Зиёиён –хазинаи тиллоии миллат

Ташаббуси ибратбахш

№38 (3184) 17.04.2014

Ду сол пеш дар деҳаи Кӯлчашмаи ноҳияи Муъминобод бинои хуштарҳи Хазинаи асрори маънии «Ғозиён» арзи ҳастӣ намуд.

Бисёриҳо дар андеша буданд, ки дар чунин мавзеи дурдаст ин кохи фарҳангӣ чӣ рисолатеро ба ҷо меоварда бошад. Воқеан, рӯзи кушодашавии он шахсиятҳои зиёди фарҳангию сиёсии ҷумҳурӣ, роҳбарони сатҳи вилоятиву ноҳиявӣ иштирок доштанд. Муассиси ин даргоҳи нав Рамазон Ғозиев ҳеҷ гоҳ тасодуфан ва ё бе нақшаву ҳадафи муайян ба коре даст намезанад, зеро ӯ бештар аз 45 соли умри пурбаракаташро сарфи рушду инкишофи илму маориф дар гӯшаҳои гуногуни кишвар намудааст. Чанд соли охир вазифаи мушовири ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба ҷо меорад ва дар ин муддат ба сатҳи донишу маърифати насли имрӯзаи ҷавонамон боз ҳам наздиктар шинос гардидааст.

-Чаро қисми ҷавонон ба илмомӯзӣ чандон майл надоранд? — савол мекунам аз ӯ.

-Донишқимобии насли ҷавони мо аз оила сарчашма мегирад, -мегӯяд Р.Ғозиев.-Мардуми мо аз субҳ то шом барои дарёфти қути лоямути аҳли хонадонашон заҳмат мекашанд. Мутаассифона, бисёр кам касоне ёфт мешаванд, ки аз рушди маънавии фарзандони хеш биандешанд. Тасаввур намоед, ки агар дар хона як китоб набошад ва худи падару модар 7-8 фарзандро ба воя расонида, солҳо рӯ ба китоб наоварда бошанд, аз фарзандони онҳо чӣ умедворӣ кардан мумкин аст? Ва оё дар чунин ҳолат фарзандон гунаҳгоранд? Не! Гунаҳгори асосӣ волидонеанд, ки барои тарбияи маънавии фарзандони худ шароит муҳайё накардаанд ва дар ин роҳ худ гоме набардоштаанд. Ана ҳамин ҳолати ногувор маро водор сохт, ки дар зодгоҳи хеш- деҳаи Кӯлчашма кохи маърифати Хазинаи асрори маънии «Ғозиён»-ро сохта, ба истифодаи мардум супорам. Ҳадаф аз ин иқдом ба ҷуз ҷалби мардуми одӣ ба китобу китобхонӣ дигар чизе нест.

Рӯзҳои аввал Хазинаи асрори маънӣ ҳамагӣ 300 адад китобро дар бар мегирифт, вале бо гузашти солҳо шумораи  китобҳо ба 6 000 расид. Дар ин ҷода ба Р.Ғозиев шиносу наздикон ва шогирдон мададгор гаштанд. Ҳар кадом ба қадри имкон барои зиёд намудани фонди ин  махзани дониш саҳм гузоштанд. Танҳо давоми соли гузашта дар заминаи Хазинаи асрори маънӣ бо иштироки шахсиятҳои маъруфи фарҳангии ҷумҳурӣ, ба мисли академик Мӯсо Диноршоев, шоирон Саидалии Саид, Давлати Раҳмониён, муаррих Ҷонибеки Асрориён, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир,олими тиб Ш. Почоҷонова; собиқадорони хизмати давлатӣ А .Қаҳҳоров, Н. Абдулваҳҳобов; Н. Элиев, М. Баротов ва ғайра якчанд конфронсу вохӯриҳо бо хонандагон баргузор шуд. Ҳадафи ин вохӯриҳо ҷалби бештари мардуми одӣ ба китобу китобхонӣ буд. Маъракаҳои маърифатӣ-фарҳангӣ бо кумаку ҷонибдории дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод баргузор мегарданд. Ин тадбирҳо натиҷаи хуб доданд. Агар дар рӯзҳои аввали таъсисёбӣ шумораи хонандагони ин даргоҳ ҳамагӣ 10-15 нафарро ташкил медод, пас имрӯз ин рақам ба 670 нафар расидааст. Аз ҳама муҳимаш мақсади ниҳоӣ ба даст омад: имрӯз дар деҳаи Кӯлчашма ва деҳоти атрофи он дар ҳар хонадон , дар таълимгоҳҳо, дар масҷид, дар маъракаҳои маҳаллаҳо аз хусуси китобу китобхонӣ ва роҳҳои ҷалби ҷавонон ба маърифатгоҳҳо ҳарф мезананд.

Соли гузашта Рамазон Ғозиев ва ҳаммаслаконаш барои ҷалби бештари мардум ба ин даргоҳи маърифат якчанд тадбири муҳимро пиёда намуданд. Махсусан гузаронидани ду озмун дар байни хонандагон ба афзоиши сафи дӯстдорони китоб сабаб гардид. Озмуни аввал дар байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барпо карда шуд, ки дар он бештар аз 300 нафар хонандагони макотиби миёна ширкат варзиданд. Дар ҷамъбаст адади китобҳои хондашудаи хонандагон, муҳтавои матолиби азбарнамудаи онҳо ва саҳми хонанда дар ҷалби бештари мардум ба Хазинаи асрори маънӣ ба эътибор гирифта мешуд. Аз рӯйи ҳамин се нишондиҳанда хонандагони фаъол Ҳуснияи Файзалӣ, Раббонӣ Ризо ва Ҳалима Шарифова ҷойҳои аввалро ишғол намуда, бо туҳфаҳо ҳавасманд гардонида шуданд.

Озмуни шавқовар байни соҳибхоназанҳо низ гузаронида шуд, ки дар он 74 нафар модарон ширкат варзиданд. Барои ҷалби бештари модарон Сарварбӣ Ғозиева хизмати шоиста анҷом дод. Ӯ тавонист ба занҳои хонанишин фаҳмонад, ки модари ҳақиқӣ барои тарбияи дурусти фарзандонаш бояд ҳар рӯз ақаллан 2-3 соат вақти худро ба мутолиаи китоб сарф намояд, зеро ин иқдом фарзандонро водор месозад, ки аз пайи модар раванд ва кӯлвори маънавии худро тавассути омӯзиши пайваста ғанӣ созанд.

Озмуни беҳтарин хонандагон аз ҳисоби соҳибхоназанҳо нишон дод, ки Шаҳзода Гадоева, Раҷамо Фархова ва Майрамбӣ Амирова давоми соли гузашта аз ҳама бештар китоб мутолиа намуда, илова бар ин фарзандони худро ба ин амали наку ҳидоят кардаанд. Ба ғолибони озмун Шаҳзода Гадоева, Раҷамо Фархова ва Майрамбӣ Амирова туҳфаҳо тақдим шуд. Илова бар ин, 50 нафар соҳибхоназанҳо — хонандагони фаъол бо туҳфаҳои ҳавасмандкунӣ сарфароз гардонида шуданд.

- Кош, ин тадбире, ки ҳамдиёри мо Рамазон Ғозиев пеш гирифтаанд, дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ҳаводорони худро пайдо кунад. Он вақт, бешубҳа, бо чашми худ медидем, ки чӣ тавр ҷавонон, умуман кулли мардуми одӣ, ки аксари вақти худро беҳуда мегузаронанд, бо шавқу завқ рӯ ба китобу маърифат меоранд, — мегӯяд яке аз хонандагони фаъоли китобхона Абдураҳимова Гаҳварбии 73 –сола.

-Мо мақсад дорем, ки дар назди Хазинаи асрори маънӣ маркази омӯзиши забонҳои хориҷиро таъсис диҳем. Аллакай сарпараст ва мутахассисони забондон пайдо гаштаанд ва боварӣ ҳаст, ки ин нақшаи нав ҳам роҳандозӣ мегардад, — мегӯяд муассиси Хазинаи асрори маънӣ «Ғозиён» Рамазон Ғозиев.

Бале, дар як гӯшаи дурдасти кӯҳистон ин марди фарҳангсолор шамъеро фурӯзон кард, ки  нуру зиёи он имрӯз ба даҳҳо хонадон гармӣ ва равшанӣ мебахшад.

Маҳмадназар   Мазиёев, узви  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон