Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Фархор маъракаи кишти такрорӣ идома дорад. Аллакай дар майдони 5130 гектар замини аз кишти тирамоҳӣ озодшуда пахта, шолӣ, макка, сабзавот, полезиҳо, лӯбиёгиҳо ва дигар зироатҳои техникӣ кишт карда, нигоҳубину парвариши онҳо мувофиқи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда шудааст. Дар пешрафти ин маъракаи муҳими хоҷагидорӣ саҳми хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти «Дарқад», «Фархор», «Ғайрат», «Зафар» ва «20-солагии Истиқлолият» арзанда мебошад.
- Алҳол бо сабаби камобӣ кори кишти такрорӣ дар деҳоти «Гулшан» нисбатан сусттар аст. Мавзеи деҳоти мазкур тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешавад ва бо иллати техникӣ суръати кишт дар ин деҳот мувофиқи талаби рӯз нест,- гуфт сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Фархор Н. Валиев.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»