Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷамъомад барпо гардид. Дар назди ҳозирин раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов вобаста ба вазифаҳои дар Паёми навбатии худ ба миёнгузоштаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша намуд. Дар ҷамъомад вобаста ба ин ҳуҷҷати муҳим вазифаҳои масъулини ташкилоту муассиса, созмонҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот муайян гардиданд. Иштирокдорони ҷамъомад зикр намуданд, ки барои татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тамоми тадбирҳоро меандешанд.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»