Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Тамаддуни мо ваҳдатофар аст

№65 (3211) 19.06.2014

Баргу сози коинот аз  Ваҳдат аст,

Андар ин олам ҳаёт аз  Ваҳдат аст.

Ҳар сол 27 июнро мардуми Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд. Ҳар як шаҳрванди баору номус, худогоҳ, бофарҳангу бомаърифат аз ҷашн то ҷашн бояд дар назди худ ҳисобот диҳад, ки чӣ кореро баҳри якпорчагии Ватан ва ягонагию муттаҳидии халқи азизи худ ба анҷом расонид.

Агар саҳифаҳои таърихи башарро варақгардон намоем, маълум мегардад, ки ҷанг дар ҳама давру замон ба ҷуз бадбахтӣ, вайронӣ, ғаму андӯҳ ва харобию нобудсозӣ барои инсон дигар чизе наовардааст. Бо марҳамати Худованд саъю кӯшиш, қурбониҳои зиёди фарзандони боору номус ва барӯманди халқ, ҷонбозиҳои бемислу монанди фарзанди фарзонаи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз мардуми тоҷик аз нав соҳиби давлати аҷдодии хеш гардиданд.

Ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ дар тӯли мавҷудияти башарият ҷавҳар, муқаддасот ва арзишоти беҳтарине мебошад, ки Худои азза ва ҷалла ба инсон додааст. Аз рӯзе, ки инсон худро ҳамчун мавҷуди бошуур шинохт, ба ваҳдати миллӣ, ваҳдати башар, ваҳдати вуҷуд, ваҳдати кайҳон, ваҳдати шуҳуд ва амсоли ин арҷ гузошт. Олимону орифон, давлатдорону сиёсатмадорон, адибон ва дигар табақаҳои соҳибхираду соҳибмаърифат ин мавзӯъро зери омӯзиш ва таҳлил қарор доданд. Маҳз тамаддуни куҳани ориёӣ, ки табиатан аз ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва фарҳанггароӣ иборат аст, ба тамаддуни муосири халқи тоҷик таъсири бузурги худро расонид. Халқи тоҷик табиатан тамаддунофар, ваҳдатпараст, таҳаммулпазир, сулҳпарвар, фарҳангдӯст, озодихоҳ, бунёдкору созанда ва башардӯст мебошад. Яке аз омилҳое, ки мардумро ба якдилӣ, муттаҳидӣ ва ваҳдат овард, ҳамин арзишҳои (фазилатҳои) табиии халқи мо буд, ки аз гузаштагон мерос мондааст.

Калимаи «Ваҳдат» дар китоби «Мунтахаб-ул-луғат» ба маънои «ягона шудан ва танҳо шудан ва яке шудан» омадааст. Агар мо мафҳуми «Ваҳдат»-ро ба халқ, миллат ва умуман инсон нисбат диҳем, пас ягонагӣ, муттаҳидӣ ва сарҷамъии халқ, миллат ва инсонҳоро дар бар мегирад.

Ҳабдаҳ сол барои таърих муҳлати он қадар тӯлонӣ нест. Вале дар ин муддат халқи тоҷик ба дастовардҳое ноил гашт, ки ба садсолаҳо баробар аст. То чӣ андоза муҳим будани Ваҳдати миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 чунин маънидод  намудааст: «Дар натиҷаи азму талош ва ҷонбозиҳои зиёд бист сол қабл хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад.

Маҳз бо шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтарин аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».

Мусаллам аст, ки тоҷикон аз қадимулайём дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаётӣ, аз илму фарҳанг пурсамар истифода мекарданд. Аз ҳама муҳим он аст, ки халқи ориёӣ тавассути илму фарҳанг дар замири одамон арзиши волои инсонӣ — некиву накукориро парвариш, неруи тавонои инсониро ташаккул ва рушд дода, ӯро ба сӯи ҳақиқати Илоҳӣ ҳидоят мекарданд. Аз эҷодиёти гаронбаҳои мутафаккирони бузурги форс-тоҷик чунин бармеояд, ки ин омил дар  осори онҳо низ ҷойгоҳи хос дорад. Дар ин миён Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрав ва даҳҳо дигаронро метавон ном гирифт.

Ҳамин тавр, тоҷикон дар ҳама давру замон маҳз ба шарофати осори ниёгони хеш, ба василаи илмомӯзиву фарҳангдӯстӣ ва хирадмандиву заковатмандиашон ҳама гуна монеаҳои таърихро паси сар намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 23 апрели соли 2014 назди олимони кишвар вазифа гузошта, таъкид намуданд: «Ягона тақозои давлат аз олимону муҳаққиқон ин аст, ки илмро ҳамқадами замон созанд. Ба ибораи дигар, илм бояд ба халқ хизмат кунад ва ба пешрафти давлат мусоидат намояд».

Агар ба таърихи тӯлонии миллат ва халқиятҳо назар афканем, мебинем, ки ҳамон халқҳо ва миллатҳое бурд кардаанд, ки дониш ва таҷрибаи андӯхтаро дар ташаккул ва рушди давлати миллии худ пурсамар истифода бурда, онро аз нобасомониҳову фоҷиаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳифз кардаанд.

Барои пойдорӣ ва устувории Ваҳдати миллӣ дар кишварамон лозим меояд шахсиятҳоеро тарбия намоем, ки дорои тафаккури нав буда, худогоҳ, мустақил, масъулиятшинос, ватандӯст, эҷодкор ва бунёдкору созанда бошанд. Барои ин баланд бардоштани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия ва дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани насли наврас хеле муҳим аст.

Ваҳдати миллиро бояд ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Аз гузашта сабақ гирифта, тамоми илму дониш, ақлу хирад ва таҷрибаи зиндагии худро ба он равона созем, ки Ваҳдати миллӣ пойдору устувор монад.

Қудратулло АБДУРАҲИМОВ,

доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав