КӮЛОБ. (Суҳробшоҳи ФАРРУХШОҲ) Дар шаҳри Кӯлоб шабакаи ягонаи гармидиҳӣ дубора фаъол мешавад. Ин корро ширкати австриягии «Олплан», ки барои анҷоми чунин корҳо таҷрибаи кофӣ дорад, анҷом хоҳад дод. Бо мақсади шиносойӣ бо вазъи феълӣ гурӯхи мутахассисини ширкати мазкур аз Кӯлоб дидан карда, нақшаи барқарорсозии ду буғхонаи калонро дар маҳаллаҳои Шоҳин ва Борбади шаҳр таҳия сохтанд.
Воситаҳои ахбори оммаи имрӯза ба минбари таҳлилу баррасии фарогири мушкилоти рӯз табдил ёфтаанд. Онҳо ба масъалаву мавзӯъҳое даст мезананд, ки бояд аз ҷониби сохтору мақомоти гуногуни давлатӣ дар доираи ваколатҳояшон ҳал карда шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон