Сохтмони пул ба анҷом расид

№12 (3158) 05.02.2014

Дар қитъаи роҳи автомобилгарди аҳамияти байналмилалидоштаи Шӯрообод – Шоҳон сохтмони силсилапулҳо идома дорад. Дар мавзеи Шоҳон сохтмони пули байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки он дар болои дарёи Панҷ насб карда шудааст, пурра ва бо сифати баланд ба анҷом расид. Дар баробари ин ба таъмиру таҷдиди роҳҳову пулҳои аҳамияти маҳаллидошта низ диққати ҳамаҷониба дода мешавад. Алҳол вазъи истифодабарии як қисмати онҳо тавассути ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва аз ҳисоби буҷети ноҳияи Шӯрообод беҳ гардонида шудааст.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»