Хабарнигори рӯзнома дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо чанд нафар намояндагони касбу кори гуногуни минтақаи Кӯлоб ҳамсуҳбат шуда, хотираҳову андешаҳои онҳоро дар хусуси рӯзҳои шуму наҳси соли 1992, роҳҳои расидан ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва самараи он манзури хонандагони рӯзнома намудааст.
-Шариф Абдулҳамидов — сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб:
— Ваҳдат, ки акнун Ваҳдати миллиаш мегӯем, дар навбати аввал ба миллати ранҷкашидаи мо умри дубора ато намуд. Шахсан худ намояндаи насле ҳастам, ки дар замони даргириҳо марди баркамол ва дар мактаби он замон миёнаи №55-и ноҳияи Восеъ сарвар шуда кор мекардам. Худ шоҳиди воқеии аввалин даргирии мусаллаҳона будам. Ёд дорам, тахмин баъди нисфирӯзии аввалҳои моҳи июни соли 1992 буд. Дар мактаб ба коре андармон будам, ки якбора садои пайвастаи тирпарронӣ хотирамро парешон кард. Баъди лаҳзае зане, ки дар паҳлуи мактаб мезист, ҳашшасзанон омада, гуфт: -Муаллим, мегӯянд, ки дар болои мазор байни бачаҳои Исматча ва Талабкузнетс ҷанг сар шудааст. Ҳозир як бачаи ба хун оғуштаи яроқдор илтимосам кард, ки дар каҳдон пинҳонаш кунам. Пинҳонаш кардам, вале хунаш рехта-рехта боз аз каҳдон баромаду ҷониби пахтазор рафт…
Макони он даргирии аввалин аз мактаб ҳамагӣ дар дурии 600-700 метр қарор дошт ва субҳи фардо маълум гашт, ки аз гурӯҳи Исматча чанд нафаре дар канори пахтазори деҳа ҳалок шудаанд. Он вақт ҳисси хунташнагӣ ба сатҳе боло гирифта буд, ки гурӯҳи мухолифи мусаллаҳ намегузошт ҷониби дигар ҳалокшудагони рӯйи хоку зери офтоб хуфтаи хешро гирифта, бо расму русуми аҷдодӣ ба хок супоранд.
Ана ҳамон вақт мо хуб эҳсос карда будем, ки ин ҷанг барои миллати мо фармоишию таҳмилӣ аст. Агар чунин намебуд, пас он вақт яроқбадасти шинохтаю фаъол- Сергейи рус аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳи як қисмати Кӯлоб ва аз ҷониби дигари он, яъне тарафдорони Ҳоҷӣ Акбар, ки бо ҳам бори нахуст назди мазори деҳаи Навободи мо даргир шуданд, чӣ кор мекард? Он рӯзи шум ҳеҷ аз хотирам намеравад, зеро ҳамон даргирии мусаллаҳона ба парокандагию нобоварии ҳамдигар ибтидо гузошт. Шурӯи ҷанги бародаркуш мардумро овораю ғариб кард. Дар он замони пурэҳсос мардумро ба сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват кардан кори саҳл набуд, чунки ҷонибҳои даргиру мухолиф, зери таъсиру раҳнамоии душманони миллат, ин гуна мавқеъгириро дигаргуна баҳо медоданд.
Ба наздикӣ мо бо ҳамкасбони хатлонии хеш ба водии Рашт сафари хизматӣ доштем ва зимни бозгашт аз ноҳияи Ҷиргатол, назди масҷиди навсохти боҳашамате таваққуф намуда, бо чанд тан аз бошандагон суҳбати кӯтоҳи сарироҳӣ оростем. Яке аз ҳамсафаронамон аз рӯйи таваҷҷуҳ аз як марди маҳаллӣ, ки ӯ худро муаллим муаррифӣ кард, бунёдгузори он масҷиди хуштарҳу зеборо пурсон шуд.
Ҳамсуҳбатамон дар посух арз дошт, ки ташаббускори бунёди ин масҷид домулло Ҳикматулло аст.
-Шумо ҳамон домулло Ҳикматуллои тоҷикободиро, ки дар замони ҷанги бародаркуш мардуми водиро ба сулҳу ваҳдат даъват мекард, дар назар доред?- ба ҷойи ҳамсафари кунҷкоби хеш пурсидам аз муаллим.
Муаллим баъди тасдиқи суоли ман аз сифатҳои олии домуллои ҳамдеҳаи худ қисса карданд. Ҳамсафари мо бошад, ба атроф маънидорона нигариста, афзуд: -Воқеан ҳам домуллои шумо марди бузург будаанд.
Ин дам ҳамсафару ҳамкасби шӯроободиамон Искандар Сунатуллоев расида омаданд. Ӯ расидан замон оғӯш кушода, ҳамсуҳбати моро ба канор гирифта, гуфтанд: -Акаи Шариф, ин кас ҳамкурси ман аст, панҷ сол бо ин бародари тоҷикободӣ дар як хона иқомат доштем. Имрӯз аз сари субҳ роҳи маро мепояд…
Ин як лаҳзаи одии сафари мо буд. Мо — намояндагони вилояти Хатлон аз зиндагии орому хуб ва истиқболи гарму меҳмоннавозиҳои хоссаи сокинони водӣ, ки бо шарофати Сулҳу Ваҳдат боз ба худ рангу нумӯи тоза гирифтааст, хеле шоду мамнун гаштем. Дар ин сафар мо -мутахассисони соҳа дар самти фаъолияти худ чандин амали неки сокинони водиро мушоҳида кардем, ки воқеан ҳам боиси аҳсану дастгирист. Масалан, мо дар ягон қисмати ин водӣ зан ва ё духтари сатрпӯшеро надидем. Толибаҳо ҳама дар бар сару либоси махсуси мактабӣ доштанд, ки дар корхонаҳои хурди дӯзандагии шаҳраку деҳаҳои худ ба тарзи миллӣ дӯхта шудаанд. Дар саҳну деворҳои аксари масҷидҳои ноҳияи Рашт мушоҳида намудем, ки варақаҳои пешрафти кори хонандагони мактаби деҳа барои хулосабарории падарони намозгузор овезон карда шудааст. Гумон мекунам, ки чунин муносибат ва амалҳои нек умри Ваҳдати моро тӯлонию ҷовидона мегардонад.
-Акбар Муслимов- собиқадори матбуот, муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Гулистон»-и ноҳияи Фархор:
-Сокинони минтақаи Кӯлоб аз ибтидои кашмакашиҳои бемаънии соли 1992, ки дар пайи худ талафоти зиёди ҷонию хисороти молӣ дошт, боз тӯли 4-5 соли оянда ҳам ранҷу машаққат кашиданд. Минтақа муддати тӯлонӣ дар муҳосираи шадиди иқтисодӣ қарор дошт. Мардум аз таҳдид ва таъсири гуруснагӣ ҳатто тухми ҷорӯб ва кунҷораро низ истеъмол мекарданд. Ин ҳолати мудҳиш нисбат ба дигар навоҳии минтақаи Кӯлоб, бештар дар ноҳияи мо ҳис карда мешуд. Агар дар хотир дошта бошед, он вақт як қисмати сокинони ноҳия аз истифодаи гандуми заҳрогин мубталои беморӣ шуда, қисмати зиёдашон фавтида буданд. Ҳоло ҳам чанд нафаре аз онҳо аз таъсири ҳамон беморӣ ранҷ мекашанд.
Тавассути телевизион медидем, ки ҳамватанони мо дар он тарафи дарёи Панҷ, дар мулки бегона бо аҳли оилаи хеш сарсону саргардон, овораю ғариб ва дар банди мушкилотанд. Ҳоли ҳамватанони ғарибу фирориамонро дида, дилҳоямон реш мешуду мушкиламон ба гӯшаи фаромӯшӣ мерафт. Мо — рӯзноманигорон аз қабили нахустинҳо будем, ки бидуни ҳама гуна мушкилоту монеаҳои ҷойдоштаи вақт, яъне дар вазнинтарин рӯзҳои умри бародарони фирориамон наздашон рафта, дастгирию дилбардориашон кардем. Ин ҷо дар назар дорам фаъолияти журналисти телевизиони тоҷик Шералӣ Мустафоқуловро, ки мавсуф зода ва дастпарвари мактаби қаламкашони Фархори бостонӣ аст. Ш. Мустафоқулов дар ёддоштҳояш менависад, ки ҳамватанони гурезаамон дар он лаҳзаҳои ниҳоят ҳассос хешро маъюсу ноумед ва бемуттако ҳис карда, на ба мо бовар мекарданду на ба ҳукумати тозатаъсисёфта. Сад шукри Худо, ки дар чунин лаҳзаҳои парокандагӣ ва маъюсии миллат ба қавли шодравон Лоиқ «раҳми Парвардигори мо омад» ва дар симои Эмомалӣ Раҳмон меъмори Сулҳу Ваҳдатро ба мо расонд. Маҳз бо тантанаи Ваҳдат миллати мо умри дубора дид.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»