НОСИРИ ХУСРАВ. (Давлат Султонов, «Садои мардум») Дар хонадони сокини деҳаи Фирӯзаи деҳоти «Фирӯза» Комил Хӯҷақулов се тифли дӯстрӯяк ба дунё омад. Модари навзодҳо Ойгул ва сегоникҳои ӯ Ҳасан, Фотима ва Ҳусейн худро бардаму солим ҳис мекунанд. Тибқи иттилои табибон, Ҳасан бо вазни 2 килою 920 грамм, Фотима бо вазни 2 килою 780 грамм ва Ҳусейн бо вазни 3 килою 100 грамм ба дунё омадаанд. Қади писарбачаҳои навзод 50 сантиметр ва духтарча 48 сантиметрро ташкил медиҳад. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллиии ҳокимияти давлатии ноҳия ба хонадони сегоникҳо маблағи 1000 сомонӣ кӯмаки яквақта расонида шуд. Қаблан аҳли оилаи Комил ва Ойгул Хӯҷақуловҳо соҳиби чор фарзанд буданд. Баъди қадами мубораки сегоникҳо шумораи фарзандони хонадон ба ҳафт нафар расид.
Ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.
Эмомалӣ Раҳмон