Аз толори суд

Тафриқаандозӣ оқибати ногувор дорад

№147 (3293) 09.12.2014

Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2009 фаъолияти равияи динии салафия манъ карда шудааст. Ба ин нигоҳ накарда, ашхосе пайдо мешаванд, ки даст ба динситезӣ мезананд, аз доираи қонун, одобу ахлоқ берун мебароянд.

Сокинони деҳаи Гулрӯди ноҳияи Восеъ Ҷӯрахон Шаробови 35- сола ва Шералӣ Холови 47- сола аз аввали соли 2014 дар масҷиди панҷвақтаи деҳаашон дар пайравии равияи динии салафия байни намозгузорон тафриқаандозӣ менамоянд. Ба илова Ҷӯрахону Шералӣ моҳҳои феврал, апрел аз намозгузорон даъват ба амал овардаанд, ки ба мисли онҳо, тибқи равияи динии салафия, намозгузорӣ намоянд.

Рӯзи 29 апрели соли равон дар натиҷаи азназаргузаронии манзили истиқоматии Ҷӯрахон Шаробов адабиёти таблиғотии равияи салафия «Зиёрати қабрҳо ба тариқи шаръӣ ва ширкӣ», «Ғоят-ул-мурид фи шарҳи китоб-ит тавҳид» ёфт гардид. Муҳтавои ин китобҳо, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ оварда мерасонад, мухолифи банди 8-и моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мебошад. Махсусан китоби дуюм дастури илмӣ-методӣ ва таълимӣ дар мавзӯъҳои муҳимтарини эътиқоди исломӣ буда, мухолифи мазҳаби Имоми Аъзам мебошад.

Ҷӯрахон Шаробов ва Шералӣ Холов барои барангехтани кинаю адоват, низои динӣ, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин таври оммавӣ анҷом дода шудааст, гунаҳкор дониста шуданд.

Вақти дар курсии айбдорӣ нишастан ҳар ду ба гуноҳҳояшон иқрор гаштанду изҳори пушаймонӣ карданд. Ба Ҷ.Шаробов ва Ш.Холов тибқи талаботи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон се солӣ муҳлати санҷишӣ муқаррар карда шуд.

Маҳмудҷон Ғуломов, судяи Суди вилояти Хатлон,

Нурулло Ҳасанов, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон