Ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаш сол пур шуд. Дар ин муддат сокинони кишвар туфайли ба ҳаёт татбиқ гардонидани нуктаву нишондодҳои ин қонуни ҳаётан муҳим, дар ҳалли бисёр мушкилоти дар маъракаҳои тӯйи домодиву арӯсӣ ва маросимҳои суру мотам мавҷуда, то андозае муваффақ гаштанд. Қабули қонуни мазкур, ки бо ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст, воқеан дар таърихи қонунгузории кишвар падидае бемислу монанд буд.
Дар вилояти Хатлон барои амалӣ намудани қонуни мазкур 26 комиссияи доимии вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва 154 комиссияи доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фаъолият мекунад. Барои дуруст ба роҳ мондани иҷрои талаботи он дар ташкилоту муассисаҳое, ки зиёда аз 30 нафар корманд доранд, сарфи назар аз шакли ташкилию моликияташон, 2483 комиссияи ҷамъиятӣ баҳри тарғибу ташвиқи ин қонун ва фаҳмонида додани талаботи он таъсис шудааст.
Дар вилоят рафти иҷрои ин қонуни зиндагисоз, таҳти назорати комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва бахшҳои дини мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қарор дошта, баҳри пурра амалӣ намудани талаботи он тадбирҳои ҳамешагӣ андешида мешавад.Боиси зикр аст, ки дар тӯли фаъолити қонун дар ҳудуди вилоят 29 723 маъракаи хатнасури хайриявӣ ва 1703 ҷуфт тӯйи домодию арӯсии хайриявӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақамҳо гувоҳи онанд, ки амалишавии қонун ба афзоиши маъракаҳо, бахусус тӯйҳои хайриявӣ, мусоидат намуда, ба эҳёи маъракаҳои дастаҷамъонаи аҷдодӣ барои камбизоатон замина гузошт.
Давоми соли гузашта ва панҷ моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳру навоҳии вилоят 74 914 маъракаи гуногун ба қайд гирифта шудааст, ки хароҷоти умумии онҳо 165 миллиону 311 ҳазор сомониро ташкил менамояд. Рақами мазкур ба ҳар як маърака ба ҳисоби миёна ба 2266 сомонӣ рост меояд, ки ин нишондод то қабули қонун 8750 сомониро дар бар мегирифт.
Қабули қонун аз ҷониби дигар ба кам гардидани забҳи чорво мусоидат намуд. Аз таҳлилҳои комиссияҳои доимии шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеояд, ки дар баргузории 74914 маъракаи ба қайдгирифта 6508 сар чорвои калон ва 49 057 сар чорвои хурд забҳ шудааст. Ин рақамҳо то қабули қонун 52084 ва 21973 сарро ташкил менамуд.
Зикр намудан бамаврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ, инчунин дар баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар мусоидат намуда, дар ҳалли як қатор мушкилоти иҷтимоии ҳазорҳо ҷавонон нақши бузург мебозад.
Мутаассифона, теъдоди онҳое, ки ҳоло дидаю дониста, талаботи қонунро вайрон мекунанд, низ кам нестанд. Ҳатто худи кормандони бахши дин ва танзим дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят дар кори назорат ва таъмини иҷрои қонуни мазкур саҳлангорӣ ва ба вайрон намудани талаботи он мусоидат мекунанд, ки боиси нигаронист. Дар давоми соли гузашта ва панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 175 ҳолати қонуншиканӣ сабт гардидааст, ки маблағи ҷаримаи он 1,4 миллион сомониро ташкил менамояд. Дар ин муддат дар ноҳияҳои Восеъ, Вахш, Шаҳритус, Норак, Данғара, Хуросон, Балҷувон, Ховалинг ва шаҳри Кӯлоб ягон ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст, ки чунин натиҷа, қабл аз ҳама, нишонаи каммасъулиятии сардорони бахшҳои дини шаҳру ноҳияҳои мазкур аст. Маҳз ҳамин гуна муносибатро дар иҷрои қонуни мазкур ба назар гирифта, чанде пеш мудирони бахшҳои дини шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ ва Данғара аз вазифаҳояшон сабукдӯш шуданд. Дар ин радиф нишондодҳои бахши дини ноҳияи Муъминобод хеле назаррас аст.
Таъкид бояд намуд, ки мақсади ин қонун ҷарима бастану ҷазо додан нест, балки ҳимояи манфиатҳои иқтисодии шаҳрвандон, баланд бардоштани маданияти баргузории маъракаҳо ва дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳимоя аз арзишҳои миллист.Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар таркиби маросиму анъанаҳои миллӣ, ҷузъҳои анъанаҳои бегонаро дидан мумкин аст, ки рафъи онҳо дар бисёр ҳолатҳо мушкилӣ пеш меорад.
Лозим ба ёдоварист, ки эътибори мардум ба ходимони дин назаррас аст. Аз ин рӯ, танзими маросимҳои дафну азодорӣ аз ин гурӯҳ вобастагии зиёд дорад. Боиси таассуф аст, ки қисмате аз онҳо ба баъзе бидъатҳои маросимӣ, бо сабабҳои номаълум, дар мисоли хайрот, асоси шаръӣ дода, ҳам ба шариати исломӣ ва ҳам ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иснод меоранд. Масалан, бандҳои 2, 3 ва 4 моддаи 11-и қонунро вайрон карда, маросими «себегоҳа» ё «бегоҳи се» ва «ҳафт»-ро якҷоя мегузаронанд. Баъзан «нимчамулло»-ҳо асос пеш меоранд, ки дар сурати дар маросими «ҳафт» таом пухтан ва онро ба ҳамсояҳо тақсим кардан, савобаш бештар ба маит мерасад. Ё ба ҳамин монанд се -чор нафар дар маросимҳои дафн рӯйи кати хонаи маит нишаста, пул ҷамъ меоранд.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам дар маросими чил ва сол теъдоди иштирокчиён ва номгӯйи таомҳо ба эътибор гирифта намешавад. Ҳол он ки ҳидояти онҳо дар кори камхарҷу сабук гузаронидани маросимҳои динӣ бештар аз пештар зарур аст ва дар баробари ин вазифаи бевоситаи онҳост. Дар Қуръони Карим (ояти 27-и сураи Исро) омадааст: «Ҳамоно исрофкорон бародарони шайтонҳо ҳастанд ва шайтон нисбати Парвардигораш носипос буд».
Боиси хушнудист, ки баъди рӯйи кор омадани ин қонун зиндагӣ воқеан ҳам ранги дигар гирифт. Дар ҷомеа падидаҳои ҷолибе ба вуқуъ пайваст, ки яке аз онҳо ин ба ҳукми одат даромадани хайру саховатмандист. Акнун дар ибтидои ҳар ид аз ҷониби ашхоси сарватманду саховатпеша гузаронидани хатнасури фарзандони оилаҳои камбизоат, ёрӣ расонидан ба мактаб-интернатҳои ятиму бепарастор ва баргузор кардани тӯйҳои домодию арӯсии хайриявӣ анъанаи неки ҳамарӯза гаштааст.
Ҳоло мебинем, ки аз натиҷаҳои тӯли шаш сол тавассути ин қонун соҳибшудаи сокинони кишвар бадхоҳони миллат, ба амсоли Додоҷон Атовуллоев, дар изтиробу таҳлука афтодаанд. Чун савдоӣ бар хилофи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи К+ сафсатахонӣ ва бо мақсади ғаразҳои беш аз бистсолаи хеш, бо «дилсӯзӣ» аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гаштаю баргашта ёд мекунад. Бале, ин қонун, ки ба миллат манфиату самари беш овард, ташаббускори рӯйи амал оварданаш маҳз худи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд. Агар он шабакаи бадгӯ тӯли 24 соат он тӯйро пайи ҳам намоиш диҳад ҳам, ягон шаҳрванди асили кишвар онро қонуншиканӣ намеҳисобад. Дар ин маврид зикр карданием, ки қонуншиканӣ дар ин самт тамоман дигар аст ва мо намунаи онро се моҳ қабл тариқи Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон дар яке аз тарабхонахои бошукӯҳи минтақаи Кӯлоб, бидуни ҳама хотир, манзури тамошобинони кишвар намуда будем. Дар он рейди муштарак медидем, ки чӣ гуна як зани оддии колофурӯши бозори шаҳраки Восеъ хароҷоти масофаи роҳи дуҷонибаро, ки 50 километрро ташкил мекунад, сарфи назар карда, беш аз 200 нафарро дар тарабхонаи бузургу боҳашамати дар мувозинати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қарордошта зиёфати шоҳона медиҳад. Ин ҳолат аз як тараф боиси қаноатмандӣ ва нишонаи воқеии рушди зиндагии мардум аст, вале нодидагирии қонун амали хеле носавоб аст. Қонунеро, ки асоси пешравиҳои иқтисодию фарҳангии мардуми кишвар шудааст. Пас, чаро мо ин гуна қонуни созандаро, ки дар ҳалли садҳо мушкилотамон мусоидат мекунад, дастгирию эҳтиром насозем? Ин ҷо барои андеша як нуктаро таъкиду ёдовар шудан зарур аст, ки дар тамоми давру замон давлату миллатҳои пешрафта одату амалҳои исрофу зиёдаравиро маҳкум мекарданду мудом аз онҳо дурию канор меҷустанд. Ҳамин гуна одати некро дар фаъолияти роҳбарии хеш раиси вилоят Ғайбулло Авзалов ба худ касб кардаанд. Дар ҳамаи ҷамъомад ва вохӯриҳо раиси вилоят дар хусуси иҷрои ин қонун батафсил ва ҷиддӣ ҳарф задаю масъалагузорӣ мекунад. Бо иқдоми бевоситаи раиси вилоят борҳо рафти иҷрои ин қонуни ҳаётан муҳим дар Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Шариф АБДУЛҲАМИДОВ, сармутахассиси шуъба
оид ба корҳои дини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии вилояти Хатлон,
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»