- мегӯяд раиси шаҳри Кӯлоб, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонов
- Муҳтарам раис, хуб мешуд, ки суҳбатро аз баёни дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии меҳнаткашони шаҳри Кӯлоб, бахусус аз соли тозасипаришудаи 2013, шурӯъ кунем.
- Мо нақшаи даромади буҷети маҳаллиро ба андозаи 111,5 фоиз иҷро намудем, яъне ба ҷойи 29,6 миллион сомонӣ ба буҷет 33 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки 3,4 миллион сомонии он илова ба нақша аст. Сабаби барзиёд иҷро гардидани нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ, қабл аз ҳама, дар давоми сол афзудани шумораи соҳибкорони инфиродист. Шумораи умумии соҳибкорони инфиродии шаҳри Кӯлоб 2507 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 507 нафари онҳо дар соли рафта ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Нақшаи андози иҷтимоӣ низ барзиёд иҷро гардид ва ҳамин буд, ки беш аз 18 ҳазор нафақагирон нафақапулиҳои худро сари вақт мегиранд. Дар давоми сол музди меҳнат 166 сомонӣ афзуд ва ҳоло андозаи миёнаи музди меҳнат 596,7 сомониро ташкил медиҳад.
Корхонаҳои саноатии шаҳр якҷоя бо бахшҳои хусусии он ба маблағи 111,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 23,3 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар соҳаи кишоварзӣ ҳаҷми умумии маҳсулот ба 262, 5 миллион сомонӣ баробар гардид ва ин рақам нисбати соли қаблӣ 23 миллион сомонӣ зиёд аст. Ёдрас шудан бамаврид аст, ки дар ин соҳаи муҳими хоҷагии халқ ислоҳоту навсозӣ идома дорад. Давоми сол 414 хоҷагии деҳқонӣ таъсис ёфт ва шумораи умумии онҳо ба 1250 расид.
Аз ҳисоби заминҳои санглоху партов дар майдони 52 гектар 21 хоҷагии моҳипарварӣ ташкил шуд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти он 95 тоннаро ташкил намуд.
- Моҳипарварӣ барои сокинони шаҳр шуғлу соҳаи нав аст…
- Бале. Ба ин амали манфиатовар нахустин шуда сокини деҳаи Сариосёби деҳоти «Зарбдор» Худойназар Тағоев рӯ овард. Ӯ бо кумаки фарзандони меҳнатдӯсташ дар соҳили дарёчаи Сияҳоб се ҳавзи моҳипарварӣ бунёд карда, барои парвариш аз ноҳияҳои ба ин шуғл сарукордошта тухму моҳича дастрас намуд. Дидем, ки ин соҳа манфиатовар аст, ташаббусу таҷрибаи бобои Худойназарро дар дигар деҳоти шаҳр низ тарғибу дастгирӣ намудем.
- Дар ин комёбиҳо нақши сафари дурӯзаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияи Кӯлоб, ки рӯзҳои 28-29-уми октябри соли гузашта сурат гирифт, баръало мушоҳида мешавад.
-Дуруст зикр намудед, зеро меҳнаткашони шаҳри бостонии Кӯлоб ба истиқболи сафари кории Президенти кишвар ҳамаҷониба омодагӣ гирифта буданд. Он рӯзҳо аҳли кишвар шоҳиди ҳол буданд, ки дар давоми сафари дурӯзаи Президенти муҳтарамамон миқдори зиёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти тиббӣ, тандурустӣ, варзишӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, боз ба бунёди як миқдор иншооти дигар санги асос гузошта шуд. Яке аз ин иншоот маҷмааи варзишии пӯшида барои 3500 ҷойи нишаст аст, ки дар он Сарвари давлат зимни ифтитоҳ ва мулоқоташ бо фаъолони вилоят, аз рушд, нумӯъ ва шукуфоии ин шаҳри бузурги кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд. Агар ҳамаи ин дастовардҳои соҳаро ҷамъулҷамъ мушаххас карда гӯем, мо тӯли соли гузашта ба маблағи 176, 3 миллион сомонӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расонидем.
-Ҳоло рафти корҳо дар ин самт чӣ гунаанд?
- Нисбати соли қаблӣ беҳтару хубтар мебошад ва дар назар аст, ки ба муносибати 700 — солагии донишманд ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 147 иншооти таъиноти саноатӣ, иҷтимоӣ ва тиҷоратӣ ба маблағи умумии 120 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шавад.
-Бармегардем ба вазъи имрӯзаи шаҳр. Бориши барфи зиёду сардиҳои бесобиқаи моҳи феврал дар фаъолияти шаҳрдорӣ чӣ мушкилӣ ба бор овард?
- Ба ростӣ, дар чунин сатҳ тағйир ёфтани вазъи боду ҳаворо интизор набудем.Аз боридани барфи зиёди пай дар пай қисме аз дарахтони ороишии хиёбону кӯчаҳо шикаста, болопӯши ду боми мактаб осеби сахт дид.Бо андешидани чораҳои фаврӣ ин мушкилиҳо зуд роҳи ҳалли худро пайдо намуданд.То қадри имкон хиёбону кӯчаҳои шаҳр сари вақт аз барфу яхпораҳо тоза карда шуданд.
- Ба ҳар ҳол вазъи роҳҳои мошингард нисбати ду канори онҳо, ки пиёдагардаш мегӯем, хубтару беҳтар буданд. Ба ҳамин хотир, аксар пиёдагардҳо дар он рӯзҳои сарди мушкил ҳаракат карданро тавассути канори ин роҳҳо қулайю муносиб меҳисобиданд…
-Иқрор бояд шуд, ки барфу сардиҳои аввали моҳи феврал мо- шаҳрнишинонро як навъ санҷишу имтиҳон кард, бахусус одобу маданияти шаҳрнишинию шаҳрдориамонро. Табиист, ки дар чунин вазъи ғайриинтизор ҳалли мушкилии пешомада бо як қувваи кормандони хоҷагии коммуналӣ ғайримумкин буд, зеро аксари онҳо баҳри аз барф тоза кардани дарахтони ороишии канори хиёбону кӯчаҳо ва мавзеъҳои аввалиндараҷа сафарбар гашта буданд.
Мо дидем, ки қувваи онҳо нокифоя аст, сокинони шаҳр ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрию минтақавиро ба ҳашар даъват намудем, ки то даромадгоҳҳои манзилҳои худ, роҳраву остонаи муассисаҳо ва инчунин роҳҳои пиёдагардро аз барфу яхпораҳо тоза намоянд. Мутаассифона, дар баъзе маҳаллаҳои шаҳр ин даъвати мо нодида гирифта шуд ва аз ин хотир, баъзе мушкилиҳои фасли сармо ба чашм расиданд.
-Новобаста ба мушкилиҳои зимистони имсола роҳи пиёдагарди маркази шаҳр вазъи чандон хуб надорад. Боре аз марди шинохтаи шаҳр, дорандаи ду ордени ҷангии «Шараф», шодравон Пирназар Шарифови 90 — сола сабаби ҳамеша тавассути канори роҳи марказӣ рафтуомадашро пурсон шудам. Ӯ ҷавобам гуфт: -Писарам, дар ин синну сол ва бо чунин пойҳои иллатӣ имкони дар он роҳҳои ноҳамвори пиёдагард гаштугузор кардан надорам. Боре аз зарби мошине ҷароҳати сахт бардоштам, аммо ба ин нигоҳ накарда, тарки ин амал накардам, зеро ҳаракат дар паҳлуи ин роҳ бароям хубтару осонтар аст.
- Шодравонро бисёр хуб мешинохтам, ӯ сарфи назар аз мақому имкониятҳои фаровони хеш пиёда гаштанро меписандиду дӯст медошт. Ҳақ ба ҷониби ин марди хоксор аст. Мо ин мушкилиро дар ҳамин вақтҳои наздик ислоҳ мекунем.Ба муносибати 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар самти навсозию ободонии шаҳр як қатор тадбиру чорабиниҳо дар назар аст. Дар доираи ин тадбирҳо роҳҳои пиёдагард хубу ҳамвор ва бемонеа мешаванд.
- Ду сол боз пайи ҳам дастаи футболи «Равшан» чемпиони Тоҷикистон мешавад. Бамаврид мебуд, ки атрофи ин даста ва дар маҷмӯъ оид ба вазъи соҳаи варзиш чанд сухане мегуфтед.
- Футбол дар Кӯлобшаҳри бостонӣ дар ҳоли рушд мебошад. Боиси ифтихор аст, ки дӯстдорони ин намуди варзиш пайваста меафзоянд. Маҳз ана ҳамин омилҳост, ки ду сол инҷониб дастаи «Равшан» дар ҷадвали мусобиқаи футболи кишвар сазовори ҷойи аввал мегардад. Имрӯз дар рӯзномаҳо оиди омодагии ин даста ба мусобиқоти имсола, бахусус сари мавзӯи сарпарастии он бисёр менависанду баҳс мекунанд. Ин лаҳза бамавриду мувофиқ аст таъкид намоям, ки «Равшан» чун солҳои қаблӣ, бе сарпарасту бе дастгирии молиявӣ намемонад.
Дар робита ба рушди футбол ва бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст, ки майдони дигари футбол барои 20 ҳазор ҷойи нишаст бунёд карда шавад ва ҳоло корҳои лоиҳакашии он идома дорад.
Давоми соли гузашта дар толору майдонҳои варзишии шаҳр 85 мусобиқаи гуногуни варзишӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби 3 медали тилло, 5 нуқра ва 8 медали биринҷӣ шуданд, ки ин рақамҳо нисбати солҳои пешин хеле зиёд аст. Агар ин нишондодро дар сатҳи мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ арзёбӣ намоем, пас варзишгарони шаҳри мо дар намудҳои гуногуни варзиш 33 медали тилло, 16 нуқра ва 49 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
- Дар ин суҳбат аз рақамҳои зиёди оморӣ истифода намудем ва шумо низ тавассути баргузории нишастҳои матбуотӣ огаҳӣ доред, ки баъзе ҳамкасбони мо ин рақамҳо, бахусус нишондодҳои омории соҳаи кишоварзиро зери шубҳа мегузоранд.
-Ба чунин андеша розӣ шудан мумкин нест, зеро ҳамин зиндагии мо худ баёнгари воқеият доштани ҳамон рақамҳои оморист. Масалан, 95 тонна маҳсулоте, ки моҳипарварони мо истеҳсол кардаанд, чӣ хел онро зери шубҳаву суол мондан мумкин аст? Ҳамин дастоварду нишондиҳандаҳои воқеист, ки Кӯлобшаҳри мо пайваста рушд намуда, зебову дилкаш ва ободтар мешавад.
-Дар поёни суҳбат аз натиҷаву оқибати ҳодисаи сӯхторе, ки шаби 12-ум ба 13-уми январ дар бозори «Саховат»-и шаҳр ба вуқӯъ пайваст, пурсон шуданием.
-Аз он ҳодисаи мудҳиши харобиовар қариб ду моҳ гузашт.Дар атрофи сабабҳову хисороти ба боровардаи ин ҳодиса аксари рӯзномаҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ навиштанд, рӯзномаи «Садои мардум» низ. Гумон мекунам, ки ҳоҷат ба такрори он нест. Ин ҷо танҳо дар бораи бартараф кардани оқибатҳои ин ҳодисаи нохуш чанд сухан гуфтан бамаврид аст. Мо дар рӯзи дигари ҳодиса коргарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрро барои кумаки ҷабрдидагон сафарбар намудем. Дар муддати кӯтоҳ бозор аз хокистару партовҳо тоза карда шуд. Тоҷирон филҳол бо кумаки ҳашарчиён ба барқарор кардани дӯконҳои худ оғоз карданд, агар ҳамин барфу сардиҳои моҳи феврал намешуд, аксар дӯконҳо барқарор мешуд. Дар шафати бозор барои идомаи савдои тоҷирони зарардида ба шакли муваққатӣ ҷой ҷудо гардид. Бонкҳо муҳлати қарзҳои тоҷиронро аз 6 то 1 сол, бидуни фоиз тамдид намуданд. Ҳамаи зарардидагони офат тӯли як сол аз пардохти ҳама гуна хароҷоти бозор озод карда шуданд.
Мусоҳиб Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»