КӮЛОБ. ( Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ ) Дар вохӯрӣ барои дарёфти ин ҷом, ки 27 март дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб бо ширкати 18 ҳазор мухлис баргузор гашт, дастаи «Равшан» ба ҳарифи худ -тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дорандаи Ҷоми Тоҷикистон буд, бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. «Равшан» ҳанӯз дар қисмати аввали бозӣ тавонист ба дарвозаи «Регар» ду тӯб ворид созад. Голҳоро дар дақиқаҳои 19 ва 43-юми бозӣ легионерҳои тим Саламон Теҷӣ ва Тико Фолей заданд. Дар дақиқаи сеюми иловагии қисмати дуввуми бозӣ футболбози «Регар — ТадАЗ» Сардор Эминов як тӯби ҷавобӣ зад.
Бояд гуфт, ки «Равшан»-и Кӯлоб- қаҳрамони феълии кишвар бори нахуст барандаи Шоҳҷоизаи Тоҷикистон гашт. Баъд аз анҷоми бозӣ маросими қадршиносӣ баргузор шуд, ки намояндагони ФФТ ва роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ба иштирокдорони вохӯрӣ медал ва Шоҳҷоизаи Тоҷикистонро супориданд.