Фарзандони ту, Тоҷикистон!

Раиси заҳматкаши қаҳрамон

№30-31 (3176-3177) 28.03.2014

Mirali MahmadaliИн баҳор ба солгарди Миралӣ Маҳмадалиев, ки зиёда аз 50 сол сарварии  собиқ колхози овозадори ба номи Ленини ноҳияи Восеъро ба уҳда дошт, 100 сол пур мешавад.  Ӯ  дар поёни умри худ миёни мардум бо тахаллуси эҳтиромомези бобои Миралӣ ва ё худ бобои Раис машҳуру маъруфияти хоса дошт. Ин марди шуҳратёр соли 1914 дар деҳаи Сариарчаи мавзеи хушобуҳавои Сурхдараи ноҳияи собиқи Сари Хосор дида ба олам кушода,  20-уми марти соли 2002 ба зиндагӣ падруд гуфт. Мадфани ӯ дар зодгоҳаш қарор дорад.

Ҳоло дар ноҳияи Восеъ бо ташаббусу дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 100 -солагии  ин марди созанда омодагӣ ҷараён дорад.

ОШНОӢ БО АБАРМАРДИ ЗАМОН

Бисту сеюми октябри соли 1983 бо даъвати муҳаррири рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ  Карим Давлат ба ин рӯзнома ба кор омадам. Ӯ рӯзи дигар ба зиммаам омода кардани саҳифаи махсусро оид ба ғалабаи пахтакорони колхози овозадори ба номи Ленин вогузор намуд. Ин супориши одӣ набуд, зеро он барои рӯзноманигори  навкор як навъ санҷиши маҳорати касбӣ маҳсуб меёфт. Аз он супориш то ба ҳол ифтихор мекунам. Ба он хотир ки пайроҳаи фаъолияти рӯзноманигориам аз ошноӣ бо маъруфтарин марди давр- Миралӣ Маҳмадалиев оғоз гардид.

Шоми ҳамон рӯз бо мақсади суҳбат пушти дари утоқи кории бобои Миралӣ, ки он вақт домани умраш ба 70 наздик мешуд, қарор гирифтам. Он солҳо чунин шакли қабул барои сарварони  хоҷагиҳо як одати муқаррарӣ маҳсуб меёфт. Раисони он солҳо аз тулӯъ то ғуруби хуршед ба иҷрои корҳои хоҷагидорӣ машғул мешуданду  сипас аз дами шом то як хуфти шаб вақти боқимондаи худро ба қабули шаҳрвандону  дигар амалҳои идоравӣ сарф мекарданд.

Дар қабулгоҳ чанд тан аз марду зан бо мақсади назди раис даромадан навбат мепоиданд. Ҳамин дам дар аз ҷониби дарун кушода гашту раис берун баромад. Ӯ назди дари чармини дуқабатаи худ қарор гирифта, ба ҳар нафари  ба қабуломада назар андохту  сипас рӯ ҷониби ман оварда  гуфт:

- Писарам, шуморо нашинохтам.

Аз оҳанги пурсиш маълумам шуд, ки шахсияти ҳама дар қабул истодагон, ба ҷуз ман, ба раис хуб ошност. Дар посух гуфтам:

-Корманди нави рӯзномаи «Мубориз» ҳастам, баҳри омода кардани саҳифаи махсус барои суҳбат омадаам.

-Гулматовро зуд даъват бикун ва дигар ин ки вазифаи навбатдориатро  дурусттар иҷро намо!- раис масъули қабулгоҳро бо киноя дастур дода, бозпас вориди утоқи кории худ шуд.

Акнун дар рӯ ба рӯйи марде қорор доштам, ки бо самараи меҳнати 50 -сола ва  амалҳои созандаи хеш дар сатҳи давлати абарқудрати шӯравӣ эҳтирому шуҳрати хоса дошт. То ин дам чеҳраву овозаи ин абармарди арсаи меҳнатро танҳо тавассути радиову телевизион ва рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ, дидаву шунида ва хонда будам.

Раис риштаи суҳбатро дар ихтиёр гирифта, бо боварӣ арз намуд, ки агар рафти маъракаи пахтачинӣ ба ҳамин шакл 3-4 рӯз идома ёбаду вазъи ҳаво дигар нашавад, аз иҷрои нақшаи пахтасупорӣ, ки 17000  тоннаро ташкил мекунад, мужда хоҳанд дод. Дар миёни суҳбат сариқтисодчии хоҷагӣ Гулматов низ вориди утоқ шуд. Раис ӯро дастур дод, ки тамоми маълумоти рафти маъракаи пахтачиниро дар ихтиёрам вогузор намояд. Ҳамин тавр, супориши санҷишии муҳаррир бомуваффақият оғозу анҷом ёфту нақши он вохӯрӣ дар хотирам ҷовидона монд.

ВОХӮРИЕ, КИ  ХОТИРҲОРО ОШУФТА КАРД

Дар тӯли фаъолияти касбӣ борҳо ба суҳбату дидори  ин марди воқеан ҳам бунёдкори нексиришт шарафёб шудаам. Мутаассифона, нақши дидори охири он то ҳанӯз дар хотирам аламбахшу  таассуфовар  ва билохира басо фаромӯшнопазир боқӣ мондааст. Ин вохӯрӣ дар яке аз рӯзҳои  охири моҳи феврали соли 2002, рӯйи ҳавлии васею барҳавои ӯ, ба вуқӯъ пайваст, ки аз вохӯриҳои қаблӣ ботамом тафовут дошт. Мақсади ин дидорбинӣ табодули андешаҳо дар атрофи дастхати китоби «Деҳқоне аз Хатлон» буд, ки хати сужети пурраи он ба ҳаёту фаъолияти меҳнатии раис бахшида шуда буд. Муаллифи китоб Гурез Мирзошоев, ки дар доираи адабии он солҳо  қаламкаши шинохтае маҳсуб намеёфт, даҳ сол  қабл аз ин вохӯрӣ ҳама орзую ҳаваси рӯйи чоп овардани асарҳои эҷодкардаи хешро ба хок бурда  буд.

Бо нияти дидани бобои Миралию ба чоп ҳозир намудани ин дастхати 600 -саҳифагӣ, зарурат пеш омад, ки романи нависандаи маъруф Ҷалол Икромӣ «Хатлон»-ро ҳам дигарбора  мутолиа намоям. Ҳамчун хонанда аз бадеият дида, бештар воқеиятҳои асари офаридаи шодравон Г. Мирзошоев  писандам омад. Ҳамин паҳлуи асар водорам намуд, ки ба  дидорбинии бобои Миралӣ биёям, зеро ӯ дар зиндагӣ марде буд, ки  воқеиятро дӯст медошту парастиш  мекард.  Бо ҳамин андешаҳо ҳамроҳи  ягона фарзанди муаллиф -Рустам ва собиқ ҷонишини раиси деҳот Холаҳмад  Муродов ба хонаи раис омадем.

Раиси як замон номдорро болои хараки чӯбини рӯйи ҳавлӣ дар ҳоли ранҷурию равонӣ дида, сахт мушаввашу мутаассир шудем. Баъди салому алейк, раис ба пойҳои сахт варамидааш ишора карда, оҳиста бо оҳанги дардолуд гуфт, ки аз дарди ҷонсӯзи онҳо пайваста ранҷ мекашад. Дарҳол ба хотири андаке болидарӯҳии раис, дастаҷамъона арз намудем,  ки мо маҳз ба аёдату дидорбинии ӯ омадаем.

Аз лаҳни гуфтору ваҷоҳати чеҳра ба осонӣ пай бурдан мумкин буд, ин марди ҳазорҳо пастию баландиҳои ҳаётро дида, на дарду заъфи пирӣ, балки бештар аз ноҷӯриҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он ранҷу азияти рӯҳӣ мекашад. Баъди пайдо шудани андак фурсати мувофиқ эҳтиёткорона арзи матлаб намудам ва раис дар посух гуфт:

-Дар хотирам ҳаст, ки ҷавоне аз деҳоти Тугарак худро ба сифати нависанда муаррифӣ карда, бо мақсади навиштани китобе дар бораи ҳаёту фаъолияти банда, борҳо ба  идораву хонаам омада буд. Писарам,  ин дунё ҳазор гуна пастию баландиҳо доштааст. Хайр, раҳматӣ дар китобаш чӣ навиштааст?

Филҳол дар ҳудуди 15-20 дақиқа мазмуни асосии дастнависро ба шакли мухтасар ёдрас шудам, бештар сари он нуктаҳое таваққуф намудам, ки ба айёми наврасию ҷавонӣ ва умуман ба ҳаёти шахсии ӯ дахлу алоқамандӣ дошт.

Ин дам бидуни ҳама интизориҳо,  раис мисли одами солим  сар аз болин  бардошту рӯйи бистари  хараки худ рӯ ба рӯямон   покашолак нишасту гуфт:

-Ҳамааш дурустанд. Он вақт мо асосан ба эҷодкорони маошхӯри  таҷрибадор такя мекардем.Бинед, ки  раҳматӣ барои мо шуда, хеле азобу заҳмат кашидааст,-ба он бастаи  коғазҳои  дастам  нигариста, гуфт бо оҳанги таассуф.- Маълум мешавад, ки ин нависанда аз бетафовутиҳои мо истифода карда, бо аксар пирони деҳа ва ҳамсолони замони бачагиам, ки он солҳо аксарашон дар қайди ҳаёт буданд, суҳбат кардааст.

Раис баъди андаке хомӯшии маънидор боз арз кард:

- Писарам, барои чопи ин  китоб аз номи ман бо раиси ноҳия маслиҳат кунед…

 ТАЛОШҲО ДАР ПАЙИ ЧОПИ КИТОБ

Дар дастгоҳи раиси ноҳия ба ғайр аз ваъдаҳои зиёди болохонадор ва изҳори дилсӯзиву таассуфҳои назарфиребона,  нисбати вазъи ҳоли раис, дигар касе барои чопи китоб иқдому ташаббус нишон надод.Он вақт аксарият дар талошу андешаи хусусинамоии фермаҳои чорводорию паркҳои тракторӣ, иншооти маданию истеҳсолӣ ва хуллас дар пайи соҳиб шудани моликияте буданд, ки насли фидоие,  ба амсоли ҳамсолони бобои Миралӣ, 70 сол заҳмат кашида буданд. Шунида будам, ки раис ин ҳоли таассуфоварро дида, дар ҷамъомаде тариқи насиҳат ҳушдор дода, гуфта будааст:

-Имкони сохтанро надошта бошед, бок нест. Шумо ҳамин замину об ва иншооти бунёдкардаи  моро хуб соҳибию нигаҳбонӣ ва босамар истифода бурда тавонед,  бароятон солҳо  басанда аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сафари хеш ба ноҳияи Восеъ, ки ба таърихи  28-уми октябри соли 2013 рост омада буд, ҳолати ҳузнангези хоҷагии азаматро дида, гуфта буданд:

-Шумо, дастпарварону шогирдони бобои Миралӣ, натавонистед, ки амалҳои созандагии ӯро идома додаю иншооти бунёдкардаашро нигаҳдорӣ кунед. Бинед, вазъи имрӯзаи ин хоҷагӣ дар кадом ҳол аст!

Он вохӯрии дардовар бароям вохӯрии вопасин шуд, зеро 20-уми марти соли 2002 Миралӣ Маҳмадалиев тарки дунё карду хоҳиши ӯ дар хусуси чопи китоб ва маслиҳат бо мақомдорони маҳаллӣ бароям чун васият боқӣ монд. Баҳри иҷрои он хоҳиш ҳама мушкилоти мактаби хусусии худро як тараф гузошта, дар пайи рӯйи чоп овардани китоб шудам. Котибаи таълимгоҳ тӯли як сол дастнависро дар чор нусха мошинка карду худ дар ҷустуҷӯйи сарпараст шудам. Аз чандин дафъа дидани фарзандону шогирдони раис ҳам муроде  ҳосил нашуд. Дар ин миён дар арафаи иди Наврӯзи соли 2004 бо иштироки шогирдону устодон ва чанд нафар аз собиқадорон 90 -солагии раиси Миралиро  дар доираи мактаби хусусии худ, ки номи «Ориёно» дошт, таҷлил намудем.  Ба ҳар ҳол он давутозҳо  барабас нарафтанд, зеро соли 2003 яке аз китобҳои он нависандаи ба қавли раиси Миралӣ раҳматӣ, бо номи «Хол камандир»  рӯйи чоп омад.

Дар яке аз рӯзҳои тафсони моҳи июни соли 2006 ба аёдати собиқадори маориф ва  узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Азиз Авзалов ба ноҳияи Фархор рафтам. Ӯ айни аҳволпурсӣ арз намуд, ки  дар бораи зиндагиномаи Миралӣ Маҳмадалиев ба  навиштани китобе машғул  ҳаст.

-Устод, ташвиш накашед,  5-6 сол боз аз як қаламкаши ноҳия дастхатеро оид ба ин мавзӯъ дар ихтиёр дорам, ки аз уҳдаи чопи он баромада натавонистам. Агар он таҳрири нав ёбаду бо ду имзо  ба табъ расад, ҳам мақсадатон ҳосил мешавад  ва ҳам рӯҳи нависандаву раиси номдор шод мегардад,- вақти хайрухуш маслиҳат додам ба нависандаи куҳансол.

Баъди чанде  наздам омада, гуфт:

-Темуршоҳ, ҳамон пешниҳоди шумо ҷиддӣ буд ё шӯхӣ?

Дар посух аз ҷевони утоқи корӣ нусхае аз дастхатро гирифта, назди устод гузошта гуфтам:

- Агар ин  корро накунем, ҳамаи ин нусхаҳо ҳамин гуна тӯъмаи мушон мешаванд ва ё рӯзе фарроши бехабар инҳоро ба партовгоҳ мебарад.

Устод бастаи коғазҳои чор қисматашон мушхоидаро бо панҷаҳояш ламс карда, ба воқеият доштани гуфтаҳоям боварӣ ҳосил намуд ва сипас рӯи дастхати чангхӯрда ангуштзанон гуфт:

-Инро хонда, баъд қарорамро мегӯям.

Устод баъди шаш моҳ, ҳангоми ташрифи навбатиаш гуфт:

-Китоб таҳрири зиёд мехоҳад, маҷбурам ба хотири заҳматҳои нависандаву рӯҳи поки раис, ки банда низ яке аз шогирдони ӯст, пешниҳоди шуморо бипазирам. Ҳамин тавр, нависандаи нобино чор соли расо ранҷу талош ба харҷ доду ниҳоят соли 2009 китобро тавассути нашриёти «Ирфон» бо номи «Калиди бахт» рӯйи чоп овард.

Дар боби охири китоб, ки  «Ғуруби хуршед» ном дорад, сатрҳои зайлро  мехонем: «Ҳанӯз дар давраи зинда будани Миралӣ Маҳмадалиев баъзе «шогирдон»-и ношудаш колхозро ба се қисм тақсим карданд. Аксарияти бошишгоҳҳои саҳроӣ, иншоотҳои маданӣ-маишии хоҷагиро бо пули ночизе хусусӣ намуданд. Қисми дигарашро ба харобазор табдил доданд. Аз хоҷагии овозадор қариб нишоне намонд. Боғу дарахтзорҳои бунёдкардаи ӯ хушк шуд. Ҳамаи ин вайронкориҳоро раиси заҳматкаш бо чашми худ медид, дарун -дарун месӯхт, аз дил оҳи сӯзоне мекашид, чашмони ҷозибанокаш ҳамеша пурашк буданд. Ҳамаи ин умри ӯро кӯтоҳ  мекарданд…»

-Рафту нависандаи ин сатрҳо агар дар ихтиёри худ имкони заруриву чашми бино медошт,-  пайваста меандешам ба худ,- намедонам, ки ӯ ин ҳолати фоҷиаборро боз ба  кадом рангу шакл рӯйи коғаз меовард?  Зеро то ҳанӯз барои ақли солим   муаммо аст, ки ба чӣ хотиру мақсад маркази савдои «Дурдона»-ю маркази таъмири автомобилҳои сабукрави деҳаи Заркамар, ки солҳои 1986-1987 ба усули замонавӣ бунёд ёфта буданду ба ин деҳаи канораи назарногир ҳусну тароват ва манфиату фоидаи зиёди иқтисодӣ мебахшиданд, аз рӯйи замин тарошида партофта шуданд?!

СОЛҲОИ ПАНҶОҲ АЙЁМИ ШУКУФОИИ ФАЪОЛИЯТИ БОБОИ МИРАЛӢ

Барои омӯхтани вазъи иқтисодию  иҷтимоии солҳои гузаштаи ноҳия ва бахусус зиндагиномаи раиси номдор Миралӣ Маҳмадалиев, рӯзномаю маҷаллаҳои 60-70 соли қаблиро  варақ мезанам. Дар равзанаи рӯзномаи «Коммунист Таджикистана»,  аз 13-уми апрели соли 1952, яъне 62 сол қабл, расми ду ҷавони китф ба ҳам истодаи Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистиро, ки ба дуриҳои дур назари маънидорона дӯхтаанд, дида, нафрату аламам нисбати амалҳои бешарафонаи онҳое, ки аз вазъи носолими солҳои навадуми асри гузашта истифода карда, хоҷагиҳои ободро, ба амсоли ин хоҷагии азамат, талаву тороҷ намуданд,  беш аз пеш меафзояд. Ин қаҳрамонҳо яке Миралӣ Маҳмадалиеву дигаре дӯсти замони ҷавонии ӯ Давлати Файзалӣ аст. Маҳз ҳамин қаҳрамонҷавонҳо буданд, ки хоки ба туғайзору чарогоҳҳо табдилдодаи истилогарони бодиянишин дигарбора зархезу шукуфон гардид.

Соли 1957 барои пахтакорони колхози ба номи Ленин соли дастовардҳои бузурги меҳнатӣ буд. 8-уми августи ҳамон сол раиси ҷавони колхоз М.Маҳмадалиев дар ҷамъомади пахтакорони ноҳияи Кӯлоб, ки он солҳо ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Восеъ мансуби ноҳияи мазкур буд, ба минбар баромада, арз мекунад, ки деҳқонони онҳо ба шарафи истиқболи сазовори 40 -солагии Инқилоби Октябр, ба ҷойи 6350 тонна ба хирмани  давлат 8000 тонна пахта месупоранд. Ин ташаббус аз ҷониби пахтакорони ноҳия ҳамовозии ҳамаҷониба  пайдо кард. Рӯзи 15-уми август ин Муроҷиатнома дар тамоми рӯзномаҳои ҷумҳурӣ ба табъ расид. Аммо бидуни интизор, рӯзи 19- уми август, Фармони Президиуми Шӯрои Олии  РСС Тоҷикистон  оид ба дубора таъсис ёфтани ноҳия ва ин навбат бо номи Арал, дар матбуоти даврӣ чоп мешавад. Акнун масъулияти амалӣ намудани Муроҷиатнома, дар навбати аввал ба дӯши пахтакорони ноҳияи навтаъсиси Арал ва бахусус ба ташаббускори он Миралӣ Маҳмадалиев ва дигар ҷавонон- Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ба амсоли Давлат Файзалиев, Зилол Раҳмонова, Сайлӣ Раҷабова, Остонақул Утапов, ки дар хоҷагӣ кору зиндагӣ мекарданд, афтод. Рафти маъракаи пахтачинӣ ва ҷадвали ҳаррӯзаи пахтасупорӣ, ки  дар рӯзномаҳои он давр ба табъ мерасиданд, шаҳодати бебаҳси ин андешаҳост. Ноҳия сарфи назар аз мушкилоти навташкилии худ аз оғози маъракаи пахтачинӣ то анҷоми он дар сархати ҷадвали ҳосилғундорӣ қарор гирифт.

Сатрҳои зайлро зери сарлавҳаи «Ғолибони мусобиқа» дар шумораи рӯзи 25-уми сентябри соли 1957 дар рӯзномаи  қаблан зикрёфта мехонем: «Дар муборизаи мавсими ҳосилғундорӣ ва ба давлат супоридани пахта деҳқонони ноҳияи Арал пешсафиро ба даст гирифтаанд. Ноҳия хеле ҷавон аст ва он соли 1957 таъсис ёфтааст. Дар ин муддати кӯтоҳ исбот карда тавонистанд, ки онҳо метавонанд дастовардҳои арзандаро соҳиб шаванд…».

Дар мавсими ҳосилғундорӣ  деҳқонони ноҳия се маротиба пайи ҳам Байрақи сайёри ғолибиятро шарафёб  шуда, аввалин шуда, нақшаи уҳдадории хешро иҷро намуданд.

МУКОФОТИ АМАЛ

Миралӣ Маҳмадалиев дар баробари ба мукофоти олӣ- ситораи тиллои Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ мушарраф шудан, инчунин бо даҳ ордени Ленин, орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Инқилоби Октябр, «Нишони фахрӣ» ва медалу ифтихорномаҳои зиёди Иттиҳоди Шӯравӣ ва РСС Тоҷикистон қадр шудааст. Ӯ шаш даъват депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон буд.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»