Талафоти ҷонӣ дар Хуросон

№39 (3185) 18.04.2014

Бар асари борони шадиди селу жола, ки рӯзи 16-уми апрели соли равон баъди нисфирӯзӣ дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти «Қизил-қалъа»- и ноҳияи Хуросон ба амал омад, хоҷагии халқ, соҳаи кишоварзӣ  ва заминҳои наздиҳавлигии мардум зарари ҷиддӣ диданд.  Мутаассифона,  дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш ду кӯдак — яке дусолаю дигар панҷсола зери лойқа монда, фавтиданд. 170 хона қисман вайрон гардида, дар 60 хонаи дигар алҳол имконияти зист нест. Талафоти ҷонӣ  ҳамчунин ба чорво,  хусусан чорвои майдаи  аҳолӣ низ расидааст.  Барои бартараф намудани оқибатҳои нохуши ин ҳодиса ситоди ноҳиявӣ бо роҳбарии раиси ноҳия Убайдулло Абдуллоев  таъсис дода шудааст. Дар ҷойи ҳодиса кормандони ҳамаи  ташкилоту муассисаҳо ҳозиранд.  Инчунин ин ҳодисаи табиӣ як қисми роҳи мошингарди деҳоти «Қизил- қалъа» ва самти ноҳияи Шаҳритуз низ зарар дидааст. Ба зарардидагони ин ҳодиса кумаки аввалияи зарурӣ расонида мешавад.

Ба оилаҳое, ки  тифлонашонро аз даст додаанд, дар навбати аввал ба маблағи се ҳазор сомонӣ кумак расонида шуд. Барои зарардидагони офат аз ҷониби ситод се вақт хӯроки гарми бепул ташкил карда шудааст. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ 260 гектар замини кишоварзӣ, ки аз он 51 гектараш замини хоҷагиҳои ёрирасону наздиҳавлигӣ мебошанд, аз офати табиӣ зарари ҷиддӣ дидаанд. Ситод мунтазам фаъолият дорад.

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»