои вақт дар зиндагии шумо, сайёҳон, дар мадди аввал қарор дорад. Хуб мешуд, оиди бузургтарин боигарии инсон-вақт ибрози андеша мекардед.

- Дуруст ишора намудед. Барои сайёҳон, бахусус сайёҳоне, ки дидани оламро бо пойи пиёда гаштан дӯст медоранд, интихоби рӯзу моҳу фасл дар ҷойи нахуст қарор дорад. Нодида гирифтани вақт ҳамеша ба сайёҳ мушкилӣ пеш меорад. Масалан, аввалҳои тобистони соли 2013 мо чор нафар ба сафари кишвари Шри-Ланка баромадем ва дар Афғонистон, бахусус дар қисмати ҷанубии он, ба ҳавои гарми 45-50 дараҷа рӯ ба рӯ шуда, сахт ранҷу азият кашидем. Табиист, ки хурӯҷи гармии ҳаво боиси фаъол гардидани хазандагон мешавад ва бо ҳамин иллат қариб буд дар роҳи Кобул-Ҷалолобод як ҳамсафарамонро мори афъӣ заҳр занад. Бо сабаби иллат пайдо кардани ҳуҷҷатҳоямон, мо ин сафари худро дар сарҳади Афғонистон-Покистон мавқуф гузошта, барои ислоҳи он ба Ватан омадем, аммо ду нафар аз ҳамроҳонамон аз идомаи сафар худдорӣ намуданд.

-Яъне, бо сабаби гармии ҳаво?

-Бале. Шоҳиди ҳол будем, ки тобистони сипаришудаи минтақа чӣ қадар гарм омада буд. Дар кӯҳҳои Сарандеби Шри-Ланка бошад, бо ҳамсафарам Раҷабалӣ Сулаймонов, ки бо нияти зиёрати қабри «Бобои Одам» омада будем, аз боронҳои сели пай дар пайи он сахт азият кашидем. Воқеан дар муҳити намнокӣ ҳашарот бештар ҳукмфармоӣ мекунад ва ҳамин буд, ки аз неши кӯрпашаю хомӯшакҳои ин мавзеъ чанд муддат «меҳмон»-и беморхонаи ин кишвар шудем.

- Сарфи назар аз мушкилоти ин сафар, гумон мекунам, ки соли 2013 барои шумо аз солҳои қаблӣ дида, хотирмонтарин маҳсуб меёбад, зеро ба мақсади худ расидед, яъне ба зиёрати қабри «Бобои Одам» шарафёб шудед…

- Дар Шри-Ланка маълум шуд, ки дар кӯҳи Сарандеб на қабри «Бобои Одам», балки қадамҷояшон мавҷуд будааст. Хулоса, барои банда соли 2013 воқеан ҳам соли хотирмон аст, зеро ман дар сафари имсолаи худ мазори бузургмардони бурунмарзии миллатро, ба амсоли сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд, собиқ Президенти Афғонистон устод Бурҳониддин Раббонӣ, булбули Шарқ Аҳмад Зоҳирро зиёрат карда, дар меҳмонии ситораи кинои ҳинд Амитабх Бачан, собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод будам.

- Вохӯрию суҳбат бо Маҳмуди Аҳмадинажод чӣ гуна сурат гирифт?

-Ин бузургмардро бо ҷасорату сиёсатмадори тавонои сатҳи байналмилалӣ будан ва аз ҳама беш бо тоҷикдӯстиаш мешиносам. Дар ин сафар аз шаҳри Бомбей ба Дубай ва аз он ҷо ба шаҳри Теҳрон ба суроғаи зисти Маҳмуди Аҳмадинажод омадам. Ӯ хуш қабул намуд ва барои хотира расм низ гирифтем. Ҳангоми хайрухуш арз дошт, ки паёму дуруди ӯро ба тамоми тоҷикистониён, бахусус Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон расонам. Ҳоло ки фурсат муносиб аст, аз ин суҳбат истифода карда, мехоҳам паёму дуруди ӯро тавассути рӯзномаи «Садои мардум» ба тоҷикистониёни азизам расонам.

- Дар як расме, ки ман тамошо кардам, дидам, ки дар паҳлуятон ҷавоне бо сару либоси ғайримиллӣ  нишастааст. Ӯ кист?

-Ҳа. Шумо ин ҷавонро дар назар доред, расми манзури маро ёфта нишон дод ҳамсуҳбатам.

-Бале, — гуфтам ман.

- Ин бародар сокини пойтахти давлати Аморати Араб – Абу-Даби Алӣ Муҳаммад Алҳамодӣ аст.Ӯ яке аз дӯстони ман аст, ки дар сафар пайдо кардам. Ӯ ҳоло  дидорбинӣ омадааст ва чанд рӯз боз меҳмони хонадони ман аст. Бо забони форсӣ хуб ҳарф мезанад ва шумо метавонед аз худи ӯ оиди таассуроташ дар бораи Тоҷикистон пурсон шавед.

- Меҳмон, идомаи суҳбат дар ихтиёри шумо.

- Маро ин сарзамин, дар симои зиндагию меҳмоннавозии сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, хеле писанд омад. Ин мардум соҳиби беҳтарин урфу одат ва таомул мебошанд, ки лоиқи таҳсину офарин ва пайравист. Мехоҳам, ки сокинони ин кишвари тозаистиқлол ҳамеша ободу сарбаланд ва накуном бошанд. Ба шумо тансиҳатию шодкомиҳои рӯзгорро таманно дорам.

Мусоҳиб Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»