Туҳмат заифияти шахс аст. Додоҷони Атовулло мегӯяд: «дар бист сол дар Тоҷикистон ҳеҷ пешравӣ нест ва ҳар чизе сохтаанд (роҳу нақбу иншоотҳои гуногунро дар назар дорад!) бо қарз сохтаанд ва ин қарз ба души фарзандони мо меафтад». Наход бо қарз бунёд кардан, пояи иқтисодиётро устувор кардан, дар ҷойи холӣ хиште гузоштан ва идомаи онро ба масъулияти ворисони оянда вогузоштан шуморо хашмгин карда бошад. Фаразан, ин амалҳо намебуданд ва Тоҷикистон дар бунбасти робитавӣ қарор медошт, шумо имрӯз маҳшар барпо мекардед, ки дар замони муосири муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ аз хазинаи бонкҳои башарӣ истифода накардем. Тоҷикистонро намешиносанд, имиҷ надоранд, ба ин кишвар қарз намедиҳанд, ба вазъи ороми ҷумҳурӣ боварӣ надоранд, ба раҳбарияти мамлакат эътимод намекунанд ва садҳо таънаву маломат мерехтед. Қарз хостан аз бонкҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ин раванди ҷаҳонии давлатдорист. Магар Амрикову Россия, ки дар гуфтаҳоятон «боэҳтиром» аз онҳо ном мебаред, қарз намегиранд, қарздор нестанд? Медонеду санги фалахмонатонро боз ҳам ҳаво медиҳед, бехабар аз он ки заррае асар надорад. Шумо дидан намехоҳед, зеро аз нур меҳаросед, аз ҳақиқат мегурезед ва куҷое андаке торикию каҷиро дидед, он ҷо сар мехалонед ва чунон думбраи ҳофизиатонро ҷур мекунеду нохун мезанед ва бо сабки хеш мехонед, ки фармоишгарони мусиқӣ ба ваҷд меоянд, аммо соҳибақлон сари мӯе намеҷунбанд, таҳаммул мекунанд ва ҳаволаатонро ба Худо мекунанд.
Шумо ба мардуми Тоҷикистон санги маломат мезанед, ки таҳаммулпазиранд. Магар фаромӯш кардаед, ки ин миллатро бо ин рукни арзишмандтарини динию дунявӣ мешиносанду эҳтиром мекунанд. Сабурӣ ва таҳаммулпазирии миллати тоҷик бо роҳи эволютсионӣ рушд кардани кишвар ба суди имрӯзу ояндагони ҷомеаи мост. «Муқовимат ва инқилоб» — хостаҳои шумо ба нафъи ақоиди террористонаи шумост ва нобудии миллати тоҷик ва шикасти ормонҳои давлатдории тоҷикон ва насли ояндаи ин сарзамин аст.
Шумо «айбу гуноҳҳо» -ро рӯйхат кардаед ва тӯтивор дарҳам барҳам такрор мегӯед ва ҳатто боре як пешниҳод намекунед, зеро намедонед чӣ бояд гуфт. Фақат дӯст медоред, ҳар киро шумо намехоҳед, истеъфо равад! Не, дунё бесоҳиб нест. Тоҷикистон соҳиб дорад. Мардуми Тоҷикистон дигар ҳеҷ гоҳ ба «майдонҳои ту мехостагӣ» намебарояд. Аз ҷавонон умедатонро канед. Онҳо ба итоати падаронанд. Падароне, ки ҳар субҳу шом, сари хон аз касофати ҷанги бародаркушу захмҳои сӯзони он ҳарф мезананд ва ба қадри беҳтарин неъмати дунёӣ – оромии кишвар расиданро ҳидоят месозанд.
Баҳои туро, қадру қимати туро рӯзноманигори варзида, шодравон Муродалӣ Шерализода қабл аз ин амалҳои муғризонаат хеле барвақт дода, туро ҳамчун шахси дурӯя, фитнаангез, ватанфурӯш ба мардум шиносонида буд ва ин хислатҳои ақрабмонанд аз ту боз падидор гашт.
Мардуми Тоҷикистон роҳи имрӯзу ояндаи худро аллакай интихоб кардааст. Қадам ба қадам пеш меравад. Инқилоби мо созандагию бунёдкориҳост!
М.Маҳмадиев, Қ.Ситамов, М.Гулов, М.Шарифзода,
С.Раҷабов, Р.Тоҳиров, Н.Сафарзода, Ҳ.Саидов, сокинони ноҳияи Восеъ